Ҷои ӯ дар дидаҳост

№41 - 43 (4624 - 4626) 18.03.2023

292945349_1002114770658333_755430212018575677_nҲар гоҳ устод Меҳмон Бахтиро ба ёд меорам, чеҳраи нуронӣ, чашмони андешаманд пеши рӯ меояд ва суханҳои пур аз меҳру оқилонааш, пур аз лутфу чун таронааш дарёвор ба гӯшам мерезад. Ҳанӯз овози ӯро хеле рӯшан мешунавам. Шӯхиҳои намакину пандҳои судмандашро. Ӯ марди ҳалиму меҳрубон буд. На дар дил кина мепарвариду на ғайбат мекард. Онҳое, ки бадӣ мекарданд, нодида мегирифт. Аз хубиҳои дигарон мегуфт ва нуқсони эшонро ба ёд намеовард. Ҷавонмарду дасткушод, маҷлисорову меҳрубон буд. Дар ҳар мансабе кор кард, тағйир наёфт, инсони заминӣ буд. Аз касе намеранҷид. Бадие медид, даст меафшонду мегуфт: «Ҳаволаи бад ба Худо».

Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Давраи аввали раисиаш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба поён расид. Аз ҷумҳурӣ адибонро даъват карданд ва барои интихоби раис анҷуман оростанд. Устод Меҳмон Бахтӣ барои анҷуман маърӯзаи ҳисоботӣ тайёр карда буд. Матни он дар дасти нависандаи шинох­та Маҷид Салим буд. Устод ба Маҷид муҳаббат дошт ва ҳамеша ӯро ҳамроҳ мегирифт. Даҳ-бист дақиқа пеш аз оғози анҷуман аз дасти Маҷид маърӯзаро гирифта аз назар гузаронд. Ба Маҷид арзи сипос кард ва матни маърӯзаро андаруни ҷузвдон гузошту таги каш кард ва ҳамроҳи чанд нафар аз ҳамкасбон ба ҳуҷрае ворид шуд…

Анҷуман оғоз шуд ва суханро барои ҳисобот ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ доданд. Ба минбар наздик шуд ва бо сабру тамкини ҳамешагӣ матни маърӯзаро болои минбар гузошту варақ гардонд. Чанд лаҳза дар ҳамон ҳолат монду синчакорона ба чеҳраи аҳли толор нигарист ва баъд суханрониашро оғоз кард. Шояд баъзеҳо пай набурданд, вале аксар ҳис карданд, ки қисмати аввали маърӯзаро бе коғаз ба сомеон расонд…

Он рӯз касе бо ӯ «шӯхӣ» карда буд. Шояд гумон доштанд, ки дар ҳузури меҳмонон устод даступо мехӯраду ҷараёни анҷуман халалдор мешавад. Хушбахтона, ин тавр нашуд. Танҳо ҳангоми танаффус устод нигоҳи андешамандашро ба нуқтае дӯхту гуфт: «Аҷаб дунёе! Одамон ба чӣ корҳое қодиранд». Ва дубора сари ин масъала барнагашт. Аз касе гумон набурд ва касеро бад нагуфт. Душман накофт. Агар ба ҷои вай каси дигар мебуд, шояд ҳафтае тамоми имконоташро истифода мебурду шахси «ҳазлбоз»- ро пайдо меоварду шармандаи ду олам мегардонд, вале устод Меҳмон аз зумраи чунин одамон набуд…

Устод Меҳмон Бахтӣ ҳамеша ёвару маслиҳатгари адибони ҷавон буд. Ба ҳар восита дасти онҳоро мегирифту қаламашонро рост мекард. Аз комёбиҳои онҳо шод мегардид. Аз замони мактабхонӣ дар бораи ӯ бисёр мешунидам ва асарҳояшро мутолиа мекардам, вале баъдтар бо вай вохӯрдам. Вохӯрии тасодуф буд ё амри қисмат. Бо рӯзномаи ноҳиявӣ «Қаротегини советӣ» («Оинаи Рашт»)ҳамкорӣ доштаму дар мактаби деҳа ба бачаҳо дарс мегуфтам. Мақолаҳои гуногунам дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Қаротегини советӣ», «Газетаи омӯзгор», «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Тоҷикистони советӣ» ба табъ мерасиданд. Гоҳ — гоҳ бо дастгирии шоири шинохта устод Ҷумъа Қувват шеъргунаҳоям дар рӯзномаи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) чоп мешуданд. Ба ҳайси омӯзгор мақолаҳои илмӣ-методӣ менавиштам. Чанд ҳикоя ҳам рӯи коғаз омад, вале онҳо андаруни ҷузвдон болои миз мехобиданд. Ҷуръат намекардам, ки ҳикояҳоро ба устодон пешниҳод кунам. Метарсидам, ки ҳанӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Устодон сахтгир буданд ва на ҳар кас метавонист ба майдони адабиёт роҳ ёбад.

Он рӯз аз дарс фориғ будам ва ба маркази ноҳия рафтаму сари қадам ба дидорбинии кормандони рӯзномаи «Қаротегини советӣ» даромадам. Сармуҳаррири рӯзнома Эмом Муҳиддинов марди меҳрубону кушодарӯ маро хуш пазируфт ва баъди пурсупоси маъмулӣ гуфт, ки Меҳмон Бахтӣ ба тарафҳои мо омадааст, шуморо суроғ кард. Ҳозир ба идораи рӯзнома меояд. Аз ин хабар даступо гум кардам.

- Муаллим, намедонед, ки барои чӣ маро суроғ кардааст?- беихтиёр пурсидам ман.

- Не, чизе нагуфт. Шояд ягон супориш дорад, ё мехоҳад навиштаҳоятро хонда маслиҳат диҳад.

- Бори аввал бо устод вомехӯрам, муаллим. Мабодо камбудие карда бошам.

- Меҳмон ҷавонмарди оқилу доно ва ғамхори эҷодкорони ҷавон аст.

Баъд аз гузаштани чанд лаҳза устод ҳамроҳи яке аз кормандони Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия ба дафтари кории сармуҳаррир даромад. Бо акаи Эмом оғӯш кушода вохӯрӣ кард ва баъди пурсупос якбора ҷониби ман рӯй овард:

- Диловар, ин корат нағз не, додар,- чун шиноси дерина бо овози нарму мулоим гуфт ӯ ва дасташро барои вохӯрӣ ҷонибам дароз кард. — Душанбе меравӣ, назди мо намедароӣ. Ин ҷо меоем, суроғ намекунӣ. Мо аз шумо умеди зиёд дорем.

- Узр, устод,- беҷуръатона посух гуфтам ман.

- Узрро як тараф мону минбаъд ба Душанбе омадӣ, сари қадам наз­ди мо ҳам даро, — маро аз хиҷолат раҳонда гуфт устод ва ба курсӣ нишасту ишора кард, ки мо ҳам нишинем.

Акаи Эмом ба пиёла чой рехта ҷониби устод дароз кард. Як қулт нӯшид ва пиёларо болои миз гузошта, аз нав риштаи суханро ба даст гирифт.

- Медонӣ, ки то ғалабаи Инқилоби Бухоро дар водии Рашт ҳавзаи адабӣ буд. Даҳҳо тан аз адибон дар асрҳои гуногун дар ин ҳавза фаъолият доштанд ва дар рушди адабиёти тоҷик саҳми чашмгир гузоштаанд. Бархе аз онҳо баъд ба Бухорову Намангон, Ҳиндустону Афғонистон рафтаанд. Ҷои таассуф аст, баъди барқарор гардидани Ҳукумати Шӯравӣ ин ҳавза аз байн рафт. Ҳамин тариқ, аз байни мардуми водии Рашт аҳён-аҳён қаламкашон ба воя расиданд. Онҳое, ки тавонистанд, дар шаҳри Душанбе истиқомат ихтиёр карданд. Танҳо шоир Ҷумъа Қувват тавонист ин ҷо фаъолияти меҳнатиро идома дода ва дар баробари ин шеъру достон эҷод кунад. Зуд-зуд ба Иттифоқи нависандагон меравад. Маслиҳат мепурсад. Офарин ба чунин ҷавонмардони шердил.

Устод як лаҳза лаб аз гуфтор мебандаду ба андеша фурӯ меравад. Касе садо баланд намекунад. Ӯ пиёлаи чояш хунукшударо холӣ мекунаду дубора риштаи кандашудаи суханро мепайвандад.

- Имрӯз ҳама имконият ҳаст. Мо ба хулоса омадем, ки ҳавзаи адабии водиро дубора эҳё кунем,- хулоса мекунад ӯ. — Масъулияти иҷрои ин вазифаро ба дӯши ту мегузорем. Мақолаҳоятро мехонам. Чанд шеъратро Ҷумъа Қувват ба ман дод. Бад не, ками дигар заҳмат кашӣ, хуб мешавад. Фикр мекунам, ҳикоя ҳам менависӣ, бигиру биёр. Мебинем, маслиҳат медиҳем. Дар ноҳия ҷавонони боистеъдоду эҷодкор кам нестанд. Калонсолҳоро ҷалб кун. Онҳо ба ҷавонҳо маслиҳат медиҳанд, аз таҷриба мегӯянд, ба ту ёрӣ медиҳанд. Гапамро фаҳмидӣ? Боқии суҳбат дар Душанбе. Канӣ бинем, аз уҳдаи кор мебароӣ?

Устод ин ҷо нуктаи таммат гузошт ва мавзӯи суҳбатро ба дигар тараф бурд. Анқариб ду соат суҳбатамон идома ёфт ва дар ангора гумон кардам, ки чандин сол боз ӯро мешиносаму борҳо ҳамсуҳбат будаем. Аз суҳбати ӯ бароям ҳалли бисёр мушкилиҳо осон гардид. Дар дил аз он афсӯс мехӯрдам, ки чаро се — чор сол пештар назди вай надаромадам.

Баъди рафтани устод Меҳмон Бахтӣ ба қавли пирони деҳ миёнро аз ҳафт ҷой баста пайи иҷрои супориш шудам. Он рӯзгор ноҳияи Тоҷикобод ба ҳудуди ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) дохил мешуд. Аввал рӯйхати эҷодкорони калонсолу миёнасоли ноҳияро тартиб додам: Авродхони Шарифхӯҷа, Шуҷоъ Орзу, Рустамбеки Аммолӣ, Юсуфҷони Ҳоитӣ, Саидэҳсони Саид, Аҳлиддини Ҳоҷӣ, Муҳаббати Ҷомӣ, Маҷнун Сироҷ… Баъд эҷодкорони ҷавонро ба рӯйхат илова намудам: Мирзо Шералӣ, Роҳати Хушвақт, Мусаяб Абдулқодир, Нуриддини Садриддин, Абдураҳмони Забир, Мирзо Ҳомид, Мирзошоҳи Акобир, Раҳимҷони Муҳаммадҷон, Шодӣ Хоркаш, Фориғ, Дилафрӯзи Орзу…

Як ҳафта ба тартиб додани рӯйхат гузашт. Билохира онро анҷом додаму ба акаи Эмом пешниҳод кардам. Сармуҳаррир аз ҳисоби кормандони рӯзнома мудири шуъбаи иҷтимоиёт Абдулло Давлатовро вобаста кард. Ҳамин тавр эҷодкоронро ба идораи рӯзнома даъват карданд ва маҳфили нахус­тин соли 1984 баргузор гардид. Бандаро раис интихоб карданду маҳфилро «Гулафшон» номиданд.

Эҷодкорон хеле фаъол буданд ва ҳафтае як маротиба дар идораи рӯзнома ҷамъ омада, асарҳои якдигарро баррасӣ мекарданд. Ду — се бор ба шаҳри Душанбе рафтам ва ба устод Меҳмон Бахтӣ аз натиҷаи кори маҳфил хабар додам. Таб­ъаш хуш гардид. Фурсатро муносиб ёфта, як ҳикояамро болои мизи ӯ гузоштам. Ҳикоя аз рӯзгори чӯпоне қисса мекард.

- Ҳикояатро мехонаму баъд андешаҳоямро мегӯям,- гуфт устод.

Пас аз як моҳ устод ба Рашт омад. Аъзои маҳфил ӯро бо шӯру шағаб пешвоз гирифтанд. Ҳар кас талош мекард, ки ба устод наздиктар нишинад. Маҳфил дер давом кард.

Вақти рафтан устод аз сумкааш ҳикояро бароварда ба дастам дод.

- Хондам. Бад не. Бадеияташ суст аст. Кор кунӣ, ҳикояи хуб мешавад. Фикрҳоямро пушти варақҳо навиштаам.

- Ташаккур, устод, — гуфтам дар ҷавоб.

Ба хона баргаштам ва саросема ҳикояро кушода навиштаҳои устод­ро хондам. Аз ҳаҷми ҳикоя бештар навишта буд. Он ҳикоя то ба ҳол дар бойгонии банда маҳфуз аст. Ба хотири дастхати устод Меҳмон. Баъдтар ҳикояи дигарам «Сағирадухтар» бо пешгуфтори устод Меҳмон дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») чоп шуд.

Дере нагузашта чакидаҳои хомаи Нуриддин Садриддин, Мусаяби Абдулқодир, Роҳати Хушвақт ва Мирзо Ҳомид дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расиданд. Аъзои маҳфил муаллифи сатрҳо, Мирзо Шералӣ, Нуриддини Садриддин, Алишери Муҳаммадӣ ва Худододи Зайниддин ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Намунаи ашъори дигар қаламкашон дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва шакли китоби алоҳида чоп шуданд. Сол то сол сафи адибони ҷавон дар маҳфил меафзуд. Ҳоло ҳам эҷодкорони ноҳия он рӯзҳоро ба ёд оварда, ба устод Меҳмон аҳсант мехонанд, ки тавонист дубора ҳавзаи адабии Раштонро эҳё кунад.

Баъд аз соҳибистиқлолии кишвар низ устод Меҳмон барои пойдории маҳфили «Гулафшон» корҳои зиёд­ро анҷом дод. Маҳз бо дастгирии вай соли 2004 китобе бо номи «Адибони Рашт» ба табъ расид, ки намунаи чакидаҳои хомаи сӣ қаламкаши муосири ноҳияро дар бар мегирад.

Солҳои фоҷиаи миллӣ омадурафти устод Меҳмон ба ноҳияи Рашт зиёд шуд. Дар деҳаҳо бо мардум вохӯрӣ мегузаронд ва таъкид мекард, ки ба доми фиреби душманони миллат наафтанд. Ба ҳарфи хоинону ватанфурӯшон бовар накунанд.

Баъд аз ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар фаъол шуд. Вай бо самимият дар бораи Сарвари давлат ҳарф мезад ва мегуфт, ки ин ҷавонмарди далер аз байни мардум баромадааст. Зиндагии мардуми деҳотро хуб медонад ва барои таъмини зиндагии осудаи халқ заҳмат мекашад. Ҳар ки агар миллаташро, Ватанашро дӯст дорад, бояд паҳлуи Сарвари давлат бошад.

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба деҳаҳои дурдаст ҳам сафар мекард. Вохӯрии вай дар деҳаи Нимич хеле хотирмон буд. Чойхонаи барҳавои деҳа барои гузаронидани чорабиниҳо мувофиқ аст ва аз деҳаҳои дуру наз­дик одами зиёд ҷамъ шуд. Устод Меҳмон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози сухан аз заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободии Тоҷикистон ва осудагии мардум сухан кард. Баъд дар бораи кори Маҷлиси намояндагон ва вазифаҳои он ҳарф зад. Дар бораи корҳои анҷомдодааш гуфт. Дар хатми сухан чанд шеър хонд. Ва он лаҳза, ки суханашро ба анҷом расонд, омӯзгори фанни суруди мактаби деҳа Саидқурбон Ҳаитов аз ҷо баланд шуд.

- Устод, беадабӣ нашавад, ба як суоли мо посух медодед. Ман омӯзгор ҳастам, аз фанни суруд ба бачаҳо дарс мегӯям. Ашъори шуморо мехонам ва сурудҳоеро, ки матнашон ба қалами шумо тааллуқ доранд, гӯш мекунаму лаззат мебарам. Ҳамин суруд ба ман бисёр писанд аст:

Аз пайраҳаи борики кӯҳпояи Кочон,

Омад ба лаби оби равон маҳваши тобон.

Чун бар лаби рӯд омаду бар об назар кард,

Ҳар мавҷ ба шӯр омаду ҳар қатра ба туғён.

 

Кӯза ба об мезад,

Бо изтироб мезад.

Дар рӯи об кокул

Сад печутоб мезад.

Рӯзе нест, ки сурудро якбор гӯш накунам. Аз он тааҷҷуб мекунам, ки шумо бо вуҷуди серкорӣ фурсат ёфта чанд рӯз поёни кӯҳпояи Кочон нишаста омадурафти духтарони паричеҳраро тамошо карда, чунин шеъри баланд навиштед. Аҳсант мехонам ба шумо. Агар шумо лаҳзаҳои тасвиркардаатонро намедидед, шояд шеъратон ин қадар зебо намебаромад.

- Бародари азиз Саидқурбон,- табассуми зебо дар лаб гуфт устод,- ин суруд ба ман ҳам бисёр маъқул аст. Баъд фаромӯш накунед, ки шоир ҷое меистаду рӯҳаш дар они воҳид ними дунёро тай карда, боз ба хонаи худ бармегардад ва дидаву шунидааш рӯи коғаз мерезад.

Мавҷи қарсак ва хандаи аҳли маҷлис бинои чойхонаро ларзонд. Суҳбати хотирмон буд. Сокинони деҳа аз гуфтаҳои устод иқтибос меоварданд барои тасдиқи фикр. Мегуфтанд, ки «ёд дорӣ, акаи Меҳмон дар ин масъала чунин гуфта буд».

Як ҳафта пеш аз вафоташ занг зад.

- Лаббай, — садо баланд кардам ман.

- Диловар, мо як гурӯҳи корӣ аз ноҳияи Лахш баромада истодаем. Ба қароре омадем, ки бегоҳ ҳамроҳи шумо меистему пагоҳ корамонро дар маркази ноҳияи Рашт идома медиҳем.

- Нури дида, тоҷи сар,- ҳозирҷавобӣ кардам.

- Фаромӯш накун, ки гурӯҳи мо аз бист нафар зиёдтар аст.

- Ҳар кас ризқашро мехӯрад.

- Ман аз маркази ноҳия чанд нафари дигарро даъват кардам, маъракаи калон мешавад. Ба фикрам сари роҳ аз Тоҷикобод чор-панҷ нафар ҳамроҳамон мешавад. Зӯрат мерасад?

- Аз ҳамдеҳаҳо ёрӣ мепурсам,- бо ҳамон оҳанг посух гуфтам.

Устод сукут варзид. Ба ӯ халал нарасондам. Мунтазир шудам, ки ҳарфашро бигӯяд.

- Шӯхӣ кардам,- мешунавам овози ӯро. Дар Душанбеям. Шуморо пазмон шудам. Соҳили Сурхобу Сор­боғу Оби кабудро ёд кардам. Агар умр боқӣ бошад, як-ду ҳафта пас меоям. Соҳили дарё нишаста, рози дилро ба дарё мегӯем,- суханашро идома медиҳад.

- Аҷаб кори хайр мешавад, устод. Шуморо ҳам мардум ёд кардаанд…

Ҳафтае нагузашта, субҳи барвақт занги телефон баланд шуд.

- Шунидӣ?- мешунавам овози раиси ноҳияро.

- Оре.

- Чӣ нақша дорӣ?

- Ман ба роҳ баромадам. Мехоҳам дар ҷанозаи устод иштирок кунам.

- Ба мақомоти иҷроия биё,- гуфт раис ва телефонро хомӯш кард.

Раиси ноҳия Раҳимҷон Муқимӣ ҷавонмарди шеърдӯсту фарҳанг­парвар аст. Аз эҷодиёти аксар адибони номӣ хабардор аст. Ба устод Меҳмон эҳтироми хоса дорад. Ҳар гоҳ эшон ба ноҳия меомаданд, аз суҳбаташ дур намешуд.

Лаҳзае, ки назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт омадам, саҳни ҳавлӣ чанд нафар суҳбат доштанд. Раис ҳамроҳи онҳо буд. Дастамро фишурду ҳамдардӣ баён кард. Ҳар кас дар бораи устод ҳарфи нек мегуфт.

«Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафт», — хулоса кард раис ва овозаш ларзид. Ба чеҳраи ӯ нигаристам. Ашки шӯр рухсораашро тар карда буд. Дигар касе ҳарфе ба забон наовард. Дар ҳамон ҳолат ба мошинҳо савор шудем…

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»