Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, ки аз соли 2019 инҷониб таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, дар ҳаёти фарҳангии кишварамон рӯйдоди муҳим маҳсуб меёбад.
Хонандаи синфи 11-и МТМУ №50-и шаҳри Ҳисор Некрӯз Саидниёзов имсол бо ҳунару маҳорати баланд дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри шашмақом, сазовори ҷойи аввал гардид.
Мавсуф бо туҳфа, диплом ва маблағи 35 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд. Ин дастоварди дилдодаи санъати миллиро метавон ҳамчун намунаи истеъдод ва муҳаббат ба Ватан арзёбӣ кард.
Ғолиби озмуни ҷумҳуриявиро ҳамдеҳагон ва коллективи мактаб бо камоли ифтихор пешвоз гирифтанд. Бояд иброз дошт, ки озмуни мазкур ҳамчун минбари тақвияти ҳунар ва муайян сохтани нафарони боистеъдод, ки метавонанд дар ҷодаи санъату фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузоранд, нақши муҳим дорад.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»