Адабиёт

Оилаи Стефановҳо

№111 (3748) 19.09.2017

СтефанИн занҷири вазнинро хеле барвақт ба гарданам бастанд: ҳанӯз 15 сол надоштам, ки падарамро буқаи ҳамсоя шох зада кушт, модарам аз дарди испонка мурд. Маро бибиам — Нилу ва бобоям саробонӣ мекарданд. Фалокате рӯй доду дасти рости бибиам маъюб шуд. Дигар дар хона зане набуд, ки рӯзгорро саришта кунад. Бобоям ба қароре омад, ки маро зан диҳад ва берозигии ман дар тараддуд афтод. Он солҳо касе аз ҷавонон намепурсид, ки зан гирифтан мехоҳанд ё не. Масъаларо калонсолон ҳал мекарданд. Фақат тасодуфан шунидам, ки чолу кампир сари ин масъала мунозира доранд.

- Ҳоло бисёр хурд аст,- мегуфт бибиам.

- Калон мешавад-посух медод бобоям, — лекин арӯсро рафта дидан зарур.

Бобоям ба арӯсбинӣ рафт ё не, намедонам, аммо як бегоҳ аз дарав баргаштаму дидам, ки амаки паҳлавонҷуссае корди калоне дар камараш овезон дар хонаамон нишастааст.

- Тодор, писарам! — гуфт бобо, — Десиславаро даъват кардам. Бароят костюм медӯзад. Хокистарӣ мехоҳӣ ё ранги дигар?

Усто чоршанбе омада буд, рӯзи дигар костюми домодӣ тайёр шуд. Тӯй оғоз ёфт, вале ман намедонистам арӯс кист.

Ҷуръат пайдо карда, дар ин хусус бибиамро пурсидам.

- Аз деҳаи ҳамсоя арӯс меорем, — посух дод вай.

Кист ӯ? Чӣ сурат дорад? Бибӣ дар ин бора чизе нагуфт ва ман ҳам кунҷковӣ накардам.

Сурати арӯсро шаб дидам. Рӯҳонӣ хутбаро хонд, нақора садо дод ва он лаҳза расид, ки ҳар ду танҳо монем. Пеш аз он ки ба ҳуҷра ворид шавам, бобоям маро ба канор бурду гуфт:

- Ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун, ғайрати мардонагиатро нишон деҳ! Агар мардонавор рафтор карда натавонистӣ, айби худат. Он гоҳ ҳама ба ҳоли ту механданд.

Баъд маро ба дарун тела доду дарро баст.

Ману арӯс рӯ ба рӯи ҳам қариб чоряк соат нишастем. На ҷуръати онро доштам, ки ҳарфе ба забон биёрам, на чодари рӯяшро бикушоям. Оқибат ӯ чодарро аз сараш гирифта, як тараф монд. Хавф доштам, ки бобоям арӯси бузбалае овардааст, аммо гумонам хато баромад. Духтараке буд мисли парвона сабукбол, сафедрӯ ва чашму мижгонаш дилрабо. Бо чашмони шармолуд дуздида ба ӯ нигаристам, вай якбора бо овози баланд хандид.

- Шарм медорӣ?- пурсид арӯс.

- Оре!

- Чаро шарм медорӣ? Бубин, либосҳоят хеле зебоянд. Камарбандат ҳам. Биё, бо он гиргиракбозӣ мекунем.

Ҳанӯз фурсати посух гуфтан наёфтам, ки ӯ камарбандамро кушоду маро чархонд, ҳамранги гиргирак. Ҳамин тавр, саргарми бозӣ шуда, нафаҳмидам, ки хурӯси аввал кай ҷеғ задааст.

Ногаҳон насиҳати бобо ёдам омад, ба изтироб афтодам. «Ҳозир рӯз равшан мешавад ва меоянду хостаашонро талаб мекунанд. Баъд чӣ мешавад?» Арӯс пай бурд, ки хеле парешонхотирам.

- Дар чӣ бора фикр мекунӣ?

- Дар бораи насиҳати бобоям…

Ману Силва шабҳои дароз бозӣ мекардем, механдидем, вале касе ба ин аҳамият намедод. Пай набурданд, ки байни мо ягон муносибати маҳрамона ба вуқӯъ наомадааст. Силва бештари вақт дар хона мемонд. Ҳавлии ифлоси мо акнун тозаву озода буд. Он ҷо гулҳои рангоранг корид. Тирезаи хонаи хобамонро ҳар рӯз се бор бо собун мешуст ва баробари дамидани субҳ назди он рост истода, мӯи худро шона мезад. Оҳ, чӣ зулфони зебое дошт, то ҳол пеши чашмонам ҷилва мекунанд. Ӯ шона мезаду ман аз дуртар бозии кокулони ӯро тамошо мекардам. Соатҳо нигоҳамро намекандам, то он лаҳза, ки бобоям маро ҷеғ мезад.

- Эй Тодор, бузҳоят аз гуруснагӣ мемиранд!

Аҷаб дарди сар шуданд ин бузҳо. Онҳоро ба адир мебурдам. Бузҳо фориғ аз ғами дили ман мечариданд, шох ба шох зада, бозӣ мекарданд. Парво надоштанд, ки маро дар деҳа зани ҷавону нозанин мунтазир аст.

Ӯро пазмон мешудам. Мехостам шаб дар паҳлуяш дароз бикашам ва мижгонҳои зебояшро пуф кунам. Чунин одате доштам, гӯё як навъ бозӣ буд. Ҳамин ки бедор мешудам, то дами чашм кушоданаш пуф мекардам ба мижгонҳояш, ҳамин қадар ҳунар доштам, дигар ба коре сарфаҳм намерафтам. Як бегоҳ аз адир баргаштам. Силва дар хона набуд. Хона холӣ буд бе ӯ.

- Силваро бародаронаш бурданд, — ҳикоя кард бибиям. Вай розӣ набудааст, лекин онҳо дағалона ӯро ба як тараф тела дода, Силваро гирифта рафтаанд. Гуфтаанд, ки Силва ғайри сарулибос чизе намебарад. То ҳамсояҳо хабар шуда омадаанд, ки онҳо савори асп дар ҷангал ғайб задаанд.

Аҳволам чӣ тавр буд, намедонам, аммо даме ба худ омадам, бобо ба кампираш амр дод:

-Танобро биёр!

Маро ба сутуни хона баст.

- Андешаи гурехтан накун! Ту дар оила барои ман даркорӣ. Мехоҳам дар ин хона набераи Стефановҳо ба дунё биёяд. Баъд чор тарафат қибла.

Ба асп савор шуду бибиамро таъкид кард:

-«Оила»-ро эҳтиёт кун, кампир!

Кампир одати чолашро медонист, аз ин рӯ ҷуръат накард маро озод намояд.

Соате ҳазор бор мемурдаму боз зинда мешудам. Танҳо як гӯшаи диламро умеде тасаллӣ медод: ӯро бародарони ҳамхунаш бурдаанд, на ашхоси бегона.

Ин умедворӣ то дамидани субҳ ва бозгашти бобо давом дошт. Бобо бо сарулибоси пора-пора ва шалпару кӯфта баргашт. Либосҳои ӯро буттаҳои хордор тика — тика кардаанд. Ӯ бо хотири гирифта маро ба меҳмонхона тела доду ҳамроҳи бибӣ ба ҳуҷраи хоби худ рафт. Аз тунукии девор гӯш додам ба суҳбати онҳо.

- Мо дигар келин надорем!- бо таассуф хабар дод бобо, — Бародарони вай, сагҳои бӯйгир, донистаанд, ки хоҳарашон ҳанӯз дӯшиза аст, ӯро бурда, ба ивази ду буз ба Рифат фурӯхтаанд.

- Акнун чӣ ният дорӣ?

- Чӣ кор кунам? Метавонам дар як лаҳза Рифатро бо туфанги думилаам паронам! Қир намоям авлоди он хабисро, вале намехоҳам. Тодорро бори дигар зан медиҳам, набераро интизор мешавам. Сулолаи Стефановҳоро афзоиш додан лозим.

Аз ҳарфҳои бобо саропоям оташ гирифт. Гумонам, болои манқали оташ нишаста будам. Саҳарӣ бобоям рӯҳониро овард, то назди вай савганд ёд кунам, ки худамро ба дарё ғарқ намесозам. Бо касе даст ба гиребон намешавам. То он даме ки барои бобо набера набиёрам, баъд…

Аз бозгашти Силва ба деҳа алами дилам афзуд. Рифат ҳамсояи девордармиёни мо буд. Силва як моҳ аз хона набаромад. Шарм медошт: аз сару рӯи худ шарм медошт. Лаънатӣ гардану лаб ва рухсораҳои ӯро газида, сурху кабуд кардааст. Асли воқеаро баъд фаҳмидам.

Силва рӯзи нахустини ба ҳавлии мо омаданаш ба Рифат маъқул шудааст: даме ки рӯи ҳавлии мо ба сони товус мехиромид. Деворро сӯрох карда, аз он ҷо мепоидааст. Вай аз ман ҳафт сол калон буд, як ҷавони коҳилу нокора.

Рифат ду буз дошт, ду бузи ришдароз ва ба гардани онҳо зангӯлаҳои калон овехта буд. Ин зангӯлаҳо чунон баланд садо медоданд, ки аз дуриҳо ба гӯш мерасид. Бародарони Силва- Красомиру Радомир даҳмардаанд. Мумсику чизпараст, барои онҳо буз бошаду зангӯла. Ва бо Рифат савдо кардаанд. Онҳо бузҳоро харидор, вай-хоҳарашонро. Мехостам як лаҳза Силваро бинам, вале ӯро даруни хона нигоҳ медошт. Оқибат илоҷашро ёфтам, ҳамин ки торикӣ чодари хешро рӯи деҳа партофт, болои бом баромада, паси мӯрии дудбаро пинҳон шудаму ба тирезаи Рифат нигаристам. Вақте ки чароғи керосиниро афрӯхтанд, хона равшан шуд. Ҳама чизро дидан мумкин буд: хӯрок хӯрдан, ҷойгаҳ партофтан, хоб рафтан…. Рифат камарбандашро мекушояд, сари Силваро боло мекунад, манаҳашро бо панҷаҳояш маҳкам медорад ва бадхашмона лабу даҳонашро мебӯсад.

Шаби дуюму сеюм ҳам ин воқеа такрор ёфт. Бибӣ ҳоли маро пай бурда, бо изтироб ба чолаш қисса кардааст.

- Бигзор азоб кашад! — мегӯяд бобо, — ғазабаш биёяд, омӯзад, ки бо духтар бозӣ не, хонадорӣ кардан лозим буд.

Аз ин дарди пурсӯз танҳо интиқом наҷот медод, маро. Даруни ҷойгаҳ, дар саҳро, хулоса дар ҳама ҷо андеша мекардам, ки сари ӯро бо табар ҷудо кунам ё бо корд синаашро бишкофам. Мехостам бо ҷонканиҳои зиёд бимирад-якбора не, оҳиста-оҳиста. Сесад бор мекуштам Рифатро ҳар шаб…

Бемор шудам. Бобоям тарсид. Барои ман не, барои оилаи Стефановҳо, маро ба Триград бурд-назди Лилиянаи ғафс. Вай ба ман оби гиёҳеро нӯшонд ва равғанҳои ҳархеларо ба баданам молид, дар як ҳафта сари по шудам. Бобоям маро ба деҳа наовард, дар Триград раҳо сохт ва Лилиянаро таъкид кард, ки то ришу мӯйлаб набарорам, ба деҳа нафиристад.

Баъди як сол ба оразам хати сиёҳе дамид. Он қадар риши ғулӣ нею ба ҳар ҳол монанд буд ба риш. Ва бобоям ба суроғи ман омад.

- Мехоҳӣ, маро зан бидеҳ! — гуфтам ба бобоям, — хоҳӣ ба замин гӯр кун, аммо ба Рифат чаққа нашав! Худам бо ӯ ҳисобамро баробар мекунам.

Дар Триград хонадор шудам. Ин дафъа ҳамааш хуб анҷомид, тифл ҳам ба дунё омад. Дар нуҳ моҳ не, баъди ҳафт моҳ! Зани қобиле будааст ё аз афташ бача пай бурдааст, ки кӯки чашми бобо дар роҳи ӯ канд, пеш аз муҳлат ба дунё чашм во кард. Табассуми боборо ёд надоштам, вале он рӯз пайваста механдид… Ва дар бистари марг афтод. Пеш аз фавт маро наздаш хонд:

- Тодорҷон, шукри Худо, ки рӯи набераро дидам, алъон меравам ва ба падарат ин хушхабарро мерасонам. Рифатро ба ту ҳавола мекунам!

…Бобоям осуда рафт ва зану тифлу Рифати майхораро ба ман ҳавола кард. Хайр, Тодор, бинем, канӣ қуввати кашидани ин борро дорӣ? Се бор! Душман, тифл ва зан!

Рӯзе, ки бачаи мо роҳравак шуд, Силва ҳам кӯдаке сари даст ба кӯча баромад. Рӯяшро бо рӯймолаш печонда буд, аммо нигоҳаш зуд-зуд ҷониби хонаи мо мегашт, маро меҷуст.

Девори саройро сӯрох кардам ва аз он ҷо тамоми ҳаракатҳои Силваро тамошо мекардам. Ман аз сӯрохии сарою Рифат аз тиреза. Занам аз пушти ман назорат мебурд, аммо на ҷанҷол мекард, на ҷиддӣ диққат медод ба рафтори ман.

Рӯзҳо мегузаштанд яке паси дигар. Бузҳоро ба чаро мебарам, шитоб мекунам, ки шоли сиёҳи шаб паҳн нагашта, ба хона биёям. Ба назди сӯрохии сарой рафта, мунтазири Силва мешавам. Агар ӯро бинам, ғазабам паст мешавад, хастагиам мебарояд, агар набинам, тамоми шаб аз алам дандонҳоям ғиҷиррос мезананд. Дар хоб Рифатро буғӣ менамоям, заҳр медиҳам.

Девори байни ҳавлӣ фурӯ рехт, вале ҳисоби мо дар дил монд. Рифат ҳам тағйир наёфт, бадтар шуд. Менӯшид ва масту мадҳуш, афтону хезон меомад. Аз арақ мегирифт аламашро. Рӯзе дарахти бед болояш ғалтиду маъюб шуд. Духтари онҳо шавҳар карду ба дигар деҳа рафт. Силва ва Рифат танҳо монданд. Девори нимвайронро тела дода, назди Силва рафтам, чунонки ба назди зани худ меравӣ. Аз ҳавлӣ ба ҳуҷраи Рифат даромадем. Баъди чил сол се нафар бори аввал якҷо менишастем. Хостам Силваро пеши чашмаш ба оғӯш кашам, бинаду сӯзад, мисли ман, аммо рухсат надод.

- Ҳамин кофист,- мегӯяд Силва,- ки ҳар ду ин ҷоем!

Рифат хунук мехӯрад ва Силва ҳезум надорад. Ман ба ҷангал рафта, ҳезум меорам. Хорҳо ба сару рӯям мехаланд, вале он лаҳза, ки ҷангалбон ба хоби роҳат меравад, ҳезумро бо сад азоб кашола карда меорам ва бадани он шахсеро, ки дари бахтро ба рӯям баст, муҳаббати покамро поймол намуд, гарм мекунам. Онеро хурсанд менамоям, ки тайи чил сол дар оташи дарду алам сӯхт маро. Аз ин кори нангин даст кашида наметавонам. Агар ман наравам, Силва ба ҷангал меравад… Магар як зани муштипар аз уҳдаи ҳамаи ин мебарояд? Ҳамаи ин корҳо ба дӯши Тодори ҷафодида…

Аҳли деҳ мегӯянд: ҳамсояи наҷиб, одами некдил… Аммо афсӯс, сирри дили маро намедонанд. Марги Рифатро интизорам, то ба Силва хонадор шавам. Дареғ… ин бадкирдор ҳеҷ мурдан надорад. Мехоҳам ҳамроҳи Силва рӯи ҷойгаҳ дароз кашам, мисли зану шавҳар. Ҳайф, ки байни мо Рифат чун кунда хуфтаасту аз ҷо барнамехезад. Шояд ману Силва мисли зану шӯ хоб равему чун хоҳару додар бедор шавем. Гоҳҳо фикр мекунам, ки ӯ азоб мекашад, мо азоб мекашем ва ҳеҷ не, ки ҷаҳаннам дарашро ба рӯи вай боз кунад.

Инак, ӯро на бӯғӣ кардаму на ғарқ: боз нигоҳи ману Силва ба ҳам бармехӯрад.

Вай нобакор ҳоло аз хунукӣ меларзад. Мо дар нимароҳи зиндагӣ ғарқи хаёлем…

Аз русӣ тарҷумаи

Диловари МИРЗО.

Н. Ҳайтов «Дикие рассказы»,

Сафия — Пресс ( 1977)