Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» муайян гардиданд

№145 (4885) 28.11.2024

DSC_487922-юми ноябри соли равон  дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» доир шуд.

Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни «Вассофи Ватан» тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат нисбат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳиб­истиқлолӣ, шинос намудани сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ бо табиати зебоманзари мамлакат ва эҳёи ҳунарҳои мардумию армуғонҳои миллӣ буд.

Фестивал-озмун дар чор номинатсия — «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса, роман, достон ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари даст­овардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» аз моҳи апрел то моҳи ноябр идома ёфт.

Дар номинатсияи «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса, роман, дос­тон ва ғайра)» ҷойи якум ба Сипеҳр Ҳасанзод, ҷойи дуюм ба муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло ва ҷойи сеюм ба Анвар Юсуфов дода шуд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифӣ» Дилбар Наҷмиддинзода ҷойи якум, Амирҳамза Давлатов ҷойи дуюм ва Умед Шарифзода ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ» ҷойи якум ба Афзалшоҳ Баҳодуров, ҷойи дуюм ба Масрур Меликзода ва ҷойи сеюм ба Сайнуриддин Исмоилзода дода шуд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ» ғолиби ҷойи якум Марзия Саидова, ҷойи дуюм Саидакбар Ҷалолов ва ҷойи сеюм Ҷаҳонгир Сафарализода гардиданд.

Ба ғолибони ҷойҳои якум 7 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм 5 ҳазор ва ҷойҳои сеюм 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ