Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 28 — 29 июни соли равон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ман ташрифи меҳмони олимақомро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, онро омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳама соҳа, бахусус арсаи иқтисодӣ, арзёбӣ менамоям. Бо ишора ба мавҷуд будани таърих, фарҳанг, дин ва расму оини муштарак байни тоҷикону қирғизҳо изҳор менамоям, ки ҳар ду миллат аз гузаштаи дур дар канори ҳамдигар кору зиндагӣ ва фаъолияти муштарак доранд.
То кунун миёни Тоҷикистону Қирғизистон санади зиёди меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидааст, ки нишонаи мавҷуд будани ҳамкориҳои дӯстона ва дорои сатҳи баланд мебошад.
Ҳоло якчанд комиссияи байнидавлатӣ фаъолона кор карда, барои омода сохтани фазои иқтисодӣ корҳои мушаххасро ба сомон расонидаанд .
Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки бо Қирғизистон дар риштаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию илмӣ, маданӣ, энергетика ва коммуникатсия ҳамкории судманд дошта бошад. Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 ҳазор қирғизи маҳаллӣ дар минтақаҳои Лахш, Мурғоб ва дигар манотиқ зиндагонӣ мекунанд. Аз 60 мактаби миёнаи ноҳияи Лахш дар 23-тоаш таҳсил ба забони қирғизӣ буда, дар 22 мактаби миёнаи дигар таҳсил ба забонҳои тоҷикию қирғизӣ сурат мегирад. Дар ноҳияи Мурғоб 14 мактаби миёна аст, ки дар 13-тои он фарзандони мардуми маҳаллии қирғиз таҳсил менамоянд. Ҳар сол аз ҷониби мактабҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тариқи квота ба қирғизҳои маҳаллии ноҳияҳои Мурғобу Ҷиргатоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 ҷой ҷудо карда мешавад.
Хуб мешуд, ки ҷониби Қирғизистон барои тарҷумаи китобҳои дарсии мактабҳои миёна барои қирғизҳои маҳаллии ноҳияҳои Лахш ва Мурғоб кумак мерасонид.
Мехостам ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон дахл намоям. Хушбахтона, ҳоло миёни парлумонҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд ва ташрифи шахсони воломақоми кишвари ҳамсоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи мулоқоту вохӯриҳои сарварони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Ба роҳ мондани рафтуомади намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои якдигар барои боз ҳам густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонии мамлакатҳо мусоидат намуда, дар самти истифода аз таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кумак хоҳад кард.
Бо гузашти солҳо таҷрибаи қонунофарии вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам ғанӣ гардида, онҳо талош мекунанд, ки санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳониро таҳия ва қабул кунанд. Омили асосии ҳама комёбӣ таҳким бахшидани муносибот миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам мебошад.
Барои Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ дар ҳама замина, аз ҷумла равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо вуҷуд дорад.
Парлумонҳои ҳар ду кишвар дар таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ нақши калидӣ мебозанд. Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Жогорку Кенешаи Қирғизистон шароити боз ҳам муносибро дар раванди тақвияти муносибот фароҳам хоҳад овард. Ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ — техникӣ асос ёфта, рӯ ба инкишоф дорад. Ин равобит дар рӯҳияи боварии байниҳамдигарӣ, чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба, сурат мегирад, ки барои ҳар ду тараф манфиатбахш мебошад.
То кунун байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон санадҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки онҳо заминаи таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи байни Душанбе ва Бишкекро ба вуҷуд овардаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷумлаи кишварҳоеанд, ки дорои захираи фаровони об дар Осиёи Марказӣ мебошанд ва ҳар ду ҷумҳурӣ имконияти ниҳоят зиёди истеҳсоли қувваи барқро доранд.
Қисмат ҳоло Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳамдигар ҳамсоя намудааст. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани эҳтироми ҳамсоягӣ рисолати инсонии ҳар ду ҷониб аст. Ҳар як фарди некхоҳ бояд дар ин самт саҳмгузор бошад. Ба қавли шоири бузурги тоҷик устод Мирзо Турсунзода:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт!
Поянда бод сулҳ ва дӯстӣ байни мардуми Тоҷикистон ва Қирғизистон!
Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон