Ҳомии қонуну адолат

№106 (4526) 26.08.2022

h-436 (1)Дар рафти ҷанги дохилии солҳои навадуми асри ХХ, ки сабаби асосии сар задани он фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти террористии наҳзат буд, ҳазорон фарзандони миллати тоҷик нобуд гардиданд. Мутаассифона, дар он замон аз дасти қотилони наҳзатӣ шумораи зиёди донишмандону равшанфик­рон, ҷавонмардони баномусу ҷасур низ ҷон бохтанд.

Мақсад аз ҷисман нобуд кардани сиёсатмадорон, олимону донишмандон ва эҷодкорону зиёиён аз ҷониби наҳзатиҳои террорист ба гумроҳӣ бурдани аҳолӣ, аз аслу насаби хеш дур сохтани халқ, задани теша ба решаи миллат ва бад-ин васила пиёда кардани ҳадафу нақшаи хиёнаткоронаву душмано­наашон буд. Зеро ҳузури шахсиятҳои огоҳу бедор ва фаъолияти миллатдӯстонаву меҳанпарастонаи онҳо монеаи бузург дар роҳи пиёда кардани аҳдофи нопоку палидонаи террористони наҳзатӣ буд.

Аз ин рӯ, саркардагони ташкилоти террористии наҳзат ва хоҷагону пуштибонҳои хориҷиашон сари мақсад омаданд, ки бояд шахсиятҳои саршиносу таъсиргузори ҷомеаро ҷисман аз байн баранд. Маҳз бо ҳамин мақсади касиф ҷаллодону қотилони наҳзатӣ шахсиятҳои маъруф, чун Моёншо Назаршоев, Мунавваршо Назриев, Абдураҳим Раҳимов, Ҳайдар Қосимов, Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Фатҳуллохон Шарифзода, Муродулло Шерализода, Махсум Олимӣ, Карим Юлдошев, Нурмаҳмад Атобеков ва садҳо рӯзноманигорону эҷодкоронро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд.

Яке аз чунин шахсиятҳои миллатдӯсту меҳанпараст ва ҳомии қонуну адолат Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки солҳои 1991-1992 дар вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Мавсуф намояндаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори генералӣ ва шахси ба касбияти худ содиқ ва донишманд буд.

Нурулло Ҳувайдуллоев пас аз хатми факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) аз солҳои 60-уми асри ХХ дар системаи прокуратура корро оғоз намуда, то ба дараҷаи прокурори генералӣ расид. Ӯ дар баробари намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олӣ ва прокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлол буданаш, дар як вақт муовинии раиси Иттиҳоди ҳуқуқшиносони ИҶШС ва раисии Иттиҳоди ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамчун номзади илми ҳуқуқшиносӣ, олими ҳуқуқдон ва устоди шинохта аз байни фарзандони меҳнаткаши одӣ теъдоди зиёди шогирдон, ҳуқуқшиносони маъруфро тарбия намудааст, ки имрӯз дар прокуратура, суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ садоқатмандона хидмат мекунанд ва посдори номи неки ӯ ҳастанд.

Қаҳрамони матлаб аз зумраи ҳуқуқшиносоне буд, ки риояи бечунучарои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаро бо қатъияти том талаб менамуд. Ӯ мутмаин буд, ки риоя нашудани қонун ва бе ҷазо мондани ҷинояткорон сабаби бадбахтӣ ва нооромии ҷомеа гардида, кишварро ба буҳрони сиёсӣ мувоҷеҳ мегардонад.

 Ба вазифаи прокурори генералии Тоҷикистон расидани номбурда ба солҳои аввали навадуми асри ХХ рост меояд, ки замони нооромиҳои сиёсӣ дар кишвар буд. Аз як сӯ, ба даст омадани истиқлолияти давлатии кишвар ва аз тарафи дигар, ба дас­ти хоинони миллаткуши наҳзатӣ бо роҳи зӯрӣ, ғайриқонунӣ, тарсафканӣ, ҷиноятпешагӣ мардуми ноогоҳро аз минтақаҳо ба пойтахт оварда, ба роҳ мондани табаддулоти сиёсӣ ва бо роҳи ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ аз воқеоте буданд, ки дар он замон дар кишвар рух доданд.

Ба ибораи дигар, Нурулло Ҳувайдуллоев замоне ҳамчун чеҳраи сиёсӣ ва давлатӣ эътироф гардид, ки дар кишвар омилҳои бадхоҳ ва вайронгар фазои онро мағшуш намуда, бо дастгирии қувваҳои беруна соҳиби пулу аслиҳа гардида, ҷиҳати бо роҳи зӯрӣ ва ғайриқонунӣ аз худ кардани ҳокимият ба мубориза шурӯъ намудааст.

Нурулло Ҳувайдуллоев, воқеан, ҳуқуқшиноси ҳирфаӣ ва шахси далеру ҷасур буд. Барояш волоияти қонун ва риояи он аз ҳама чиз болотар маҳсуб меёфт. Ҳамин буд, ки ҳарчанд он замон баъзе аз шахсиятҳои ниҳодҳои қудратӣ хиёнат варзида, ба алайҳи ҷинояту бесарусомонӣ чашм пӯшида буданд ё аз рӯи тарс мавқеи бетарафиро ишғол намуда, дар баробари ин гуна равандҳо ҳатто вокуниш намекарданд, Нурулло Ҳувайдуллоев бо ҷасорати том аз ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ пуштибонӣ намуда, бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ мубориза мебурд.

Нурулло Ҳувайдуллоев ҳеҷ гоҳ бо олами ҷиноӣ ва махсусан бо ҷинояткорони террористи наҳзатӣ созиш накард ва барои ҳар нафаре, ки қонунро вайрон намуда, аз чорчӯбаи он берун рафта буд, парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳоро ҳамчун ҷинояткор дар назди қонун муаррифӣ карда буд.

Террористони наҳзатӣ аз роҳҳои зиёд истифода намуданд, то ин нафарро ба тарафи худ моил созанд, аммо чун Нурулло Ҳувайдуллоев ахлоқи баланди инсонию касбӣ ­дошт, дилаш барои миллату кишвараш месӯхт, ҳеҷ гоҳ ҳайсияту виҷдону обрӯи хешро қурбони манфиатҳои пулию молӣ накард. Ҳамин буд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев ба як душмани сарсахти ҷиноятпешаҳои наҳзатӣ табдил ёфт ва қотилони миллаткуш тасмими ҷисман аз байн бурдани ӯро гирифтанд ва 24 августи соли 1992 ӯро  ҳамроҳи ронандааш ба қатл расониданд.

Террористони наҳзатӣ аввал мошини хизматии ӯро боздошта, ӯ ва ронандаашро аз мошин берун карданд ва амр намуданд, ки Нурулло Ҳувайдуллоев бояд ба зону нишинад ва аз онҳо узр пурсад. Аммо Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамчун кӯҳ устувор монд ва ба он палидон ҷавоби рад доду гуфт, ки ҳеҷ гоҳ аз ҷинояткору одамкуш узр нахоҳад пурсид. Пеши он разилон сар хам накард. Бо шунидани ҷавоби рад террористони наҳзатӣ ба зонуҳояш чанд тир заданд ва пас аз афтоданаш ӯ ва ронандаашро тирборон карданд.

Ҳамин тавр, ҳамагӣ пас аз ду ҳафтаи қатли Нурулло Ҳувайдуллоев, ҳафтуми сентябри соли 1992 бо зӯри аслиҳа Президенти қонунан интихобшударо маҷбуран ба истеъфо бурданд. Террори  Н. Ҳувайдуллоев сӯиқасд ба ҳуқуқ, қонун ва адлу инсоф буд, ки ба дасти ҷиноятпешагони наҳзатӣ махсус ва бо тарроҳии пешакӣ сурат гирифт.

Қотилон ҳуқуқдони машҳури собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муборизаву талош варзида, яке аз муаллифони лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои ҳаётан муҳим буд, бераҳмона куштанд.

Гоҳо инсон аз бешармиву палидии саркардагони ҷиноятпешаи наҳзатӣ, ки дар Аврупо имрӯз аз «ҳуқуқи инсон», «волоияти қонун», «ҳақиқату адолат» ҳарф мезананд, дар тааҷҷуб мемонад, зеро онҳо ҳамонҳоянд, ки дар соли 1992 волоияти қонунро дар кишвар аз байн бурданд. Ҳазорон нафарро ба қатл расониданд, кишварро ғорати сартосарӣ карданд. Яъне, нафароне, ки қонуну адолатро дар кишвар қатл карданд, мардумро гирифтори бадбахтиву оворагиву сарафкандагӣ карданд, имрӯз аз адолат ҳарф мезананд. Набояд фаромӯш созанд, ки амалҳои касифона ва бадбахтиҳои ба сари миллати тоҷик овардаашон дар зеҳнияти таърихии миллат сабт гардидааст ва онҳо бо ҳар чеҳрае, ки хешро вонамуд месозанд, чеҳраи хашини миллаткуши даҳшатафканашон ҳамеша бармалост.

Аммо хотираи неки Нурулло Ҳувайдуллоев дар қалби ҳар як тоҷикис­тонӣ маҳфуз аст. Тамоми ҳамватанони мо хотираи ин инсони шарифро ҳамчун муҳофизи қонуну адолат ва озодии Ватану миллат пос медоранд.

Раҷабалӣ ХАЙРУЛЛОЕВ,

ходими калони илмии АМИТ