Дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ ва нашри китоб хеле зиёд шуд. Дар робита фаъолияти китобхонаҳо ва муассисаҳои нашриявӣ густариш ёфтанд. Ҳар сол аз ҷониби чопхонаҳо ва муассисаҳои нашриявӣ садҳо номгӯй китобҳои илмӣ, сиёсӣ, оммавӣ ва бадеӣ ба табъ мерасанд ва хазинаи китобхонаҳо бо адабиёти ватанӣ пурра мегардад. Аммо, ҳамзамон зимни омода ва нашри китоб ба камбудиҳо низ роҳ дода мешавад, зеро бисёр нависандагон ва ноширон аз илми китобшиносӣ бехабаранд. Онҳо зимни таҳия ва ба нашр омода сохтани маҳсули эҷодашон ба тартибу қоидаҳои махсуси китобнигорӣ бояд ҳатмӣ риоя намоянд. Ин ҷо гап дар бораи мазмуну мундариҷаи китоб намеравад. Мавзӯи мавриди назари мо бандубаст, нишонагузорӣ, таснифу тасвир ва дигар рамзу аломатҳои китоб аст.
Ниёкони мо китобдору аз илми китобнигорӣ бохабар буданд. Фарҳанги китобдории тоҷикон таърихи қадима дорад. Ба ин гуфтаҳо осори аз давраҳои гузашта боқимонда гувоҳанд, ки дар онҳо тартибу қоидаҳои махсуси ороишу ҷобаҷогузории матнҳо риоя шудааст. Ин нукта низ мавзӯи мақолаи алоҳида аст.
Даврони шӯравӣ дар китобчопкунӣ тартибу стандартҳои хоса ҷорӣ гардида буд ва то ба ҳол он идома дорад. Кам нафароне ҳастанд, ки китоберо варақгардон накарда ва ё нахонда бошанд. Аммо аксар хонандагон шояд ба аломату ишораҳои УДК (ТДУ), ББК (ТКБ), ISBN ва штрихкод он қадар аҳамият надиҳанд. Бе мавҷудияти чунин аломату рамзҳо китоби нашршуда ноқис аст ва дарёфти он дар китобхонаҳо мушкил мегардад. Дар замони шӯравӣ ин қоида пурра риоя карда мешуд, зеро дар ИҶШС он ягона ва назорат аз болои нашри китобҳо низ пурра ҷорӣ буд.
Алҳол дар баробари стандарти маъмул, ҳар як ҷумҳурии соҳибистиқлол тартибу қоидаҳои хоси рамзу аломатгузории китобҳоро (агарчӣ умумиятҳо низ зиёданд) доранд. Асосан ҳамон тартиби замони шӯравӣ истифода мешавад, танҳо он каме такмил ёфта ва ба забони миллии кишварҳо тарҷума шудаанд.
Олимони китобшиноси замони мо, агарчӣ теъдодашон ниҳоят кам аст, бо истифода аз заминаи меъёрии ҳуқуқии муҳайёгардида ва имконоти фароҳамомада, солҳои охир баҳри рушди соҳа ва эҳёи илми китобдориамон хизматҳои арзишманд карда, ҳоло ин раванд ба қадри имкон идома дорад.
Роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар низ якчанд тадқиқот анҷом ёфтааст. Китоби нависанда ва муҳаққиқи соҳаи китобшиносӣ ва ноширӣ Сироҷиддин Икромӣ «Китоб дар масири таърих» аз зумраи он таълифотест, ки ба тартибу қоидаҳои таҳия ва нашри китоб бахшида шудааст. «Китоб аз замони пайдошавиаш мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдонии инсоният қарор гирифт. Дар ҳамон давру замон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои ҳифзу нигоҳдорияш шароити мусоид фароҳам овардаанд, яъне китобхонаҳо бунёд намуда, онро чун макони муқаддас арҷ гузоштанд. Дар гузашта китобҳо аз тарафи котибон бо меҳнати пурмашаққат дастнавис ва баъдан паҳн карда мешуд», — қайд мекунад нависанда. Дар китоби зикршуда баъди шарҳу тавзеҳи мухтасари таърихи китобу китобчопкунӣ, таври муфассал қоидаю тартиби таснифи анвои матбуот, стандартҳои соҳаи табъу нашр ва дигар паҳлуҳои китобдорию ноширӣ оварда шудааст. Аз ҷумла, дар бахши «Таҳияи таҳрирӣ — ноширии китобу ҷузва» метавонед бо дастури пурраи таҳияи маълумоти барориш, ки донистани он барои ҳар як китобнавис ва ношир зарур аст, шинос шавед. Маълумоти барориш бояд фарогири рақами стандарти байналмилалии нашрияи силсилавӣ (ISBN), маълумоти фавқулунвон, номи муаллиф (ҳаммуаллифон), унвони китоб ва нашрия, индексҳои таснифӣ (ТДУ, ТКБ), таснифу тасвир ва ғайра бошад. Ба маълумоти хонандаи ин мақола ва китобҳо мерасонем, ки дар китобҳо ишораи УДК (Универсалный десятизначный классификация), яъне ба забони тоҷикӣ Таснифи даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) мебошад. Дар поёни он аломати муаллифӣ мавҷуд мебошад (масалан И-25, М 44, Д 27).
- ТДУ усули ягонаи байналмилалӣ буда, фонди китобҳо аз рӯи соҳаҳои дониш ҷо ба ҷо гузошта мешавад ва он дарёфти адабиётро таъмин менамояд. ТДУ барои он даҳгона номида мешавад, ки қисми таркибии он аз даҳ қисм ё шуъба иборат аст. Аз соли 1962 инҷониб нашрияҳои ба чоп пешниҳодшуда тибқи ТДУ рақамгузорӣ (намоягузорӣ – индексатсия) мешаванд, — мегӯяд олими соҳа китобшиносӣ Сафар Шосаидов. Ин муҳаққиқи сермаҳсул китоби «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» — ро аз забони русӣ тарҷума кардааст, ки он соли 2018 ба табъ расид. Дар ин китоб ҷадвалҳои асосӣ ва ёрирасон пурра оварда шудааст ва он дар системаи китобхонаҳои марказонидашуда, муассисаҳои таълимии соҳа ва нашрияҳо ба сифати дастури методӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода, ки яке аз олимони варзидаю пурмаҳсули соҳаи китобшиносӣ маҳсуб меёбад, зимни суҳбат зарурати тасниф ва тасвири китобро мухтасар чунин шарҳ дод: «Тасвири библиографӣ, ин пеш аз ҳама, маҷмӯи маълумот дар бораи ҳуҷҷат (нашрия, манбаъ), ки тибқи қоидаҳои муайяне, ки стандарт муқаррар кардааст ва барои тавсиф ва ҷустуҷӯи ҳуҷҷати тасвиршуда зарур аст, пешбинӣ шудааст. Сарчашмаи асосии иттилоот дар ҳуҷҷат унсурҳое мебошад, ки дар варақаи титулӣ пешниҳод шудаанд, ба монанди, маълумот дар бораи исму насаби муаллиф, унвони китоб, маълумотҳои зерисарлавҳа, маълумотҳои барориш, ҷои нашр, номи нашриёт ё матбаа, соли нашр, шумораи саҳифаҳо ва маълумоти болои сарлавҳа (асосан бештар дар китобҳои характери илмидошта). Тасвири библиографӣ ҳадди ақали маълумоти зарурӣ ва кофии ҳуҷҷатро дар бар гирифта, имкон медиҳад, ки вижагӣ ва тафовути он аз дигар ҳуҷҷатҳо муайян карда шавад.
Барои ҳар як китоб тибқи муқаррарот инчунин, тавсифи нашриёт талаб карда мешавад. Тавсиф – ин шарҳи мухтасари асар аз нигоҳи мақсади таъиншуда, мундариҷа, таъини хонандагӣ, шакли чопию нашрӣ ва дигар хусусиятҳои асар мебошад.Вазифаи тавсиф аз он иборат аст, ки мазмуну мундариҷаи китобро мухтасар шаҳр дода, ба хислатҳои фарқкунандаи асар ва хусусиятҳои барҷастаи эҷодиёти муаллиф баҳои воқеӣ медиҳад. Тавсиф бояд таваҷҷуҳи хонандаи китобро низ ҷалб намуда, ба ӯ маълумоти мушаххаси аввалинро дар бораи китоб пешниҳод намояд».
Ноширону китобнависон ҳамзамон метавонанд ба китобҳои «Омӯзиши таснифоти даҳгонаи универсалӣ», «Дастури истифодаи ISBN», «Ҷадвали муаллифӣ (дурақама») низ таваҷҷуҳ намоянд. Бо истифода аз ин китобу дастурамалҳо ходимони муассисаҳои нашривӣ маҳсулоти ба чоп пешниҳодмешударо тибқи қоидаҳои зарурӣ мураттаб гардонида, ба табъ мерасонанд.
Дар ин ҷода яке аз нашрияҳои собиқадор — «Ирфон» солҳои охир саъю талош дорад тибқи стандартҳои муосир фаъолияти хешро пеш барад. Роҳбарии ин муассисаи нашриявиро яке олимон ва мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ, номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода бар уҳда дорад. Номбурда роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар, аз ҷумла иброз дошт:
- Аксар китобҳое, ки ҳоло дар хазинаи китобхонаҳо маҳфузанд, бо нишонии ББК- Таснифоти китобхонавӣ-библиографӣ (ТКБ) чоп мешуданд. Имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки ба УДК — Таснифоти даҳгонаи универсалӣ(ТДУ) бояд гузарем. Аз соли 2020 инҷониб тамоми китобҳои МН «Ирфон» тибқи ин стандарт чоп мешавад. Аз ҷумла, ҷилдҳои 20 ва 21 силисилакитобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» дорои чунин таснифот мебошад. Зарурати риояи ҳатмии стандартҳои китобчопкунӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, маҳсулоти чопӣ садсолаҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт ва онҳо дар китобхонаҳо маҳфуз мемонанд. Агар китобҳо дорои нишону аломатҳои зарурӣ набошанд, пайдо ва дастрас кардани онҳо мушкил ва ҳатто номумкин мегардад. Мо дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар ҳар як ҳуҷраи корӣ тартибу қоидаҳои омодасозии китобро бо ҳарфҳои хоно чоп ва насб кардаем ва кормандонамон саъй менамоянд, то зимни нашри асарҳои гуногун стандартҳо риоя шаванд.
Воқеан, китоб барои инсон ва ҳар як ҷомеа арзишманд аст ва наслҳоро ба ҳам пайванд месозад, таърихи гузаштаро бозгӯ мекунад, дар рушди дигар соҳаҳо таъсирбахш мебошад, зеро манбаи дониш аст. Бинобар ин, бояд донишмандону нависандагон ва ҳар нафаре, ки ба таҳия, эҷод ва нашру тарғиби китоб машғул аст, бояд чунин масъулияти баландро эҳсос намояд, ба насли имрӯзу оянда китобҳоеро ба мерос монанд, ки созандаю равшангари зиндагӣ ва мукаммал бошанд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»