Замин шуд торику тира зи гарду чанги ғавғое,
Само шуд чеҳра пур аз чин зи боди сарди сармое.
Зи ҳар сӯе, зи ҳар кӯе нифоқ афтод дар дилҳо.
Бало овард бар сарҳо низоъу вазъу балвое.
Хамӯшу безабон гаштанд пирони хирадманде,
Бишуд майдони кушторе замину кишту саҳрое.
Ниҳон худ аҳди дил аз кӯчабоғи ошиқон гаштанд,
Навои ишқ рафт аз синаи ҳар сарвболое.
Зи шӯри ҳамзабонони забон ман безабон гаштам.
Забонам хушк шуд аз ғусса чун пурмавҷ дарёе…
Хуҷанди бостонӣ шуд раҳобахши ман аз ин рӯз,
Умеди тозае овард аз беҳрӯзи фардое.
Раҳи иқбол аз иҷлоси он шуд боз бар мардум.
Аз он шуд пири садсола ба роҳи ишқ барное.
Биёмад зодаи Раҳмон сари давлат чу мурғи бахт,
Дамид аз толеъаш бар рӯи халқаш субҳи саррое.
Ва дар он рӯзҳои хуш ба ман омад аз ӯ нома,
Ва ҳар сатраш зи фасли бехазон медод овое.
Навиштаст ӯ, ки бодо чашмаи илҳоми ту саршор,
Сари тақдири халқат бо каломи пири доное.
Аз он нома сари тақдири кишвар ёфтам боло,
Ҷаҳон шуд пеши чашмам ҷилвагар бо нури хазро.
Салимшо Ҳалимшо