15 май - Рӯзи байналмилалии оила

Оила – макони ҳамзистии осоишта

№61 (4801) 15.05.2024

imageДар кишвари мо бо мақсади танзими муносибатҳои оилавӣ, фароҳам овардани шароити созандаи муносибату ҳамзистии осоишта ва дар ин замина мусоидат намудан ба ҷомеаи солим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» таҳия ва соли 2013 қабул гардид. Барои амалӣ намудани он Стратегияи иртиботии «Оила – макони меҳрубонӣ» омода шуд. Стратегияи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими мавқеи оила ва занону духтарон дар ҷомеа, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва бекоршавии ақди никоҳ, инчунин, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар моддаи 33 муқаррар кардааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст». Ин муқаррарот чун дигар меъёрҳои Конститутсия аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон маншаъ мегирад. Дар моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон 10 декабри соли 1948, зикр шудааст, ки мардон ва заноне, ки ба синни балоғат расидаанд, ҳақ доранд бидуни ягон маҳдудияти нажодӣ, миллӣ ё динӣ оила бунёд намоянд. Тибқи моддаи мазкур, мардон ва занон дар мавриди ақди никоҳ, давраи дар никоҳи якдигар будан ва ҳангоми бекор кардани он баробарҳуқуқ буда, ақди никоҳ метавонад танҳо дар сурати ризоияти озодона ва пурраи ҳар ду тарафи ба ақди никоҳ дар ­оянда баста шавад. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон оиларо рукни табиӣ ва асосии ҷамъият дониста, ба ҳимояи ҷамъият ва давлат ҳақ доштани онро эътироф менамояд.

Дар қисми 1 моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998, № 683, ин принсипи конститутсионӣ мушаххас гардида, пешбинӣ шудааст, ки оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.

Сиёсати давлатӣ оид ба оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми комил ва созмонёфта аз маҷмӯи иқдомот ва тадбирҳои хусусияти гуногундошта иборат мебошад. Ҳимояи давлатии оила хусусияти гуногунҷанбаи ташкилию иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ дошта, бо роҳи андешидани тадбирҳои гуногуни давлатӣ оид ба таҳкими оила, дастгирии иҷтимоии он, ҳавасмандгардонии модар, ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак ва дигар аъзои оила амалӣ мешавад. Воситаҳои ҳуқуқӣ аз муҳимтарин роҳу василаҳои ҳимояи давлатии оила ба шумор рафта, тавассути онҳо давлат ҳадафҳои худро дар ин самт амалӣ мегардонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ, зерқонунӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари муҳими сиёсию ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки барои банақшагирӣ ва амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи оила, ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, арзишҳои оилавӣ, таъмини шароити зарурӣ барои амалигардонии функсияҳои оила ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таъмин намудани зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи аъзои оила равона гардидаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Страте­гияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва ғайра санадҳои меъёрӣ ва ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ба шумор мераванд.

Яке аз тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳои зан талабот ба бастани ақди никоҳ дар мақомоти қайди асноди шаҳрвандӣ мебошад. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳамсарон танҳо баъд аз бақайд­гирии давлатии ақди никоҳ дар мақомоти зикршуда ба вуҷуд меояд.

Барои таъмини манфиатҳои қонунии зан риояи тартиб ва шартҳои бастани ақди никоҳ муҳим мебошад. Дар ин ҳолат синни никоҳӣ (моддаи 13 Кодекси оила) нақши муҳим дорад.

То имрӯз ҳудуди 60 санади меъёрӣ–ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки ҳуқуқҳои занонро ҳифз менамоянд. Бо вуҷуди ин, баъзе масъалаҳои зӯроварии гендерӣ ҳалталаб боқӣ мондааст, гарчанде корҳои зиёд дар самти тарбияи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин, аз байн бурдани хушунат нисбат ба занону духтарон анҷом дода шудааст.

Дар соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ба мисли ҳуқуқи маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии падару модар, кӯдакон ва масъу­лияти онҳо танзим шудааст. Бояд таъкид намуд, ки падару модар дар баробари дош­тани ҳуқуқ ва имконият, ҳамчунин, вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд масъул буда, дар ин самт уҳдадориҳои муайян доранд. Бо мақсади танзим ва мушаххас гардонидани ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар вобаста ба таълиму тарбияи фарзандон соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки муҳлати зиёда аз 13 сол тавонист дар баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон нақши муҳим гузорад.

Бояд гуфт, ки дар оила зану мард баробарҳуқуқанд. Дар сурате ки дар оила амали зӯроварӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб содир мешаванд, шахси содиркунанда, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Вақте дар оила муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ пайдо мегарданд, ин масъалаҳо тариқи судӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шаванд.

Ҳамчунин, аз ҷониби фарзандон нигоҳубину ғамхорӣ намудани падару модар тибқи қисми дуюми моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардида, дар қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр шудааст, ки «Фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд».

Ҳамин тариқ, Конститутсия, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ бо ҷонибдорӣ аз фазои созандаву гуворо дар оила, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии ҳама гуна зӯроварию хушунат ва ба ин васила мусоидат ба ҷомеаи солим талаботи муҳимро муқаррар намуда, аъзои оиларо ба ҳамзистии осоишта ва зиндагии орому созанда раҳнамун месозанд. Риояи талаботи санадҳои мазкур ва эҳтироми онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як аъзои оила аст.

Баҳрулло Ғаюрзода,

мушовири калони Комиссияи МНМО ҶТ оид ба назорати дастур ва ташкили кор