Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа

№42 (4462) 02.04.2022

1032813652_7_0_1031_576_1920x0_80_0_0_45130071afc3738f1c5dbc6b5e3076f8Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, фарогири ҳама соҳаи муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар буд. Зимни он Сарвари давлат таърихи навини 30 соли даврони Истиқлолияти давлатиро мухтасар ёдрас шуда, дар бораи бунёдгузории давлати навини тоҷикон ва дастовардҳои мардуми кишвар изҳори назар намуданд. Ин дафъа низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид бар он дош­танд, ки фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ин нукта баёнгари он аст, ки дар сиёсати созандаи Сарвари давлат фарҳанг асоси давлатдорӣ эътироф шуда, таваҷҷуҳи доимӣ ба рушди он самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимони ҷомеашинос ва зиёиёни эҷодкор вазифа гузоштанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳар чӣ бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллиро ба таври шоиста иҷро намоянд.

Зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангиро барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон, бисёр муҳим арзёбӣ намуданд. «Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад», — таъкид гардид дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Воқеият аст, ки миллатҳои таърих ва фарҳангашон қадимӣ дар зарфи ҳар чанд садсола ба марҳилаи эҳёи асолати миллӣ-фарҳангӣ ниёз пайдо мекунанд. Дар чанд садсолаи охир, ки миллати мо бар асари махлутшавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо мавриди таҳоҷуми фарҳангии бегонагон қарор гирифта буд, бо фароҳам омадани Истиқлолияти давлатӣ имкон ба даст овард, ки ҷашн ва оинҳои таърихиро эҳё кунад ва бо чеҳраи миллию собиқаи таърихӣ вориди ҷаҳони нав гардад.

Дар Паёми Сарвари давлат зикр гардид, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад.

Соли 2021, дар баробари номбандии муштараки «Роҳи бузурги абрешим: долони Зарафшон — Қароқум», нуҳ мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикис­тон оид ба ворид намудани 2500 – солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022 — 2023 ворид карда шуд.

15 декабри соли равон аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Ба ибораи дигар, «Фалак» мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.

Инчунин, моҳи октябри соли 2021 аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса доир шуд.

Бояд гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат уфуқҳои тозаро баҳри рушду шукуфоӣ боз намуд.

Бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдом ғамхории дигари Сарвари давлат нисбат ба кормандони соҳаҳои зикршуда мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи фарҳанг дар шароити кунунӣ бо ҷои кор ва шуғли доимӣ фаро гирифтани мутахассисони соҳа мебошад. Дар Паём Сарвари давлат таъкид карданд, ки «Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», инчунин, барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд».

Бо мақсади ҳалли ҳар чӣ зудтари ин масъалаи муҳим Ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки фарогири тамоми масоил аст, бояд сармашқи кор бошад. Зеро он ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст.

Зулфия ДАВЛАТЗОДА,

вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон