Оғози пурмонеа ва анҷоми бобарор

№146 (4566) 23.11.2022

Мусоҳиба бо иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯр Сафаров

- Қарор дар бораи дар шаҳри Хуҷанд барпо кардани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кай ва чӣ гуна қабул шуд?

- Бо сабаби авҷ гирифтани ҳамдигарнофаҳмӣ ҷанг дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат идома меёфт. Хуни бегуноҳон рехта шуд. Сиёсатмадорону равшан­фикрон, ки аз ин гуна ҳолат хеле нороҳат буданд, ба қарор омаданд, ки бояд ба ҷанг нуқта гузош­та шавад. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ масъалаи даъвати иҷлосияи навбатӣ ба миён гузошта шуд. Баъзеҳо барои баргузории иҷлосия шаҳри Хоруғ, бархе шаҳри Душанбе ва гурӯҳе шаҳри Хуҷандро пешниҳод намуданд. Табиист, ки агар иҷлосия дар шаҳрҳои Душанбе ё Хоруғ барпо мешуд, мухолифин метавонистанд фишор оварда, мавқеи сиёсиро ба даст гиранд.

Хулоса, дар вазъияти басо печида бо розигии аксари вакилон қарор қабул шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

- Дар бораи рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ каме сухан мегуфтед…

- Иҷлосия кори худро 16-уми ноябри соли 1992 оғоз кард. Мо — вакилон дар навбати аввал бояд раиси Президиумро интихоб менамудем. Ҳабибулло Табаров ҳамчун раис интихоб шуд. Масъалаи муҳими навбатӣ интихоб кардани Раиси Шӯрои Олӣ буд. Номзадии Иззатулло Ҳаёевро баъзеҳо пешбарӣ карданд, аммо ӯ рад кард. Баъд аз ин, А. Мирзоев, вакил аз ноҳияи Ҳисору Шаҳринав (ҳавзаи Хонақоҳ), собиқ сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор номзадии муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намуд. Номзадии ӯ аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт. Раиси Президиум Ҳабибулло Табаров номзадии муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро ба овоз монд ва бо ҷонибдории 186 вакил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олиро лозим омад, ки муовинонашонро интихоб кунад. Аз мо – як гурӯҳ вакилони ӯзбектабор хоҳиш шуд, ки аз байни худ номзадро пешбарӣ намоем. Мо, зиёда аз бист нафар ба муовинии Раиси Шӯрои Олӣ номзадии шодравон Хӯҷааҳмад Хидиралиевро пешбарӣ кардем.

Ҳамин тавр, муовини якуми Раиси Шӯрои Олӣ Абдулмаҷид Достиев ва Хӯҷааҳмад Хидиралиев муовин таъин гардиданд.

- Қонун ва қарорҳое, ки дар иҷлосия қабул шуданд, то кадом андоза татбиқ гардиданд?

- Санадҳое, ки дар он иҷлосия қабул гардиданд, дар ҳаёт пурра татбиқ ёфтанд. Зиндагии босаодати мо шаҳодати ин гуфта аст.

- Кадом лаҳза бароятон хотирмон буд?

- Лаҳзае, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро бӯса карда, савганд ёд карданд. Суханони он кас: «Ман ба шумо сулҳ меорам!.. То он даме ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам» то ҳанӯз дар гӯшҳоям садо медиҳанд.

Дар ин иҷлосияи тақдирсоз Роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳамати Худованд ба мардуми мо буд. Дар дастоварду муваффақиятҳое, ки дар тӯли 30 сол ноил гардидем, саҳми ин абармард калидӣ аст ва ин ҳақиқатест раднопазир.

- Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чӣ мебинед?

- Дар навбати аввал, ба ҷанги бародаркушӣ хотима бахшид. Дар мамлакате, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёд буданд. Аз ҳама муҳим, барқарор кардани суботи кишвар,  таъмини халқ бо нон ва ҳамватанони гурезаро ба Тоҷикистон баргардондан. Бо иқдоми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд.

Бо мақсади беҳсозии шароити зиндагии мардум дар вақти кӯтоҳ 50 ҳазор, дере нагузашта боз 25 ҳазор гектар замин тақсим шуд, ки ҳоло бо номи «замини президентӣ» машҳур аст. Байни Ҳукумат ва мухолифини мусаллаҳ музокираҳо оид ба сулҳ баргузор шуда, 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Тамоми муваффақиятҳо аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сарчашма гирифта, ба туфайли ғалабаи адолат ба даст омадаанд ва шукрона мекунем, ки ба чунин рӯзҳо расидем.

Дар ин дунё ягон чиз умри абад надорад. Ҳар кореро оғозу анҷомест, аммо хотираи нафароне, ки корҳои некро анҷом дода, ду ҷониби даргирро ба мусолиҳа оварда, сулҳро барқарор карданд, абадан дар дилҳо мемонад. Мардум номи онҳоро баъди ҳазор сол низ вирди забон мегардонанд. Орзумандем, ки сулҳу осоиш дар кишвари маҳбубамон то абад боқӣ монад.

Мусоҳиб Абдулло САИДОВ,

рӯзноманигор