Падару модар бо умеде фарзандро ба воя мерасонад, ки фардо соҳиби илму ҳунар ва хонадор шавад. Мутаассифона баъзан ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки падару модар зарбаи сахти рӯҳӣ мебинанд. Ин ҳолат ҳамон вақт рӯй медиҳад, ки фарзандашон «бебахт», яъне аз ҳамсараш ҷудо шавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зӯроварии хонаводагист. Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар зани сеюм дар ҷаҳон дар тули ҳаёти худ латукӯб мешавад, дучори таҷовуз мегардад ва ё мавриди суиистифода қарор мегирад. Муайян шудааст, ки дар аксар ҳолат озордиҳанда аъзои оилаи ӯ (шавҳар, бародари шавҳар, хушдоман…) мебошад.
Собиқ Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофӣ Аннан гуфта буд: «Зуроварӣ нисбат ба занон шояд шармовартарину маъмултарин поймолкунии ҳуқуқи инсон бошад. Он ҳудуди ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва ё сарватмандиро намедонад. То замоне, ки зӯроварӣ давом мекунад, наметавонем талаби пешрафти воқеӣ дар самти баробарӣ, инкишоф ва осоиш кунем».
Дар ҷумҳурии мо шакли нисбатан паҳншудаи зӯроварии оилавӣ ин муносибати бад бо келин ва ҳамсар аст. Масалан, дар бисёр ҳолат хонаводаи домод дар муносибат бо келин ноадолатӣ мекунад. Нависанда ва рӯзноманигори собиқадор Ҳасан Юсуфи Файзбахш дар ин хусус чунин мегӯяд:
- Кам нестанд ҳолатҳое, ки на танҳо падару модар ва хоҳарони домод, балки бародару додарони ӯ низ худро дар болои сари арӯс (келин, янга) хуҷаин шумурда, талаб мекунанд, ки барояшон хӯрок пазад ва либосашонро бишӯяд. Саркашӣ он тараф истад, дар ҳолати андак таъхир кардан арӯсаки маъсум қабеҳтарин суханонро мешунавад ва ҳатто лату кӯб мешавад. Дар ин ҳолатҳо арӯси бечораро кӣ бояд ҳимоя кунад? Шавҳараш побанди гуфтаҳои модару хоҳару бародарон, хусураш асосан ба гапи зану духтаронаш бовар мекунад, ё дидаю дониста хомӯш меистад. Падару модари арӯс бошанд, ҳамеша насиҳат менамоянд, ки «тоқат кун!».
Рӯзноманигори шинохта Ҳуринисо Ализода, ки дар мавзӯи зӯроварӣ дар оила зиёд менависад, андешаҳояшро дар ин бора чунин баён кардааст: «Яке аз сарчашмаҳои асосии бадбахтӣ дар оила ин хушунат аст, ки яке аз ҳамсарон бар дигаре раво мебинад. Хушунат ин зулми бардавом аст, ки пайваста инсонро зери панҷаи бераҳмонаи худ гирифта, яке аз болои дигаре онро амалӣ месозад. Хоҳ зан ба шавҳар зулм кунад ва ё хоҳ мард ба занаш, дар чунин оила дигар аз хушбахтӣ ҳарфе боқӣ намемонад. Агар шавҳар занашро мудом зери шаттаву шаллоқ гирад ё бо таҳқири лафзиву рӯҳӣ вайро озор диҳад, ҳатман сабабгори бадбахтии фарзандон ва хам волидони ин зан мегардад. Аз ин озор тамоми хешу ақрабои он мазлум рӯҳан ранҷ мекашанд. Ҳатто падару модари ҳамон мард ва худи шавҳар низ ҳамеша ғамгин шуда, бадбахтона зиндагӣ мекунанд. Яъне, озори яке аз узви оила боиси азоби тамоми хонавода мегардад».
Бо мақсади пешгирӣ ва ҳифзи оила аз зӯроварӣ соли 2013 дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул шуд. Мувофиқи боби 2- юми қонуни мазкур, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии кор бо занон ва оила, мақомоти корҳои дохилӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассиса ва дигар ташкилотҳо ба шахси аз зӯроварӣ дар оила ҷабрдида бояд кумак расонанд. Мутобиқи моддаи 13 қонуни зикршуда, ба ҷабрдида кумакҳои зарурии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба таври ройгон расонида мешаванд.
Ҳамзамон, ба шахсони аз зӯроварӣ дар оила ҷабрдида марказҳои ёрирасон ва марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон бояд кумак расонанд.
Ҳарчанд хушунати хонаводагӣ дар ҷомеаи мо дер боз вуҷуд дошта бошад ҳам тайи ду даҳсолаи охир дар бораи он бештар бонги изтироб мезананд. Дар ин бобат созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақомоти давлатӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондаанд. Чунончӣ, Ҳукумати Швейтсария тавассути Оҷонсии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ (SDC) дар самти мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон кумак мерасонад. Аз соли 2004 лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) дар Тоҷикистон амал карда, минтақаҳои фаъолияти он шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Леваканд, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҳамадонӣ, Балхӣ, Шаҳритус, Панҷ ва Хуросон мебошанд. Мақсади асосии лоиҳа ҳимоя намудани ҳуқуқҳои аҳолӣ (занон, мардон, кӯдакон) тавассути тақвияти чораҳо оид ба эътинои сохторҳои давлатӣ ба ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон мебошад. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати швейтсария маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби филиали «GOPA сonsultants»- и Германия амалӣ мешавад.
Чанд сол боз кормандони лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Маркази буҳронии «Боварӣ ба фардо»- и шаҳри Душанбе, Маркази занони «Ғамхорӣ»- и шаҳри Бохтар, созмонҳои ҷамъиятии «Маҳбуба» (ноҳияи Вахш), «Дилафрӯз» (шаҳри Бохтар) ва «Ҳамроз» (ноҳияи Кӯшониён) корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ба қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ ёрии ҳуқуқию равонӣ мерасонанд. Ниҳодҳои мазкур ҳуқуқшиносон, равоншиносон, раисони маҳаллаҳо ва ходимони динро ба масоили пешгирии зӯроварӣ ҷалб намудаанд, ки самараи нек дод.
- Мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила хусусияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дорад,- мегӯяд ҳуқуқшинос Дилшод Аминзода. – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар қатори мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро низ ҳамчун субъекти пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила эътироф намудааст. Қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд марказҳои ёрирасонро бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ таъсис диҳанд, тадбирҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби мазкурро маблағгузорӣ намоянд, ба ҷабрдидагон кумаки иҷтимоӣ расонанд ва ғайра. Ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асосан дар самти ошкор ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ҷой дошта, он тавассути таҳия, қабул ва иҷрои барномаву нақша ва лоиҳаҳои якҷоя, ки пешбурди ташвиқу тарғиб, гузаронидани тадқиқот ва ғайраро дар бар мегирад, анҷом дода мешавад.
Мувофиқи таҳлили коршиносони байналмилалӣ, зӯроварӣ дар оила бемории ҷаҳониест, ки марз надорад. Он бештар ба занону духтарон дар давраҳои гуногуни ҳаёт ва дар шаклҳои гуногун (ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ, иқтисодӣ) таҳдид мекунад. Дар мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ бояд тамоми аҳли ҷомеа ширкат варзанд. Зеро кафолат нест, ки оянда апа, хоҳар, духтар, ҷиян ва ё дигар наздикони мо ба хушунати хонаводагӣ гирифтор нашаванд. Вақте мо зӯроварии хонаводагиро маҳкум менамоем, дар баробари дигарон дучори ин мушкил шудани наздиконамонро низ пешгирӣ мекунем.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»