Оини наврӯзӣ дар Бадахшон

№36 -37 (4142 - 4143) 21.03.2020

khorog1_1Сухан гуфтан аз оину маросими наврӯзӣ саҳли мумтанеъ маҳсуб мешавад. Оё дарки маънии нави марбут ба оинҳои наврӯзӣ ва мафҳумҳои он дарки субъективӣ аст? Оё дарки субъективӣ боис ба тарғиби нодурусти мафҳуми оинҳои наврӯзӣ намегардад? Бо дарназардошти чунин матраҳ гардидани масъала зарур медонем оид ба оину маросиме, ки феълан дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон роиҷанд, дахл намоем.

Дар ибтидо мехоҳам аз профессор Нисор Шакармамадов ёд кунам, ки умрашро сарфи ҷамъоварӣ ва таҳқиқи эҷодиёти шифоҳию китобӣ, расму оинҳои наврӯзӣ намуд. Номбурда ду рисолаи таҳлилӣ ва тадқиқӣ — «Наврӯз дар Бадахшон (расму оинҳо)»  ва «Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон»-ро  мунташир сохт, ки аз муътамадтарин сарчашма барои шинохти мафҳум ва моҳияти ҷашн маҳсуб мегарданд. Албатта, хизмати мардумшинос М. С. Андреев, муҳаққиқи расму оини мардумӣ И. Муҳиддинов, доктор Аҳмад Ҷовид ва дигарон низ дар дастрас намудани маълумот доир ба таҷлили Наврӯз дар Бадахшон низ қобили таҳсин мебошанд.

Иртиботи Наврӯз бо офариниш. Дар ин хусус муҳаққиқон андешаи гуногун баён намудаанд. Алӣ Шариатӣ, аз донишмандони маъруфи Эрон дар ин масъала нисбатан ошкорбаёнтар аст. Ӯ менависад: «Наврӯз рӯзи нахустини офариниш аст, ки Ҳурмузд даст ба хилқати ҷаҳон зад ва шаш рӯз дар ин кор буд ва шашумин рӯз хилқати ҷаҳон поён гирифт ва аз ин рӯ, нахустин рӯзи Фарвардинро Ҳурмузд ном додаанд ва шашумин рӯзро муқаддас шуморидаанд».

Ба қавли профессор Н. Шакармамадов, «дар навиштаҳои қадимӣ аз Наврӯз ба номи рӯзе, ки Каюмарс ё нахустинсон офарида шудааст, ёд мешавад». Баъдтар ин  масъаларо Ҳаким Фирдавсӣ ба рӯзи оини тахту кулоҳ овардани Каюмарс  ва инчунин ба рӯзи ба тахти заррин ва ба адлу дод пардохтани Ҷамшед рабт дод

Ҳаким Умари Хайём андешаи Фирдавсиро тақвият дода, Каюмарсро «чун аввалин мулуки Аҷам, ки ба подшоҳӣ нишаст» ва «хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳаду таърих созад, то онро бидонанд», тасвир намудааст.

Абӯрайҳони Берунӣ ривояти дуюми Фирдавсиро тақвият дода, онро ба дину оини нав, ки Ҷамшед овард, пайваст. Чунончӣ: «Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

Ба дину оин марбут будан ва «бузургу муаззам» будани Наврӯз ҳамоно пайвастагии онро ба Офариниш нишон медиҳад ва дар миёни ҳама афкор ба Офариниши нахустин Инсон иртибот пайдо кардани Наврӯз моҳиятест, ки дарки он барои инсон хеле зарур.

Сокинони Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзро бо унвони «Шогун айём» ва «Хидир айём» ном мебаранд. «Шогун» калимаи қадимаи тоҷикии форсӣ буда, асли баромадаш аз «шугун»-и санскрит аст. Дар лаҳҷаҳои тоҷикии мардуми навоҳии Ванҷу Дарвоз ин калима то ба ҳол ба гунаи «шавгун» истифода мешавад. Маънои луғавии «шавгун»  «фоли нек», «хайр ва муборак шуморидани чизе» буда ва маънои аслиашро «ид», «ҷашн» мегӯянд.

Оини мардум аст, ки пас аз такидани асбобу анҷом ва гилему палоси хона, тозаву пок намудани аршу фарши он одамон бо химчаи муғчабастаи дарахт ва изҳори «Шогуни баҳор муборак!» ба хона дохил мегарданд. Муҳаққиқон онро ба «Фоли неки баҳор муборак!» ё «Хайри баҳор муборак!» тафсир намудаанд, вале ба андешаи ин ҷониб, мафҳуми он муборак шумурдан ва муборак гуфтани «Тавлиди баҳор», «Офариниши баҳор» ва «Хилқати баҳор» аст. Ин андешаи моро ҷавоби соҳибхона, ки ордро чун рамзи фоли нек ва бахти сафед ба китфи рости меҳмон  мепошад ва мегӯяд: «Бо рӯи шумо муборак!»

«Хидир» дар забони шуғнонӣ, ки яке аз қадимтарин забонҳои шарқиэронӣ аст, ба мафҳумҳои «пеш», «нахуст» ва «аввал» далолат мекунад. Дар фаҳмиши имрӯза ин калима ба мазмуни «калон» истифода мешаванд.  Бар асоси чунин мазмун, «Хидир айём», яъне Наврӯзро «иди калон», «иди бузург» ё «иди идҳо» тафсир кардаанд.

Яке аз муҳимтарин далелҳои ин эътиқод арзи вуҷуд намудани тақвими махсуси тоҷикони кӯҳистон ва асосан, сокинони манотиқи баландкӯҳи Помир мебошад. Бояд гуфт, ки ин тақвим то ба ҳол низ мавриди истифодаи мардуми ин сарзамин қарор дорад. Маълумот оид ба ин тақвим ва тақвимоти ба он монанд дар рисолаи илмии пажӯҳишгари тоҷик М. Ш. Холов «Тақвимҳои кишоварзии тоҷикони кӯҳистон» як навъ ҷамъбаст гардидааст.

Ҳамин тариқ, маросим ва суннатҳое, ки дар арафа ва баъди Наврӯз баргузор мешаванд, бо инсон ва эътиқоду тафаккур пайвастагӣ доранд. Дар бораи онҳо дар дигар сарчашмаҳо далели зиёд мавҷуданд ва «Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон» як навъ ҷамъбасти ин масъала маҳсуб мешавад.

Варқа ОХОННИЁЗОВ , доктори илмҳои филология