Омезиши дин ва сиёсат-омили тавсеаи ифротгаройии динӣ

№№9-10(3646-3647) 31.01.2017

Политика и религияТАДЖДин ва сиёсат ду мафҳуми ба ҳам зид буда, яке (дин) ба зиндагии онҷаҳонӣ ва дигаре (сиёсат) ба зиндагии инҷаҳонӣ иртибот мегиранд. Аммо дар таърихи зиндагии инсонӣ ҳолатҳое вомехӯранд, ки дину сиёсат ба ҳам омезиш ёфта, боиси низоъ ва беназмӣ гардида, ҷомеаро аз масири рушду инкишоф боздоштаанд. Агар масъалаи омезиши дину сиёсатро дар таърихи сиёсию фарҳангии миллӣ мадди назар қарор диҳем, ба хубӣ дармеёбем, ки ба ҳам омадани ин ду буҳронро дар заминаҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дунбол карда, харҷу марҷро миёни табақаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд овардааст. Аз тарафи дигар, таърихи сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангии мардуми форсу тоҷик гувоҳ аст, ки ҳатто дар сатҳи устуравӣ-мифологӣ мо аз ҷудо будани дин ва сиёсат дар қолаби устураи Ҷамшед далели асосноки илмӣ ва сиёсӣ дорем.

Устураи Ҷамшед – шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихии миллӣ  баёнгари воқеият ва ҳақиқати дин ва сиёсат дар низоми зиндагии иҷтимоӣ мебошад. Устураи Ҷамшед ва ёдоварӣ аз ӯ дар қолаби муколамаи  Аҳурамаздо ва Зардушт дар фаргарди (фасли) дуюми китоби Вандидоди Авасто  муфассал арзёбӣ мешавад. Интихоб намудани шаҳриёрӣ (на пайғамбарӣ) аз ҷониби Ҷамшед ва уҳда кардани корҳои заминӣ (на осмонӣ, ки кори паёмбарон аст) шахсияти заминӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, инҷаҳонии  Ҷамшедро нишон медиҳад. Ӯ рӯирост иқрор мешавад, ки аз уҳдаи корҳои осмонӣ (динмадорӣ) намебарояд ва имкони ободу зебо кардани замин ва фарох намудани онро тавассути ақлу фазилати инҷаҳонӣ ё дунявӣ дорад. Дар муқобил, аз надоштани имкони ба осмон рафтан ва он ҷо салтанат кардан сухан пеш меоварад. Ба ин минвол, ҷудоии дин ва сиёсат дар паҳнои мифологияи миллӣ аз устураи Ҷамшед шурӯъ мешавад ва таҷрибаи устуравӣ дар сохтмони давлатдории миллӣ дархӯр аст. Илова бар ин, Ҷамшед дар манбаи баъдина – «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ  дар сохтмони давлат ва ҳукумат аз неруи динмадорон истифода намекунад, баръакс, намояндагони дин (котузиён-рӯҳониён)-ро ҷойгоҳи дигар барои анҷом додани ибодат таъин мекунад, то ба кори давлатдорӣ ва сиёсат дахолат насозанд. Ҳамин тариқ, ниҳодбандии иҷтимоӣ ё ба истилоҳ, институтсионализми сотсиалӣ нахуст дар қолаби бовару устураҳои бумии Ҷамшед ва Фаридун ба вуҷуд омада, минбаъд дар сохтмони давлатдории Модӣ (модҳо), Ҳахоманишӣ, Ашконӣ, Сосонӣ, Сомонӣ ва имрӯзӣ корбаст гардидааст. Ба ин абёти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таваҷҷуҳ мекунем:

Гурӯҳе, ки котузиён хониаш,

Ба расми парастандагон  дониаш,

Ҷудо кардашон аз миёни гурӯҳ,

Парастандаро ҷойгаҳ кард кӯҳ.

Бад-он то парастиш бувад корашон,

Навон пешравшан ҷаҳондорашон.

Ҷудо кардани котузиён ё рӯҳониён (динмадорон) ва дар кӯҳ ҷойгоҳ додани онҳо ба он мақсад сурат гирифта буд, ки ба ибодати воқеӣ машғул шаванд ва аз ҷониби дигар, дар сохтмони давлатдорию ҷомеасозӣ, ки кори инҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, ширкат наварзанд, зеро ки таҷрибаи ин корҳоро надоранд. Онҳо бояд дар ҷойи сокиту хомӯш ва дур аз ҳавас—кӯҳ, дар оғӯши табиат ба тақвову зуҳд иштиғол варзанд ва барои омода намудани мардум ба зиндагии ухравӣ-онҷаҳонӣ саъю талош намоянд. Албатта, Ҷамшед ба сифати шаҳриёри донишманд, зирак, ҳушёр, таҷрибадор ва мушоҳидакор медонист, ки дар сурати ба ҳам омадани дин ва сиёсат кор дар ҳама самт хароб мешавад, чунки мувозинати тарозуи иҷтимоӣ ва сиёсӣ аз байн меравад ва тамоми вазн дар як паллаи тарозу ҷо мегирад. Мусалламан, азбайнравии мувозинат ба сабаби дар як ҷо мунсаҷим шудани ду падида – дин ва сиёсат сурат мегирад. Таҷрибаи талхи дигар дар ин замина дар замони салтанати Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ ба даст омад ва бар мабнои ин таҷриба, ба кори давлатдорӣ (сиёсат) ҷалб шудани муғону мубадони зардуштӣ охируламр боиси шикасти империяҳои бузурги Ҳахоманишӣ (ба дасти Искандари Мақдунӣ) ва Сосонӣ (ба дасти арабҳо) шуд. Дар дастгоҳи салтанати Сосониён рӯҳонияти зардуштӣ ба ҳайси маслиҳатгару машваратчӣ ҳузур пайдо карда, бо решадор кардани хурофоту таассуби динӣ пояҳои империяи ҷаҳониро заиф намуда, ниҳоят, салтанати сосониро аз саҳифаи таърих барканданд. Ба дунболи ин, вақте ки таҳоҷуми арабӣ-исломӣ  ба сифати фишанги сахти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҷисмӣ-физикӣ, идеологӣ ва сиёсӣ тору пуди ҷомеаи тоҷикро фаро гирифт, паҳлавонону сарлашкарони миллӣ ба ҷомеа ҳушдору нидо дардоданд, ки дин ва сиёсати аҷнабӣ вориди майдони миллӣ мегардад ва ҳувияти миллиро дар ҳар шакле нобуд месозад. Ба ин мазмун Фирдавсӣ аз забони қаҳрамонаш фарёд зада буд:

Чу бо тахт минбар баробар кунанд,

Ҳама ном Бубакру Умар кунанд. 

Дар замони салтанати Сомониён ҳам омезиши дину сиёсат ва ба кори давлатдорӣ ва сиёсӣ ҷалб намудани рӯҳонияти исломӣ решаҳои давлати миллиро заиф намуда, мунҷар ба ташаннуҷи низоъ ва даргириҳои иҷтимоӣ дар шакли роҳандозӣ шудани нифоқи суннию шиӣ, қарматию рофизӣ гардид. Андӯхтани таҷрибаи талхи омезиши дин ва сиёсат ва муҳимтар аз ин, ибрат гирифтан аз ҳаводиси даҳшатборе, ки дар пайи ба ҳам омадани дину сиёсат иттифоқ афтодааст, дар шароити муосири бозиҳои геополитикӣ ва бархӯрди тамаддуну манфиатҳо метавонад амнияти миллию давлатиро ҳифз намояд.

Дар Аврупо, замони Эҳё ё Ренесанс, як навъ инқилоби фалсафӣ ва илмӣ дар майдони зиндагии иҷтимоӣ нуфуз пайдо кард ва бузургоне назири  Николай Коперник, Ҷордано Бруно, Галилео Галилей ва дигарон дар асоси  донишу таҷриботи илмӣ зиндагии мардумро сомон бахшиданд. Ҳарчанд ки  дин ва сиёсат дар симои рӯҳониёну сиёсатмадорони вақт дасти ба даст дода, дар шикасти қолабҳои  созандаи сиёсӣ, фикрӣ, фалсафӣ, мантиқӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ  кӯшиданд, намояндагони барҷастаи интеллигенсияи аврупоӣ тавонист, ки бо ибтикороту ташаб­бусоти худ парда аз рӯи фиребу найранги калисои католикӣ (дин) ва сиёсати хашин бардорад. Дар ин амр нақши файласуфону мутафаккирони франсавӣ Мелйе, Волтер, Руссо, Монтескиё, Дидро ва дигарон, ки дар гарави ҷон ба майдони мубориза баромада буданд, бениҳоят бузург аст. Маҳз тавассути навиштаву ибтикори онҳо дин аз сиёсат ҷудо шуд ва тадриҷан дар низоми зиндагии аврупоӣ ҷойгоҳашро аз даст дод. Муборизаи беамон бо хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки меҳвари фаъолияти рӯҳонияти масеҳӣ дар калисои католикӣ  буд, ҷузъи ҷудонопазири зиндагии маорифпарварон ва мутафаккирону файласуфони франсавӣ гардид. Маҳз хидматҳои бедареғи мутафаккирону маорифпарварони франсавӣ буд, ки Аврупои имрӯза пешсафи илму фановарӣ мебошад. Ҷудо намудани дин аз сиёсат ғояи марказии низоми сиёсии дунявӣ ё секуляризм мебошад.

Бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ, безавқӣ, худхоҳию худбохтагӣ дар кишвари мо ибтидои солҳои навадуми садаи бистум даргириҳо сурат гирифт ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё бародаркушро доман зад. Вақте ки дин ба унвони ниҳоди сиёсӣ охири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навадуми садаи бист рӯи саҳнаи зиндагии миллӣ омад ва бо сиёсат омезиш ёфт, аллакай маълум буд, ки кор бо чӣ меанҷомад, вале худхоҳону худбохтагон дар пайи бароварда сохтани ниёзҳои ҷангалӣ ва иҷтимоии худ шуда, аз оқибати кор андеша накарданд (дар асл барои онҳо аҳамият надошт, ки бо ин миллату ин сарзамин чӣ мешавад) ва ҷомеаро ба дасти сарнавишт супурданд. Чӣ хеле ки маълум аст, ҷанги шаҳрвандии зиёда аз панҷсолаи мо (солҳои 1992-1997) дар баробари  хисороти  молию  ҷонӣ, зарари зеҳнӣ, ақлонӣ, ҳувиятӣ, мафкуравӣ ва маданӣ низ бар ҷой гузошт. Аз ҳама муҳим, омезиши дину сиёсат омили суқути илму дониш ва ташаннуҷу тавсеаи ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ гардид. Давоми даҳ-понздаҳ соли охир сиёсӣ кардани ислом ва бо сиёсат омезиш додани дин сатҳи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ-мазҳабиро миёни насли ҷавон ва миёнсоли тоҷик боло бурд, то ҷое ки имрӯз ҳам дар донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ нуфузи хурофоту ҷаҳолати диниро метавон ба хубӣ мушоҳида кард. Пайомадҳои хатарбори ҷанги шаҳрвандӣ ба унвони таҷрибаи сиёсӣ дар сохтмони давлати миллӣ  ва ба вуҷуд овардани муҳити солими муоширати мардумӣ кумак намуданд. Вале, чуноне имрӯз ҳам мушоҳида мекунем, гурӯҳе ошкору ниҳон ҳузури динро дар сиёсати миллӣ зарур медонад. Таҷрибаи башарӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳеҷ сурат ва ба ҳеҷ ваҷҳ, наметавон дин ва сиёсатро омезиш дод ва барои пиёда сохтани манофеи инфиродӣ ва гурӯҳӣ корбаст кард.

Нозим Нурзода, муҳаққиқ