Тозанашр

«Оҳанги зиндагӣ»

№47 (4787) 15.04.2024

IMG_002Зиндагӣ оҳанг дорад, ки он гоҳе шоду рӯҳнавоз ва гоҳе ҳазину муассир ба гӯш мерасад. Инсон дар ҳавои ҳамин оҳанг пилла-пилла боло меравад, ба умеде ки ба хостаҳояш бирасад. Ин андешаи ман нест, балки хулосаи рӯзноманигор Алӣ Ҷӯра мебошад, ки дар китоби тозанашри ӯ «Оҳанги зиндагӣ» дарҷ шудааст.

Номбурда аз рӯзноманигорони сермаҳсули мост. Се даҳсола аст, ки дар воситаҳои ахбори омма фаъолияти назаррас дорад. «Оҳанги зиндагӣ» маҷмӯаи сеюми ӯ (қисме аз навиштаҳояш дар маҷмӯаҳои «Камони қомат», «Тулӯи беғуруб» ҷой дода шудаанд) маҳсуб меёбад.

Матолиби ин маҷмӯаро муаллиф ба чор гурӯҳ: «Қаламрави ёд», «Армуғон», «Саҳнаи умр» ва «Раҳораҳ» тақсим кардааст. Дар он мақола суҳбатҳои муаллиф, ки солҳои охир дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд, ҷамъоварӣ ва ба хонанда пешкаш шудааст. Матлаби зиёди китоб аз кору рӯзгори инсонҳои шариф, рӯзгордида, нексиришт, некандеш, накукору ободгар, ҳунарманду эҷодкор ҳикоя мекунанд. Аз кору зиндагии инсонҳое, ки барои ба орзуҳои хеш расидан саъй карда, ба камолоти маънавию инсонӣ расида, дар зиндагӣ ҷойгоҳи хешро пайдо намуданд, дар пешрафти соҳаҳои гуногун саҳм гузошта, ба ин восита ба Ватан хидмати шоиста карданд. Ҳамин моҳиятро аз матлабҳои «Ошёни меҳри Меҳрафзун. Ё порчае чанд аз рӯзгори ҳунарманде, ки саропо дарду доғи миллат аст», «Муштарии дастнорас», «Мошин тилло овард», «Дар лобалои ишқу армон» ва чанде дигар метавон дарёфт.

Баъзе мақолаҳои китоб, аз ҷумла «Саргаҳи нур», «Водии меҳр», «Дарвозаи ҷануб», хонандаро ба тозатарин дастовардҳои ҷумҳурӣ ошно менамояд. Муаллиф сарчашмаи рушди кишвар ва дастовардҳоро аз файзи ваҳдати миллию истиқлолияти давлатӣ, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба даст омадаанд, медонад. Ба ин мазмун, дар мақолаи «Шоми андеша» чунин навиштааст: «Истиқлоли давлатӣ на танҳо симои марказҳои маъмурии вилояту шаҳру ноҳияҳоро тағйир дод, балки дар дурдасттарин рустоҳои Тоҷикис­тон сатҳу сифати зиндагиро дигар кард… Шояд бархе бар он андешаанд, ки солҳо мегузаранд, зиндагӣ пеш меравад, вайронаҳо обод мешаванд, аммо саволе ба миён меояд: Агар сулҳ, оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ набошад, метавон вайронаеро обод кард? Албатта, не! Бо шарофати файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон роҳи пешрафту тараққиётро ёфт». Ҳамин иқтибоси кӯтоҳ кофист, то хонанда дарк намояд истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарнавишти кишварҳою миллатҳо чӣ нақшу ҷойгоҳе дорад.

Алӣ Ҷӯра ба ҳаводис ва мушкилоти ҷомеа низ бетафовут нест. Ба ҳайси рӯзноманигор баъзе ­масъалаҳоро аз зовияи нигоҳи хеш ба таҳқиқ мекашад ва дар натиҷа роҳи ҳалли муаммоҳои иҷтимоию маънавӣ ҳувайдо мешаванд.

Ба хотири солимии ҷомеа ба варзиш машғул шудани на танҳо мардон, балки бонувонро низ муҳим мешуморад, набудани шароити тамрин дар рустоҳои кишварро ба хотири масъулон меорад, аз фарҳанги пасти шаҳрнишинии баъзе сокинони пойтахтамон нигаронӣ мекунад ва барои рафъи ин мушкилот пешниҳодоти муҳим ироа менамояд.

Китоб на танҳо аз вазъи рӯзгору дастовардҳои кишвар, балки чандин кишвари ҷаҳон маълумот медиҳад. Хондани ин ва дигар матлабҳои китобро дар ихтиёри дӯстдорони калом мегузорем. Беҳтар ин аст, ки давоми роҳро худашон паймоянд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»