«Нишони сухан»-и Карим Давлат

№132 (4394) 26.10.2021

DSC_2007Нависанда ва журналисти маъруф Карим Давлат бештар аз 40 сол аст, ки бо нигоштаҳои пурмазмун хонандаи зиёд дорад. Ӯ аз соли 1982 то 1994 сармуҳаррири рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ, аз соли 1995 то 2000 хабарнигори махсуси нашрияи «Садои мардум», аз соли 2001 то соли 2007 муовини якуми рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд. Асарҳои насрии зиёд эҷод кардааст. Хонандагон бо китобҳои «Шоми деҳа», «Дандони ақл», «Як лаҳза нахандед», «Чашмаи фариштаҳо», «Меҳр», «Ҷонфидо», «Сутуни дил», «Гулдаста», «Шикастанафс» ва ғайраҳо ӯро хуб мешиносанд.

Чанд рӯз пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии Карим Давлат баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагон, муҳаққиқони осори адиб ва дӯстдорони адабиёт ширкат варзиданд. Садри маҳфили адабӣ муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа дар оғоз таъкид намуд, ки Карим Давлат дар бораи ҷангу низоъ чизе нанавиштааст. Қаҳрамонони асарҳои ӯ касонеанд, ки кори хайре анҷом медиҳанд, бунёдкорӣ мекунанд. Карим Давлат созандагиҳои даврони Истиқлолияти давлатиро ба риштаи тасвир кашидааст. Хусусан, ин чиз дар асарҳои публитсистиаш хеле барҷаста ба назар мерасад.

Доктори илмҳои филология, профессор Аъламхон Кӯчаров гуфт, ки фаъолияти рӯзноманигорӣ Карим Давлатро ба зиндагӣ бештар ошно кардааст. Ин ошноӣ боис ба офаридани қиссаву ҳикоя ва асарҳои публитсистии адиб гаштааст. Ҳазлу мутоиба, шӯхиҳои бозарофат дар осори Карим Давлат ҷойгоҳи хос дорад.

Зиннатуллоҳ Исмоил, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дар бораи фаъолияти пурсамари рӯзноманигории Карим Давлат суҳбат намуд. Ӯ аз ҷумла, таъкид кард, ки мавсуф солҳое, ки сармуҳаррири рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ буд, дар атрофаш қаламкашонеро гирд овард, ки журналистони машҳур гаштанд. Ҳамин тавр, ӯ дар ҳар ҷое, ки кор кард, шогирдонро тарбия намуда, ба ҷодаи рӯзноманигорӣ роҳнамун сохт. Худ низ чун публитсисти маъруф ибрати дигарон гашт.

Дар маҳфил ҷанбаҳои гуногуни асарҳои Карим Давлат баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар бораи забон ва интихоби мавзӯъ дар асарҳои адиб сухан гуфта, ин нуктаро ёдрас гашт, ки кӯтоҳбаёнӣ, рехтаву зебо баён кардани фикр хоси ҳикояҳои нависанда аст. Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки қаҳрамонҳои ҳикояҳои Карим Давлат одамони воқеӣ ҳастанд. Вай бевосита зиндагии қаҳрамонҳояшро омӯхта, гардишҳои зиндагии ононро мушоҳида намуда, сипас ба офаридани ҳикояе даст мезанад.

Ба андешаи Абдулҳамид Самад, агар ҳикояҳои баргузидаи нависандагони тоҷикро дар як китоб ҷамъоварӣ намоем, ҳатман дар он ду — се ҳикояи Карим Давлат низ ҷой меёбанд. Ин маънои онро дорад, ки ӯ нависандаи пухтакор аст. Дар маҳфил, ҳамчунин, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, рӯзноманигор ва шоири маҳбуб Абдулқодири Раҳим, нависанда Сироҷиддин Икромӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, рӯзноманигор ва нависандаи собиқадор Раҷаб Мардон ва сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев суханронӣ карда, шахсият ва осори адибро мавриди арзёбӣ қарор доданд.

Хидматҳои Карим Давлат бо медали «Хизмати шоиста», нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд. Ҳамчунин, дар маҳфили эҷодии адиб Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ӯро барои хизматҳояш дар соҳаи адабиёт бо медали «Нишони сухан» сарфароз гардонид.

Ӯ. НАЗАР,

«Садои мардум»