НОБ-и «Роғун» бо ту ғамҳо дур гашт,
Дидаҳо пурнур, дил масрур гашт.
Зиндагӣ оҳанги шодиро навохт,
Тоҷикистон дар ҷаҳон машҳур гашт.
Азми мо кохе зи нур бунёд кард,
Офтобе дар замин маъмур гашт.
Мардуми тоҷик бо ишқу умед,
Нурбахшо гаштаву махмур гашт.
Бо ту, эй Меҳан, диёри файзбор,
Нуру шодиву тараб ҳам ҷӯр гашт.
Маҳина РАСУЛОВА, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқии шаҳри Конибодом