Наврӯзи шодию шукуфтан

№36 (4776) 20.03.2024

1666121420_56-mykaleidoscope-ru-p-salat-navruz-krasivo-61Зиндагӣ маҷмӯаи шодиҳою дардҳост, аммо он зеботару ширинтар мешавад, агар ҳар рӯз, ҳар моҳ, ҳар сол, балки ҳар лаҳза худро эҳё кунӣ, хорҳоро аз пайкари дили хеш бикашӣ, ангалҳоро дар вуҷудат бишносӣ ва онҳоро ба дур андозӣ, хештанро пок созӣ ва мисли баҳоре шукуфо гардӣ. Ҳамон тавре ки Нав­рӯз меояд, хокро зинда месозад, намоишгоҳе аз гулҳои рангоранг, сабзазори тозаю хуррам, боғсори шодобу пурнакҳат меорояд. Одамизод низ бояд ба наврӯзи хеш расад ва намоишгоҳи зебоиҳояшро ба тамошо биншинад.

Замоне фаротар аз таърих шоҳаншоҳ Ҷамшеди Каёнӣ ба огаҳӣ расид ва мардуми кишварашро ба шинохти худу муҳит раҳнамун сохт. Дониш падид омад ва муъҷиза рух дод. Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш менависад, ки чун озодзодагон ба дониш расиданд, «бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад. Яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта бувад, бадин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард».

Ниёкони мо дар он даврони куҳан, ки устурааш меномем, бо доноӣ зиндагиашонро ба сӯи зебоӣ ва хубиҳо бурданд ва донистанд, ки Наврӯз дар табиат ва дар тинати инсон шукуфоӣ меорад ва шодиро тавлид мекунад. Рӯдакӣ ҳам ба мо панд медиҳад:

Шод зӣ бо сияҳчашмон шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаю бод…

Боду абр аст ин ҷаҳони фусус,

Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод.

Наврӯз барои ниёкони мо мисли таваллуди дигар будааст. Таваллуде пур аз кушоиш. Ҳамон гуна, ки табиат дар ин айём худро аз нав месозад, пешиниён низ худрою зиндагиашонро пайваста рушд бахшидаанд. Ба иқтибоси зер аз «Наврӯзнома»-и Умари Хайём таваҷҷуҳ зоҳир кунед: «Ҷамшед девонро мутеи худ гардонид. Бифармуд, гармоба сохтанд, дебо бофтанд. Ҷавоҳир аз маодин берун овард, силоҳҳо, пирояҳоро сохт. Зар, нуқра, мис, арзиз ва сурб аз конҳо берун овард. Тахту тоҷ ва ёраю тавқу ангуштарин ӯ сохт. Мушк, анбар, кофур, заъфарон, уд ба даст овард ва Наврӯзро ҷашн гирифт».

Ҷамшед девонро мутеи худ гардонд, яъне ҷаҳолат, торикӣ, бехабариро барҳам зад, дониш ва огаҳиро ҷонишини ҷаҳл гардонд. Ин боис гашт, ки зару нуқра, арзизу сурбро истихроҷ кунад, ба мушку анбару кофур даст ёбад. Ба зиндагӣ таҷаллӣ ва шукӯҳи нав орад. Тафаккури раияташро дигар бисозад, мамлакатро обод бинмояд, яъне ба Наврӯз бирасад. Умари Хайём таъкид мекунад, ки «одамиён ба ақлу таҷриба рӯзгор ба-дин ҷо расонидаанд, ки мебинӣ».

Ақл ва таҷриба ду абзоре ҳастанд, ки башариятро комил гардонидаанд.

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Шоҳони Каён ҳамеша мекӯшиданд, ки худро ва сокинони мамлакаташонро ба хуррамӣ расонанд. Дар шодию рифоҳ зиндагӣ карданро ҳақиқати ҳаёт медонистанд. Аз ин ҷо буд, ки ҳар дастовардеро, ҳар навгониеро ҷашн мегирифтанд, базм меоростанд. Ҳар моҳе барояшон азамате, ҳикмате, тақаддусе дошт, ки аз онҳо ба хубӣ истифода менамуданд.

Ниёконамон солро ба дувоздаҳ моҳ тақсим карданд ва ҳар моҳеро номе гузош­танд: Фарвардинмоҳ, Урдубиҳиштмоҳ, Хурдодмоҳ, Тирмоҳ, Мурдодмоҳ, Шаҳривармоҳ, Меҳрмоҳ, Обонмоҳ, Озармоҳ, Даймоҳ, Баҳманмоҳ, Исфандормазмоҳ. Онҳо ҳар моҳеро мансуб ба фариштае карданд, ки он моҳро ба покию шодӣ нигаҳбон бошад.

Наврӯз инқилобе дар мо — инсонҳост. Инқилобе аз хираду дониш ва таҷрибаи рӯзгор. Ҳамин инқилоби наврӯзӣ боис шуд, ки аҷдодонамон гардиши паргории оламро бишносанд ва бурҷҳоеро дар осмон мушоҳида намоянд ва аз ҳар бурҷе садои ишқу шодӣ, сулҳу осоишро бишнаванд ва аз онҳо дар роҳи камоли хеш истифода баранд.

Умари Хайём ба шоҳони турктаборе, ки дар замони ӯ ҳукумат доштанд, оини шоҳони Каёниро тавсия дода, дар «Наврӯзнома»-аш менависад: «Бар подшоҳон воҷиб аст оину расми мулук бар ҷой овардан аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърихро ва хуррамӣ кардан ба аввали сол». Чаро Хайём оину расми мулуки Каёниро воҷиб медонад. Барои он ки: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд».

Мақсад аз таҷлили ҷашни Наврӯз ва идҳои дигар шод зистан аст. Шодӣ нур аст, ки торикиро барҳам мезанад, сулҳ табассуми ширини хуршед аст, ки ҷангро аз байн мебарад. Пас, Наврӯз ба мо таълим медиҳад, ки мисли гул, мисли дарахт худро бо атрҳо шодоб созем. Бад нагӯем, бад наяндешем. Покию озодагиро пешаи худ созем, то ба Наврӯзи худ бирасем ва тамоми сол Наврӯз дошта бошем.

Як хато, қадаме ба сӯи нопокӣ, бадандешӣ оқибати сахте дар пай дорад. Ҷамшед ҳам баъд аз чаҳорсад соли подшоҳӣ фиреби шайтонро хӯрд, ба доми ҷаҳолат афтод. Хайём мегӯяд: «Дев ба ӯ раҳ ёфт ва дунё ба дили ӯ ширин гардонид… Манӣ дар хештан овард. Бузургманишӣ ва бедодгарӣ пеша кард». Ин чиз боис гашт, ки Заҳҳок бар ӯ ғалаба кунад ва нурро аз байн барад.

Заҳҳок тимсоли ҷаҳолат аст, ҷаҳле, ки инсонро аз байн мебарад, душмани шодӣ ва шукуфоӣ аст. Ин ҷаҳл, ин торикӣ ҳазор сол идома дошт, то Фаридуни фаррухпай омад ва дубора нуру Наврӯзро овард.

Имрӯзи оини шод зистан, пок будан, нек андешидан, ба сӯи хубиҳо ҳаракат кардан дар Тоҷикистон, дар набзи мардуми тоҷик зинда аст. Имрӯз Наврӯзи мо аз дили мо, аз мағзи мо, аз ҷони мо оғоз мешавад. Пас, нагузорем, ки дев ба мо ёр гардад, ҷаҳолат моро ба дом андозад, бадандешӣ чароғи ҳастиямонро хомӯш созад.

Хаста бод он дилею он ҷигаре,

Ки ба шодии ту набошад шод.

Дер зӣ в-он ки иззи ту талабад,

Ҳамчу ту шод боду дер зияд.

ВОРИС,

«Садои мардум»