Чанде пеш Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон озмуни суруду оҳанги беҳтаринро таҳти унвони «Навои ваҳдат» эълон карда буд.
Мақсад аз баргузории онро мутасаддиён ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон, анъанаҳои гаронарзиши миллӣ, ифтихор аз Тоҷикистони азиз ва мероси пурғановати ниёгон арзёбӣ намуданд. Озмун ду моҳ идома ёфт ва ба Кумитаи тадорукоти он 23 асари мусиқӣ пешниҳод гардид. Тавре раиси Иттифоқи композиторон Хуршед Низомов 10 ноябри соли равон зимни натиҷагирӣ аз озмун гуфт: «Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон 12 асар, ки маҳсули эҷоди оҳангсозон Н. Ҳамдамова, Ф. Баҳор, Ш. Қосимов, З. Нишонов, А. Тошматов, З. Турдалиев, Р. Баротов, Қ. Қурбониён, П. Мародесейнов, Б. Тошев, Ҷ. Исмоилов ва Ҳ. Пиров мебошад, ғолиби озмун дониста шуданд. Асарҳои ба озмун пешниҳодшуда барои иҷрои оммавӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат ва муассисаҳои эҷодӣ-касбӣ тавсия гардидаанд. Ҳамчунин, ин асарҳо аз ҷониби Иттифоқи композиторон ва Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шакли маҷмӯаи асарҳои нотавӣ ба нашр расонида мешаванд».
Дар охир ба ғолибони озмун раиси Кумитаи иҷроияи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»