ҶОИЗАИ БА НОМИ АШӮР САФАР НАСИБИ ЗАФАР МИРЗОЁН ШУД

№ 17.05.2016

1335346515_zafar-mirzoyonДар шаҳри Кӯлоб ҳамасола моҳи май маросими супоридани ҷоизаи ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар баргузор мегардад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб чанд сол қабл ба хотири  бузургдошти номи Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар ҷоизаи адабӣ таъсис дода буд, ки то имрӯз як зумра шоирону нависандаҳо ва фарҳангиёни  ин шаҳри бостонӣ сазовори он шуданд. Ба ин мақсад чанде пеш дар пояи муҷассамаи шоир ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, шоир Абдулҳай Қаландар, идомадиҳандаи пешаи падар- шоир Файзи Ашӯр ба сухан баромада, аз Ашӯр Сафар ба некӣ ёдовар шуданд. Дар анҷоми ҷамъомад муовини раиси шаҳр Рустам Неъматзода ҷоизаи Ашр Сафар ба ховаршинос Зафари Мирзоён тақдим намуд.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»