Нософиҳои софӣ ва пучгӯйиҳои Кучӣ

№№7(3644) 24.01.2017

Мардуми Шарқ, бо ҳама пастзанию туҳматҳои бадхоҳон,  хислатҳои наҷиберо, аз қабили меҳмоннавозӣ ва эҳтиром ба ҳамсоя соҳиб ҳастанд, ки ҳатто ҳасудони берӯю риё низ онро инкор карда наметавонанд. То ҳадде ки меҳмонро атои Худо, ҳаққи ҳамсояро ба Худо баробар ва ҳамсояро беҳ аз хеши дур медонанд.

Бо ҳукми тақдир сарзамини замоне паҳновари Хуросон аз фасоду ифрот сирояту таназзул ёфта, тика – тика ва бо иқдоми абарқудратҳо ба давлатҳои хурду бузург тақсим гардид, ки Тоҷикистону Афғонистон мисоли барҷастаи он мебошанд. Мутаассифона, дар ин табартақсим ба тоҷикон қисмати хеле хурд ва он ҳам 97 фисад иборат аз кӯҳҳо насиб гардид, масоҳати Афғонистон бамаротиб зиёд аст. Қисмати минбаъдаи онҳо ба таври мухталиф сурат гирифт. Тоҷикистон ба ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гашт ва Афғонистон дар канор монд. Бо шарофати иттиҳод беш аз ҳафтод сол Тоҷикистон дар фазои осоишта қарор дошт ва хеле пеш рафт. Афғонистон ба майдони тохтутози абарқудратон ва озмоишгоҳи  силоҳҳои нав ба нави қатли ом табдил ёфт. Агар ҷангҳои пешинаи қавмиро ба инобат нагирем, қариби сӣ сол мешавад, ки ҷангҳои даҳшатбор дар ин сарзамин идома доранд ва охири он маълум нест. Сад офарин ба  сабру тоқати мардуми бечораи заҳматкашу азияткашидаи ин кишвар, ки дар ин бадбахтӣ ҳаргиз гунаҳкор нестанд. Ҳарчанд дар бадбахтии онҳо аҷнабиён ҳам даст доранд, вале  манфиатбардории ашхос, гурӯҳу доираҳои алоҳидаи афғон аз идомаи ҷанг намегузоранд, ки дар ин сарзамин сулҳу оромиш бақарор гардад. Ҷанг барои доираҳои манфиатҷӯйи афғон ба тиҷорат табдил ёфтааст ва сармояи он дар баҳои хуни одамони бегуноҳи осоишта, аз ҷумлаи занону кӯдакон ба даст меояд. Барои ин тоифа ҷанг мақоли обро лой кардану моҳӣ доштан аст. Ба ин хотир, дар ҳоли парокандагию нотифоқӣ, қавмбозию мазҳабгароӣ нигоҳ доштани мардуми бечора барои онҳо манфиатовар аст, ки аз нигоҳи шаръӣ маънои ба савдо задани имонро (агар дошта бошанд) дорад. Мусалмони асил ҳаргиз ба ҳарому макрӯҳ даст намезанад. Ҳолати ҷангӣ барои ривоҷи фисқу фасод мусоидат менамояд. Зиёд шудани майдонҳои кишти кӯкнор, паҳн гаштани маводи мухаддир, ки бо фарёди «ҷонгудозона» ва аз ватану миллати худ Умар Софӣ (раиси собиқи вилояти Қундузи Афғонистон) ва Абдулқаюми Кучӣ (Сафири Афғонистон дар Москва) Тоҷикистони ҳамсояро гунаҳкор медонанд, аз ҳамин қабил аст. Тоҷикистонеро, ки бештар аз ҳама дар ҷаҳон хоҳони қатъи ҷанг дар Афғонистон ва тантанаи сулҳу оромӣ дар он мебошад. Тоҷикистонеро, ки сарвараш аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамвора даъват аз дастгирӣ ва ҷонибдории Афғонистон менамояд. Тоҷикистонеро, ки дар доираи имкониятҳои худ пайваста дар паи густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Афғонистон буда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мушкили кишвари ҳамҷавор кӯшишҳо дорад, ёрию дастгириашро дареғ намедорад. Тоҷикистонеро, ки гоҳҳо мардуми худро бе барқ монда, ҳамсояи худро бо барқ таъмин менамояд ва ин ҳама на аз рӯи миннат, балки ҳаққи худовандии ҳамсоягӣ сурат мегирад, зеро мардуми ин ду кишвар аз қадим ҳамеша дастгиру мададгори ҳамдигар мебошанд. Онҳоро таърих, забон, дину мазҳаб, фарҳанги умумӣ бо ҳам мепайванданд..

Тинҷию осудагии Афғонистон, ободию пешрафти он маънии тинҷию пешрафти Тоҷикистон, ҳамчунин, минтақаро дорад. Он манфиате, ки мардуми ҳар ду ҷониб аз пешрафту додугирифти солим мебинанд, дар муқоиса аз фоидаи ба гуфтаи Умари Софӣ «аз таъмири гӯё танкҳо барои Толибон» ва гуфтаи Кучӣ — тиҷорати маводи мухаддир тавассути «мафияи Тоҷикистон»  ҳазорон маротиб бештару савобтар аст.

Умари Софӣ  дар суҳбат ба радиои паштузабони «Spogmai» иддао кард, ки танкҳо ва васоили вазнини ҷангии гурӯҳи Толибон аз тарафи муҳандисони рус дар хоки Тоҷикистон таъмир мешаванд. Ба фикрам, посухи раиси вилояти Хатлони ҳаммарз бо Қундузи Афғонистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода — «танк чизе нест, ки дар киса гузошта гузаронӣ» беҳтарин ҷавоб ба ин сафсатта мебошад.

Кучии «ватандӯст» бешармона «маводи мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, вале иловаи «пушти он шумо ҳастед (русҳо), пушти он мафияи Тоҷикистон аст»-ро ба забон меорад. Аҷаб хулосаи бемантиқу ботиле! Бояд гуфт, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо оғоз шуду қувват гирифт ва ин гапи нав нест. Бо касофати героин, ки ба хотири маҳви «кофарон» истеҳсол мешуд, садҳо нафар ҷавонони мусалмони  тоҷик қурбон, кӯдакон ятиму оилаҳо вайрон шуданд. Агар ин қадар дилатон ба миллату ватан месӯхта бошад, ин қадар номусу имон дошта бошед, ҳеҷ набошад, ба мардуми худ тараҳҳум кунеду ба ҷанг хотима бахшед.

Аслан, Кучиро парвои ғами мардуми афғон нест. Кучӣ ва кучимонандҳо аз дарду алами худ берун нестанд. Вагарна, бо  фаҳмишу фаросате чунин ғайриихтиёр ва бемантиқона мақсади аслиашро фош карда намемонд: «Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст».

Бояд гуфт, ки ин ҳама ташаб­бусу тасмим аз худи Кучӣ сар назадааст. Ин ҳамон сиёсати тоҷикбадбинӣ, бад нишон додани симои тоҷикон дар назари мардуми Афғонистон, танг кардани мавқеи онҳо ва баланд бардоштани нуфузи одамони қудратхоҳ аст, ки Абдуқаюми Кучӣ, коко ё худ амаки  Президенти Афғонистон Ашраф  Ғанӣ идома дода истодааст.

Тарафи Афғонистон бо худсафедкунӣ изҳор медорад, ки ин назари шахсии Кучӣ буда, ба роҳбарият ва мардуми Афғонистон дахл надорад. Шояд, вале ҳеҷ вазиру сафире бидуни маслиҳату машварат ва ҳатто иҷоза бо роҳбари давлат тасмимеро пеш намегирад. Дигар ин ки мо на кӯчиему на кӯчак. Масоҳати  ҷумҳуриамон хурд ҳам бошад, онро ба ҳар ҳол соҳибӣ дорему обод нигоҳ доштаем. Аз лиҳози  шумора аҳолии Тоҷикистон қариб ба 10 миллион расидааст ва на русҳо, балки тоҷикон дар Россия шояд 1 миллион бошанд. Дар худи Афғонистон ҳам тоҷикон ҳудуди 15 миллион, дар Ӯзбекистон 14 миллионро ташкил мекунанд.

Тоҷик ҳамчун миллати қадима, тамаддунсоз, маърифатпарвару сулҳпарвар кайҳо дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Фарҳангу забони тоҷик борҳо дучори фишору тазйиқҳои нотавонбинона гардидааст, вале, хушбахтона, на танҳо худро нигаҳ доштааст, балки (давлатҳои дигарро мадди назар мекунем), забони давлатии ҳокимияти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, Амир Темур ва манғит боқӣ мондааст. Дар Афғонистон ҳам ба кӯшишҳои тангназарона нигоҳ накарда, бо рисолати азалиаш устувору бегазанд хоҳад монд.

Беҳтар мебуд, ки давлат ва миллати дар ҳақиқат бузург ва ба мо тоҷикон дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ба дасисаҳо дода нашуда, аз заковату хиради баланди азалии давлату миллате ба ибораи Кучӣ «кӯчак, забону асолатгумкарда» ва таҷрибаю сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Пешвои хирадманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифтаю пайравӣ мекарданд ва сулҳу осоишро дар кишвари худ фароҳам меоварданд.

Дар мавриди асолат гум кардани тоҷикон, ки Кучӣ изҳор доштааст, гуфтаниам: ҳанӯз дар даҳсолаҳои аввали барқарории ҳокимияти шӯравӣ — давраҳои ҳуҷуми мӯру малахвори пантуркистҳо ба тоҷикон бо ҷасорати бузурги фарзанди фарзонаи тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров ва дастгирии И.В. Сталин китоби «Тоҷикон» аз чоп баромад. Асарҳои беназири устод С. Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода бо забони тоҷикӣ нашр ва ба забонҳои дигар тарҷума мешуданд. Бо забони тоҷикӣ дар замони шӯравӣ мактабҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо, нашрияю чопхонаҳо фаъолият доштанд. Ҳатто дар ҳамон замони ба қавли Кучӣ барин мусалмононтарашон «бехудоӣ» — и шӯравӣ, масҷидҳо амал мекарданду мардум ибодати худро ба ҷо меовард.

Тоҷикон имрӯз бо сари баланд метавонанд рӯйхати хеле ва хеле ҳам калони нобиғаҳояшонро ба ҷаҳониён пешниҳод намоянд. Онҳо ворисони барҳақи Рӯдакӣ, Сино, Мавлоно Балхӣ, Имоми Аъзам, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Лоҳутӣ, Улуғзода, Турсунзода ва бисёр – бисёр дигар мебошанд. Пас, кӣ забон, фарҳангу асолатгумкарда будааст?

Аз шеъри «Фархунда» -и дар ҳолати эҳсосу алам навиштаи устод Бозор Собир, ки аслан, оҳанги на таҳқир, балки  нафрату мазаммат, на ба мардум афғон, балки ба гурӯҳе аз ҷоҳилонро дошт, бародарони афғон малӯл ҳам гашта буданд. Иштибоҳ намекунем, агар гӯем, ки Сулаймон Лоиқ — шоири паштунтабори Афғонистон ҳам бо сатрҳои зерини худ, на мардуми афғон, балки онҳоеро дар назар дорад, ки бо мусалмонтарошии худ халқу мамлакатро ба ин ҳол гирифтор кардаанд:

Дар оташи ин қавм талоши шараре нест,

Дар синаи ин тӯда дили бохабаре нест.

Дар соқаи ин мӯзаву дастору чапанҳо,

 Як унсури шӯридаву соҳибназаре нест.

Дар сояи ҳар риш ду-се ҷӯраи бериш,

  Дар риш зи тақвою диёнат асаре нест…

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»