Бояд шукрона намоем, ки бо вуҷуди нооромиҳои ташвишбарангез дар давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон, дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Ин дастоварди бузургест бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳаматарафаи сокинони кишвар ба мо муяссар гардидааст. Орзу мекунем, ки дар дигар кишварҳои даргир ҳам ҷангҳои хонумонсӯз хотима ёфта, сулҳу субот барқарор гардад ва мардуми он мисли мо дар фазои сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмии комил умр ба сар баранд.
Қобили зикр аст, ки дар ин самт кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии худ саҳми шоиста мегузоранд. Бо зиракию ҳушёрии касбии худ намегузоранд, ки вазъи муътадили сиёсии кишвар аз тарафи унсурҳои алоҳидаи ҷиноятпешаи дохилӣ ва зархаридони хориҷӣ халал ёбад. Дар баробари ин, онҳо бо мақсади муборизаи дастҷамъона зидди ҳама гуна ифротгаройиву нифоқангезиҳо корҳои зиёди фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Аҳли ҷамоатчигӣ низ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ имрӯзҳо мавқеи хеле фаъолонаро ишғол намудаанд.
Дар ҳақиқат, иҷрои муваффақонаи ҳама гуна кору вазифаҳо аз вазъи орому осуда дар мамлакат вобастагии калон доранд ва оромию субот неъмати бебаҳои инсониянд.
Аз фурсат истифода бурда, ба истиқболи таҷлили 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ШКД-и ноҳияи шаҳри Хуҷандро бо сардории Каримов Эмин Ҷалилович дар қатори дигар мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, аз ҷумла кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар, муборакбод намуда, миннатдории шахсии худро барои содиқона иҷро кардани вазифаи вазнину пурмасъулият ва ниҳоят пурифтихорашон баён медорам.
Ҳамеша муваффақу сарбаланд бошед!
Тӯйчӣ ИБРОҲИМОВ, сардухтури Беморхонаи физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд