Фарзонафарзандони миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳама давру замон ба ҷаҳониён дастовардҳои илмию фарҳангиро чун армуғон пешкаш намудаанд. Соҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки ба он гузаштагони мо таваҷҷуҳ зоҳир накарда бошанд.
Яке аз бузургтарин дастоварди тоҷикон, қариб шаш ҳазор сол пеш, аз тарафи шоҳ Ҷамшед асос гузоштан ба ҷашни Наврӯзи хуҷастапай мебошад. Ҷашни Наврӯзро дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Туркия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Хитой ва ғайра таҷлил мекунанд. Вожаи «Наврӯз» — ро бо андаке дигаргунӣ халқҳои гуногуни дунё истифода менамоянд, ки аз лиҳози гӯйиш чандон фарқ намекунанд.
Бузургии Иди Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки сарҳад надорад. Ҳадаф аз таъсиси ин ҷашни бузург расидан ба қадри ҳар нафаси ҳаёт, баҳра бурдан аз неъматҳои моддии дунё, ободу зебо нигоҳ доштани замини муқаддас, таҳкими дӯстию рафоқат, тинати софу беолоиш доштан, даст кашидан аз зӯроварию ҷангу хунрезиҳои бемаънӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар аксари мамолик ин ид бо номи аслии тоҷикиаш пазируфтаву ҷашн гирифта мешавад.
Наврӯз аз табиати мардуми ориёинажод об мехӯрад. Дар гузашта ғосибони асосан кӯчию биёбоннишини юнону араб, муғулу манғит бо мақсади тороҷу ғасб намудан ва барҳам задани илму фарҳанги он замон хеле пешрафтаи мардуми форсу тоҷик лашкаркашиҳои зиёде карда, то андозае ба мақсади нопоки хеш расиданд. Дар қатори дигар дастовардҳои мо, аҷнабиён барои аз байн бурдани ҷашни Наврӯз ҳам кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, вале, хушбахтона, бенатиҷа буд. Чунончӣ, арабҳои истилогар ҷашнгирии ин иди барояшон бегонаро манъ карда буданд. Дар тӯли ҳазор соли аз давлатдорӣ маҳрум мондани тоҷикон низ Наврӯзи ба одаму олам ҳеҷ зиёне надошта ба муқовимату фишорҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Дар замони шӯравӣ ҳам Наврӯз мақоми худро аз даст дод ва ҷойи онро иду ҷашнҳои созгори сиёсати он давр ишғол карда буданд. Ягона пуштибону наҷотбахшандаву нигоҳдорандаи ин ҷашни пок аз олоишҳои сиёсию динӣ, иди баҳор, зебоии табиат – мардуми одӣ буд, ки бо вуҷуди маҳдудияту фишорҳои зиёд онро ҳар сол дар доираи маҳдуд ҷашн мегирифтанд ва намегузоштанд, ки ба нобудӣ равад.
Хушбахтона, бо даст ёфтан ба Истиқлолияти давлатӣ, бо талошу кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон СММ аз соли 2010 Наврӯзро Ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.
Ин иттифоқи рамзӣ аст: замоне буд, ки шоҳ Ҷамшед ба ҷашни Наврӯз асос гузошт ва замоне фаро расид, ки он аз тарафи Роҳбари давлати навини тоҷикон эҳё шуд.
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»