Вақте вориди ҳуҷраи кории доктори илмҳои тиб, профессор Абдурасул Сангинов шудам, баъд аз салому алейк маро ба курсии паҳлуи мизи кориаш даъват кард. Нишастан замон чашмам ба ҷевони пуркитоби доктор ва пеш аз ҳама, симо ва асарҳои олими намоёни соҳаи кишоварзӣ Бобо Сангинов афтид.
- Агар қиблагоҳам барҳаёт мебуданд, ба синни 89 мерасиданд. Соли оянда, насиб бошад, 90-солагиашонро қайд мекунем,- гуфт номбурда.
Суҳбати мо дар бобати ҳаёту фаъолияти олими машҳур, академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи умумииттифоқии илмҳои кишоварзӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Ҷоизаи ба номи академик Е. Н. Павловский, мукофоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва Агрономи шоистаи Тоҷикистон Бобо Сангинов ҷараён гирифт. Ин донишманди тоҷик давоми умри пурбаракати хеш корҳои бузургеро анҷом дода, аз худ номи наку гузошт. Ӯ, пеш аз ҳама, чун селексионер шуҳратёр гашта буд. Дар натиҷаи фаъолияти беш аз шастсолаи хеш академик Бобо Сангинов навъҳои серҳосили пешпазаку ба касалӣ тобовар ва дорои сифати баланди пахтаи маҳиннах ва миёнанах, ба монанди 5595 — В, 6465 – В, 6249 -В, 8386 – В, «Красичиков – 100» ва ғайраро ихтироъ намуд. Бо истифода аз ин навъҳои нав кишоварзон ҳосили фаровони пахтаи босифат ба даст меоварданд. Ҳамзамон, навъҳои юнучқа ва дигар зироати кашфнамудаи олим ба истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон манфиати зиёд овард.
Қаҳрамони матлаб соҳиби 20 патенту шаҳодатномаи муаллифӣ буд. Заҳматҳои ин олими варзидаю пуркор бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», «Дӯстии халқҳо», «Нишони фахрӣ», ифтихорномаҳои раёсати Шурои Олии Тоҷикистон, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС, ҳамчунин, унвонҳои зиёди илмию соҳавӣ қадрдонӣ шудааст.
Академик Бобо Сангинов аз худ китобу мақолаҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ мерос монда, садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯзҳо кори устоди заҳматпешаро идома медиҳанд.
Роҷеъ ба фаъолияти илмию эҷодии Бобо Сангинов ва ҳаёти ибратбахши эшон якчанд китоб таълиф шудааст. Осори илмии ӯ дар мавзуи «Захираҳои афзоиши пахтаи маҳиннах дар Тоҷикистон», «Навъҳои минтақавӣ ва ояндадори пахтаи маҳиннах дар Осиёи Миёна», «Инкишофи истеҳсоли пахтаи маҳиннах дар Осиёи Миёна» дорои арзиши баланди илмию амалӣ мебошанд. Дар ҳамкорӣ бо кормандони Институти илмӣ-тадқиқотии растанишиносии ба номи И. Вавилови шаҳри Санкт-Петербург барои «Каталоги ВИА» фасли «Феҳристи маҷмӯи (коллексия) пахтаи маҳиннахи ҷаҳон»-ро тартиб додааст. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо олимони Ҳиндустон оид ба ривоҷи пахтакорӣ дар Осиёи Миёна асари илмиро ба чоп расондааст, ки боиси ифтихор мебошад, — қайд шудааст дар китоби «Академик Бобо Сангинов. Ҳаёт ва фаъолият», ки онро узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Д. К. Комилзода мураттаб кардааст.
Месазад, ки роҷеъ ба академики номвар Бобо Сангинов, ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи эшон даҳҳо китоб навишта, тадқиқот анҷом дод. Мо дар арафаи ёдбуди олими намоёни тоҷик чун қатрае аз баҳр навиштаи мухтасареро манзури хонандагони арҷманд гардонидем.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»