Сонияҳо ба дақиқаҳо, дақиқаҳо ба соатҳо… моҳҳо ба солҳо мубуддал мешаванд ва аз мо мегузаранд, моро раҳо мекунанд. Мо наметавонем замонро нигаҳ дорем, пеши роҳашро бигирем ва аз он бихоҳем, ки бо мо бимонад. Замон меравад, вале дар пайкари мо нақши худро мегузорад. Мӯи сарамон сапед мешавад, чашмонамон камнур мегардад, ожангҳоямон бештар менамояд, қоматамон хам мехӯрад, тани дурустамон заъф пайдо мекунад. Бо ин ҳама замон муаллими беминнати мост. Ба мо имкон медиҳад, ки зиндагиро таҷриба бинмоем, равшаниро аз торикӣ ва некиро аз бадӣ ҷудо созем.
Соле мераваду соле меояд, шумораҳо тағйир меёбанд, ҳатто ба бовари ниёгонамон хуршед аз нав таваллуд мешавад ва ин мелод Наврӯзро дар пай дорад. Мо чӣ, бо гузашти соле тағйир ёфтаем? Шукуфоӣ ва растагориро таҷриба кардаем? То чӣ ҳадде ба худ камол бахшидаем? Оё ҳар субҳ саломи ИШҚро посух додаем? Аз ҳавои муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат… нафас кашидаем? Ба ҳурмати як табассум, як нигоҳи пур аз ниёз қиём намудаем?
Ҷаҳон ишқ асту дигар зарфсозӣ,
Ҳама бозист, илло ишқбозӣ.
Ҷанг, душманӣ, номеҳрубонӣ ними дунёро фаро гирифтааст. Бадгумонӣ, бадрафторӣ, андешаи ман ҳаққам ту ноҳақ ҳастӣ, ман покам ту нопок ҳастӣ мағзҳоро тира бинмуда, одамиятро мисли мори бузурге фурӯ мебарад. Дар миёни ин ҳама тазод худро дарёфтан, одамияти хешро тақвият бахшидан, аз асли хеш бохабар шудан, рисолати худро шинохтан муҳим аст.
Ҳоло, ки соли нав омадааст, дар чархиши табиат дигаргуние рух додааст, беҳтар он нест, ки мо ҳам ба ғусли таъмид машғул шавем, худро бишӯем ва покиро интихоб кунем. Худро бо табиат ҳамоҳанг созем, зебоиҳои онро мушоҳида кунем, аз гулу сабза, боғу дашту кӯҳу дарё баҳра барем. Бидонем, ки ин ҳама хубиҳо, зебоиҳо моли ваҳдат аст. Вақте инсон ин ҳама зебоиҳоро дар саҳро, даштҳо, боғҳо, рӯдҳо, кӯҳҳо… мебинад, рӯҳаш меболад, эҳсоси ошиқонааш ба туғён медарояд. Он гоҳ шеър мегӯяд, мусиқӣ эҷод мекунад, даст ба наққошӣ мезанад. Яъне, зебоӣ зебоӣ меофарад.
Ба инсонҳо хубӣ кардан, дилеро бардоштан шодиофарин аст. Мо вақте ба ҳам хубӣ мекунем, ваҳдат ба вуҷуд меояд, дурӣ, ҷудоӣ, бетафовутӣ аз байн меравад. Аз ғам, аз ҷудоӣ бояд парҳез кард. Ғам инсонро мехӯрад, нобуд мекунад. Ғам душмани шодӣ аст.
Шайтони ғам ҳар он чӣ тавонад, бигӯ, бикун,
Ман бурдаам ба бодафурӯшон паноҳ аз ӯ.
Бузургтарин ниёзи мо, инсонҳо, дар соли нав сохтани корхонае аст, ки шодӣ тавлид бикунад. Мо ба чунин корхона муҳтоҷем. Агар дар Тоҷикистон 10 миллион одам зиндагӣ мекунад, пас, бояд 10 миллион корхонаи шодӣ бисозем. Яъне, ҳар як сокини Тоҷикистон бояд як корхонаи тавлиди шодӣ бошад. Мо ин корхонаро дар вуҷуди худ месозем. Матои онро зебоӣ қарор медиҳем ва нақшҳое аз доноию некӯӣ дар он матоъ падид меоварем.
Саъдӣ Шерозӣ мефармояд:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Ин муаллими бузурги ахлоқ таъкид мекунад, ки одамон мисли аъзои як бадан ҳастанд ва офариниши онҳо аз як гавҳар аст. Агар як одам гирифтори ранҷу дард бишавад, ин ғаму дарди ӯ ба дигарон низ сироят мекунад. Аз ин ҷост, ки набояд ранҷи дигаронро нодида бигирем ва аз доираи одамият берун бишавем.
Мӯнису ҳамдам, дастгиру мададгори якдигар будан, ғами дилҳоро зудудан, шодӣ тавлид кардан рисолати инсонии мост. Барои ин корҳоро анҷом додан мо бояд ба огаҳӣ бирасем. Корхонаи тавлиди шодиро дар замири хеш фаъол бисозем.
Нек андешидан, хубӣ кардан, ростиро пеша сохтан, ба сӯи доноӣ майл намудан, аз бадиҳо парҳезидан ба инсон боли парвоз медиҳад ва шодии ӯро бо шодии табиат яке месозад.
Ривояте ҳаст, ки модари башарият Ҳавво рӯи шохаи гуле ба дунё омад ва аз рӯи он шохаи муаттар ба замин фаромаду обро дид. Дар об акси осмон метофт. Ҳавво барои тамошои он ба лаби об рафт ва дар об духтари соҳибҷамолеро дида мафтун гашт. Ин акси худи ӯ буд, ки ошиқаш шуд.
Шохаи муаттари гул, обу акси осмон ва симои зебои худаш дар замири Ҳавво эҳсоси ишқро, покиро ва хубиҳоро бедор кард. Ин ҳодиса ба он хотир рух дод, ки мо – фарзандони ӯ зебоиро бишносем, ҳамон зебоиро, ки айни ҳақиқат аст ва ҳақиқате, ки айни зебоист.
Соли нав бо нигоҳи пурмеҳр ва оғӯши гарм ба истиқболи мо омадааст. Пас, биёед, мо ҳам меҳрубониро, табассумро, саломро фаромӯш насозем.
ВОРИС,
«Садои мардум»