Шамсиддин Шаҳобиддинов панҷоҳ сол аст, ки дар соҳаи фарҳанг кор мекунад. Дар ин муддат ба ҳайси муаллими фанни мусиқӣ ва суруд, ҳунарпеша, коргардон, роҳбари бадеӣ ва ғайра фаъолият кардааст. «Ҳофизнома», «Имоми Аъзам», «Рӯдакӣ», «Ёди Лоиқ», «Модарнома» аз ҷумлаи садҳо намоишномаест, ки Ш. Шаҳобиддинов эҷод кардаву ба саҳна гузоштааст.
Солҳои 2013 — 2016 ба сифати директори кохи «Маърифат» фаъолият дошт ва аз он ҷо ба нафақа баромад, аммо ҳанӯз ҳам дар ҳалқаи фарҳангиён аст, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд, ба шогирдон машварат медиҳад, дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ саҳмгузорӣ ва иштирок менамояд. Айни ҳол роҳбарии маҳфили «Театр – студия»- и Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Ваҳдатро бар уҳда дорад. Барои хизматҳояш Шамсиддин Шаҳобиддинов бо медали «Хизмати шоиста», нишонҳои «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.
Ба хотири ин фидоии фарҳанг, таҳти унвони «50 соли фаъолияти меҳнатӣ» чанде пеш дар толори кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат маҳфили бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ходимони илму фарҳанг, ҳампешагону шогирдон иштирок ва суханронӣ карданд. Ба ҳозирин намоишномаи «Афсона гӯед, бобоҷон!» ва барномаи консертӣ пешкаш гардид.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»