Дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад».
Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар утоқҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар биноҳое, ки барои гузаронидани чорабиниҳои расмӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, ба таври доимӣ афрохта мешавад.
Инчунин, дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мегардад.
Ҳар гоҳ тавассути оинаи нилгун зимни ғолиб омадани варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистонро мушоҳида мекунем, ҳар яки моро ҳисси ифтихор фаро мегирад. Ин беҳуда нест, зеро мардуми мо аз қадимулайём соҳиби парчам буданду онро ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландии миллат пос медоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус чунин иброз доштаанд: «Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро ба сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд».
Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ифодакунандаю баёнгари мақсаду маром, орзую омоли миллӣ ва нишонаи низоми давлатдории миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ онҳо мояи ифтихор ва эҳтироми хоса ба шумор мераванд.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳқири рамзҳои давлатӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Барои содир намудани чунин ҷиноят ҷавобгарӣ дар намуди ҷарима, маҳдуд кардан аз озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Тибқи ривоятҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Коваи оҳангар нахустин парчамбардори таърихи мо ба шумор меравад. Ӯ пешдомани чармини худро, ки баъдтар бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» машҳур шуд, ҳамчун парчам барафрошта, мадумро дар мубориза бар зидди Заҳҳоки морон зери он муттаҳид намуд. Абулқосим Фирдавсӣ дар хусуси ҳамчун парчам истифода бурдани «Дирафши Ковиён» чунин гуфтааст:
Ту бо «Ковиёнӣ дирафш»- у сипоҳ,
Бару пушти лашкар бошу паноҳ.
Низомии Ганҷавӣ бошад ин гуна зикр кардааст:
Шуд «Дирафши Ковиёнӣ» бар сари шоҳ,
Чу лахте абр, к- афтад бар сари моҳ.
Маликушшуаро Баҳор низ дар ин хусус мефармояд:
«Дирафши Ковиёнӣ» боз барпо, то кашид,
Ин савори порсӣ Рахши фасоҳат зери зин.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон моро бори дигар ба ёди эҳтироми парчамдорӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ мебарад. Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки фармудаанд:
«Маҳз шинохти суннати парчамдорӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ, эҳтирому гиромидошти онҳо моро водор месозад, ки ҷиҳати рушду инкишофи минбаъдаи Ватани азизамон беш аз пеш заҳмат кашем, зираку ҳушёр бошем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон содиқона хизмат кунем».
Дилноза АСОЗОДА,
раиси Суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ