Таассурот

Нигине сабзгун ё эъҷози кӯҳистон

№128 (4868) 28.10.2024

1646350935_17-sportishka-com-p-iskandarkul-tadzhikistana-turizm-krasivo-f-18Кӯҳҳо ҷозиба доранд, моро маҷзуби хеш месозанд. Кӯҳҳо нафас мекашанд, зиндаанд, дар синаҳояшон ганҷҳое пинҳон аст. Кӯҳҳо хомӯшанд ва бо сукути хеш ишқ меварзанд. Ҷангалҳо аз ишқи кӯҳҳо мерӯянд, рӯдҳо аз дили кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд, парандагон муҳаббати кӯҳҳоро месароянд, бодҳо саргузашти хешро ба гӯши кӯҳҳо қисса мекунанд…

Мошини мо лаб-лаби рӯди масту бозингари Искандаркӯл ба боло ҳаракат мекунад. Дар ду ҷониби рӯд кӯҳҳо каҷпаҳлу зада, пинак рафтаанд. Дар осмон пораабри саргардоне оҳиста-оҳиста паҳну парешон мешавад. Духтараке рӯи санге нишаста, рози дилашро ба об мегӯяд. Писарбачае химчае дар даст паси бузҳои шӯху саркаш медавад. Мӯйсафеде ба кундаи дарахте такя зада, ғанаб кардааст.

- Ин деҳа Ҳайронбед ном дорад, — гуфт Шарифҷон Атобуллоев, ҳамкор ва роҳбалади мо. ­- Солҳои охир зиндагии мардум беҳтар гашт, онҳо бештар ба корҳои ободонӣ рӯ овардаанд. Роҳҳоро тахту ҳамвор месозанд, иншооти гуногуни ҷамъиятӣ бунёд менамоянд.

Мо гуфтаҳои Шарифҷонро бо чашмони худ мушоҳида менамоем. Мебинем, ки одамон барои худ хонаҳои замонавию дуқабата сохтаанд, шароити зиндагиашонро беҳтар кардаанд. Дар миёни деҳаҳои Ҳайронбеду Дижик сохтмони беморхонаи минтақавӣ бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

- Деҳаи он сӯи рӯд Махшевад аст, — суханашро идома дод Шарифҷон. — Зиёратгоҳи Хоҷа Исҳоқи Валӣ дар болои ҳамин деҳа ҷой дорад. Манзараҳояш зебою нотакроранд. Сайёҳону зоирон пайваста ба он ҷо меоянд.

- Ман ҳам ба Махшевад омада будам, — ба гап ҳамроҳ шуд Неъматуллои аксбардор. — Сахтию хатарнокии роҳеро, ки ба Хоҷа Исҳоқи Валӣ мебарад, пушти сар карда, Хоҷаро зиёрат кардаю акс бардоштам.

- Дар бораи Хоҷа Исҳоқи Валӣ нақлу ривояти мухталиф вуҷуд доранд, — афзуд Шарифҷон. ­­- Душманони ӯ ва ёронашро то Махшевад таъқиб мекунанд. Хоҷа Исҳоқ дар ниҳоят аз ҳол меравад, хатари кушта шудан ба ӯ таҳдид мекунад. Дар чунин вазъият ӯ ба даргоҳи Худо рӯ меораду мадад мехоҳад. Худованд садои ӯро мешунавад ва қувваи бузурге барояш ато мекунад. Хоҷа Исҳоқ сарвари лашкари душманро бардошта, ба кӯҳи сангии рӯ ба рӯ мезанад, ки дар он нақш мебандад.

Он кӯҳи сангӣ Нақши бад ном дорад. Ҳар касе, ки ба он ҷо меравад, аввал Нақши бадро бо санг мезанад, сипас Хоҷаро зиёрат мекунад. Ба қавли мутаввалии он макони муқаддас маънии Махшевад нақши бад аст.

Ман аз ин сухани Шарифҷон тааҷҷуб кардам.

- Ба гумонам Махшевад бо нақши бад ҳеҷ иртиботе надорад, — гуфтам ба ӯ. — Этимологияи вожаи Махшевадро дидан лозим. Ин ҷо деҳаҳои Нарвад, Ревад низ ҳастанд, ки мисли Махшевад дар таркиби худ «вад» доранд. Ҷои таассуф аст, ки солҳои охир баъзеҳо донотарошӣ карда, номи мавзеъҳо, деҳаҳо, кӯҳу чашмаю рӯдҳоро ба таври худ шарҳ медиҳанд, аз онҳо маънои дилхоҳи худро пайдо кардан мехоҳанд. Мисли исми Махшевад, ки мехоҳанд онро ба хурофот рабт диҳанд. Ҳамчунин, Нарвадро Наврӯд ва Шоданро Шоҳдам мегӯянд. Гӯё Шодан ҷои дамгирии шоҳ будааст ва дар ин бора қиссае бофтаю ба ин исм часпондаанд. Чунин маъносозию хулосабарориҳо танҳо дар деҳоти дараи Искандаркӯл роиҷ нест, балки дар саросари ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Масалан, дар шаҳри Турсунзода деҳае ҳаст, ки Каронӣ ном дорад. Масъулон ин номро хато пиндошта, онро ба Канора иваз намудаанд. Ё дар Душанбе бозоре вуҷуд дошт бо номи «Балеҷувон», ки маънӣ ё асли Балҷувон ё Балхувонро ҳамин гуна фаҳмида, ин исмро гузошта буданд.

Аз рӯи инсоф нест, ки номҳои қадимиро бо хоҳиши дили худ иваз кунем. Фаромӯш набояд кард, ки номҳои қадимии маҳалҳо ба таърихи ин ё он мавзеъ рабт доранд ва иваз кардани онҳо маънии пок кардани ҳофизаи таърихро дорад.

Шарифҷон сухани маро тасдиқ карда афзуд, ки ҳар чизе гуфт дар пояи ривояти мардум аст ва дар ин хусус далелу таърихи дақиқе вуҷуд надорад. Аз ҷониби дигар этимология ва таърихи дараи Искандаркӯл, ки мавзеи хеле васеъ аст ва дар он деҳаҳои қадимии зиёде вуҷуд дорад, ба таври ҷиддӣ омӯхта нашудааст.

Неъматулло ба манзараҳои атроф бо чашми мушоҳида менигарист. Ҳар замон аз Шарифҷон хоҳиш мекард, ки мошинро нигоҳ дорад, то акс гирад. Нигоҳи зебоишиноси дӯсти аксбардорамон мафтуни ранг­омезиҳои кӯҳистон шуда буд.

Шарифҷон ҳам, ҳар куҷое ӯ мехост, мошинро нигоҳ медошт ва мо ҳам аз ҳавои рӯҳнавозу насими атрогин баҳравар мешудем.

Роҳе, ки ба пайкари кӯҳ печида буд, ниҳоят моро ба сарманзили мақсуд овард. Искандаркӯл чун нигини сабзгун, дар оғӯши кӯҳҳои сар ба фалак чеҳранамоӣ мекард. Устоди азал кӯлу кӯҳҳои атрофашро ба таври афсонавӣ наққошӣ сохтаю мисли як эъҷоз пеши назар ба ҷилва овардааст. Бо як нигоҳ мо ошиқи ин табиати ҳайратангез гаштем.

Дар Искандаркӯл бо одамоне вохӯрдем, ки барои фароғату тамошо омадаанд. Сайёҳони хориҷиеро дидем, ки бо ишқу алоқаи хос ба кишвари мо омадаанд, аммо дар ин мавзеъ дӯконеро надидем, ки армуғонеро ба фурӯш барораду сайёҳони дохилию хориҷӣ онро бо худ баранд.

Неъматулло армуғони бо худ овардаашро, ки бо аксҳои гуногуне аз манзараҳои Искандаркӯл зинат ёфта буд, ба фурӯшандаи мағозае нишон дод, аммо соҳиби дӯкон бо беэътиноӣ гуфт, ки ин хел чизҳои нодаркор ин ҷо харидоре надорад. Аз рӯи мушоҳидаҳои мо дар Искандаркӯл реклама аслан вуҷуд надорад ва касе ҳам дар фик­ри ин кор нест. Ҳамин тавр, сайёҳон аз ин ҷо фақат бо худ хотира мебаранд.

Дар қисмати ғарбии Искандаркӯл аз зери кӯҳи азиме панҷ чашма ҷӯшида мебарояд, ки бо номи «Панҷчашма» машҳур аст. Оби чашмаҳо шаффоф, сард ва ҷонбахшост. Ҳар касе як бор аз он об бинӯшад, лаззати онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Аз Искандаркӯл болотар кӯли Морон ҷой дорад, ки бо ҷангалистон ва табиати сабзу хуррам бинандаро мафтун месозад. Аз болотар рӯдаке пайкари сангии кӯҳро буридаю ғазалхонон ба поин ҷорӣ мешавад ва мисли дасти булӯрине бо муҳаббат чеҳраи Искандаркӯлро навозиш мекунад.

Мо ба фароғатгоҳе меравем, ки аз кундаи дарахте сари Искандари мақдуниро пайкаратароше зарандуд, вале хеле хашину берӯҳ офаридааст.

- Бовар надорам, ки пои Искандари истилогар ба ин ҷо расидааст, — мегӯям ба Шарифҷон.

- Ман ҳам бовар надорам, — табассуме даври лабони Шарифҷонро зеб медиҳад. — Таърихшиносону этимологҳо бояд ин масъаларо таҳқиқ намоянд.

- Агар Искандар ба ин ҷо меомад, занону кӯдакон бе ёрии сарбозон ӯро ҳамроҳи артишаш нобуд месохтанд.

- Ба кӯл нигаред, чизе дар он шино дорад! – садои пурҳаяҷони Неъматулло ба суҳбати мо хотима гузошт.

Воқеан, кӯлро шиновари ноаёне бурида ме­гузашт ва ҳар ҳаракати ӯ мавҷро ба ду тараф пош медод. Ҳарчанд диққат кардем, аммо чӣ ё кӣ будани он шиноварро мушаххас карда натавонис­тем. Ҳар чизе буд, худро аз об берун намеовард.

- Шояд, моҳии бузурге бошад? – гуфт Неъматулло.

- Искандаркӯл моҳӣ надорад, — ба гӯшамон даромад овози марде, ки мисли мо бо тааҷҷуб ин ҳодисаро тамошо дошт.

- Агар моҳӣ набошад, пас аспи обист, — нимшӯхию нимҷиддӣ ба гап даромад Шарифҷон. — Пешиниён бовар доштанд, ки кӯл аспи обӣ дорад. Шояд, ин ривоят афсона нею ҳақиқат аст.

- Афсонае вуҷуд надорад, — фикри якбора ба сарам омадаро иброз доштам. — Ҳар чизе, ки аз мағзи инсон мегузарад, айни ҳақиқат аст.

Дӯстонам андешаи маро на тасдиқ карданду на рад. Фақат насими сарде аз дили кӯл бархоста, ҷисми ҳар кадоми моро навозиш менамуду гӯё гуфтан мехост, ки бо андешаҳои мухталиф сари худро гиҷ насозед. Аз ҳавои пок нафас кашеду манзараҳои марғуби кӯлу кӯҳистонро тамошо карда лаззат баред.

Дар қисмати шимолу ғарби Искандаркӯл кӯҳи Ғанза шукӯҳу шаҳомати хос дошт. Вай то ба авҷи осмон қомат кашида, гӯиё дар миёни дигар кӯҳҳо худнамоӣ мекард. Қуллаи пурбарфашро абрҳо печида, ба назар мисли кабӯтарони сафеди бешумор мерасиданд, ки он ҷо лона гузошта буданд ва ҳар замон парзанон ба ҳар тараф парешон шудаю боз ба лонаи хеш баргашта, рақсу бозӣ менамуданд. Дил мехост мисли абрҳои кабӯтарӣ рӯи он қулла барояду кӯҳу шаҳру деҳотро бо чашмони масти ишқи Ватан тамошо бисозад.

- Ошиқи кӯҳи Ғанза шудед?! – ҳоли маро дида пурсид Шарифҷон.

- Хеле кӯҳи бошукӯҳ, ба муҷассамаи руҳи зиндагӣ монанд аст. Шояд, баландтарин кӯҳ дар ин ҷо бошад.

- Кӯҳи баландтарин Чимтарға аст, 5489 метр. Ғанза дар мақоми дуюм, аз сатҳи баҳр 5306 метр баланд мебошад.

Дар оғӯши кӯҳҳои сутургу босалобат зиндагӣ кардан ба инсон қудрат мебахшад. Руҳи онҳо ба одамон ҷонсахтӣ, сабурӣ, матонат эҳдо мекунад. Масалан, барои баромадан ба қуллаи Ғанза кӯҳнавардон солҳо тамрин мекунанд, аммо зодагони кӯҳистон бе тамрин, бе тайёрии пешакӣ мебароянд, чунки онҳо руҳи кӯҳро мешиносанд, забони боду боронро медонанд, печутоби пайраҳаҳои мушкилгузарро ҳар рӯз таҷриба мекунанд.

Роҳи пурпечутоб моро аз Искандаркӯл ба деҳаи Нарвад меорад. Деҳе сабзу хуррам дар оғӯши кӯҳи азим. Шарифҷон дар ҳамин ҷо ба дунё омадааст. Мо ба ҳавлии падарии ӯ меравем. Рӯи сабза дар боғчае гилему кӯрпача меандозанд, рӯди Нарвад аз канори боғча ғазалхон ҷорист. Рӯи кӯҳи сар ба осмонкашидаи Нарвад абрҳо чун киштиҳои азим гоҳ ҷамъу гоҳ парешон сайр доранд.

- Чарогоҳи тобистона дар болои кӯҳе, ки деҳаро ба оғӯш гирифтааст, ҷой дорад, — гуфт Шарифҷон. — Мардум ин кӯҳро ба номи деҳаи мо кӯҳи Нарвад мегӯянд. Тобистон мардуми деҳа моли худро ба он ҷо мебаранд. Занҳо низ барои омода кардани маҳсулоти ширӣ ба чарогоҳ мераванд.

Кӯҳи рӯ ба рӯи деҳаро, ки дар он сӯи дарёи Искандаркӯл қомат афрохтааст, Чошт­гаҳӣ мегӯянд. Зимистонҳо офтоб аз паси он мебарояд ва ҳангоми чошт нурҳои худро ба атрофу акноф паҳн мекунад. Бинобар ин, ба кӯҳ номи Чоштгаҳиро додаанд.

Дар муқобили деҳаи Нарвад Замини арзан намудор аст. Куҳансолон қисса карданд, ки вақте лашкари Искандар ба ин тараф меояд, мардум пояҳои арзанро, ки хосияти лағжонандагӣ дорад, ба Замини арзан мерезанд. Пои аспҳои лашкариёни душман лағжида, ҳамроҳи саворон ба замин мехӯранд ва як қисмашон ба дарё афтида, нобуд мегарданд.

Кӯҳе, ки дар қисмати ғарби деҳа каҷпаҳлу кашидаю пинак рафтааст, Шоҳмеҳроб ном дорад. Дар деҳаи Нарвад ва кӯҳҳои давру бараш ҳар санге, чашмаю рӯд пайраҳаю дарахт таърихе дорад. Ин кӯҳҳои азим устураҳои зиндае ҳастанд, ки ба мо зиндагии гузаштаю имрӯзи кӯҳистониёнро қисса мекунанд.

Нарвадиён касоне ҳастанд, ки суннатҳои аз бобою аҷдодашон ба онҳо расидаро риоя мекунанд. Онҳо дар рӯзи шодию мусибат паҳлуи ҳамдигар меистанд, дасти ҳамдигарро мегиранд. Яъне, онҳо шодишарику ғамшарики ҳамдигар ҳастанд.

Дар болои кӯҳи Нарвад ҷангале исми Сӯхтаи Ғиёсро дорад. Дар миёнаи солҳои ҳаштодуми асри гузашта Ғиёс ном ҷавонмарде зан гирифтан мехоҳад. Барои он ки дар базми арӯсӣ оташи самовор хомӯш нагардаду дегҳои шӯрбою гӯштбирён ва палав ҷӯшанд, ҳезум лозим мешавад. Як гурӯҳ ҳамдеҳагон барои овардани ҳезум ба кӯҳ мебароянд. Баъд аз ҷамъ кардани ҳезум барои рафъи хастагӣ ба гӯшае мешинанд, оташ афрӯхта чой меҷӯшонанд, ташнагиашонро шикастаю шикамашонро сер карда, ҳезумҳояшонро гирифта ба деҳа меоянд. Вақте ба манзил мерасанд, мебинанд, ки аз болои кӯҳ дуд мебарояд. Мефаҳманд, ки аз оташи афрӯхтаашон ҷангал оташ гирифтааст. Ба кӯҳ баромада, оташро хомӯш карда бармегарданд. Ҳамин тавр, он мавзеъ бо номи Сӯхтаи Ғиёс машҳур мешавад.

Аз ин ё он ҳодисае, ки дар кӯҳистон рух додааст, солҳо сипарӣ мегарданд ва он дар хотираи одамон боқӣ мемонаду дар шакли ривоят аз насл ба насл мегузарад.

Мо дар канори рӯди Нарвад нишастем, ки шукӯҳи кӯҳсоронро шеър кардаю месарояд. Дар осмон ҳам абрҳо беқарорӣ мекунанд, бо сабабе аз каштали ҳамдигар гирифта, ба пархош медароянд. Гӯиё дар осмон бениҳоят намеғунҷанд, вале дар ниҳоят бо ҳам созиш карда, қатраҳои борони раҳматро нисори мо месозанд.

Ман ҳам бо дили саршор аз муҳаббати мардуми Нарвад беихтиёр ин мисраъҳоро замзама мекунам:

Аҷаб шӯх асту ширин оби Нарвад,

Дили ман мешавад бетоби Нарвад.

Ба ёди дӯстони Нарвадиям,

Бубинам ҳар шабе ман хоби Нарвад.

ВОРИС,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев