Дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Деваштиҷ озмун барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ ҷамъбаст гардид. дар шаҳри Конибодом дар озмуни «Оилаи намунавӣ» оилаи Кимсановҳо аз деҳоти Ғафурҷон Ортиқов беҳтарин дониста шуд: Ҷойи дуюм насиби оилаи Шукуровҳо аз деҳоти «Пӯлодон» ва ҷойи сеюм насиби оилаи Холматовҳо аз деҳоти «Лоҳутӣ» гардид.
Дар озмуни «Хонаи беҳтарин» ҷойи аввалро Ғиёсов Наримон аз деҳоти Ортиқов, ҷойи дуюмро Муродов Рустам аз деҳоти Раҷаб Ҳамробоев, ҷойи сеюмро Юсуфовҳо аз деҳоти «Пӯлодон» соҳиб шуданд.
Дар озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» бошад, маҳаллаи «Ҷавонон» сазовори ҷойи аввал гардид. Деҳаи Диловарони деҳоти Ғафурҷон Ортиқов бошад «Деҳаи беҳтарин» дониста шуд.
Аз миёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Деваштиҷ деҳоти «Яхтан» ва аз миёни 55 деҳаи ноҳия деҳаи Истиқлол ҷойи аввалро сазовор шуданд. Оилаи Фаррух Нуруллоев аз шаҳраки Ғончӣ оилаи беҳтарин, хонаи собиқадори меҳнат Фотима Холова аз деҳаи Ростровути деҳоти «Ростровут» «Хонаи беҳтарин» ва маҳаллаи Файзободи шаҳраки Ғончӣ «Маҳаллаи беҳтарин» дониста шуданд.
Ғолибони мусобиқаҳо ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»