Ба пешвози Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Омодагӣ ба таҷлили ҷашни 75 — солагии Рӯзи Ғалаба чӣ гуна аст?

№48 (4154) 16.04.2020

Recoverd_Раис9 майи соли равон дар аксар кишварҳои олам 75-солагии  Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн барои мардуми Тоҷикис­тон низ муқаддас аст. Зеро аз оғоз то анҷоми он беш аз 300 ҳазор фиристодагони ҷумҳурӣ дар саркӯб намудани душмани инсоният — фашизм ширкат варзида,  ҷоннисорӣ ва қаҳрамонӣ кардаанд. Зиёда аз 92 ҳазор нафар дар майдонҳои набард ҷон бохта, 56 ҳазор бо ордену медал мукофотонида шуда, 54 нафар унвони «Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ»-ро мушарраф гардиданд.

Дар остонаи ин ҷашни бузург бо раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ Раҳмат Қудратов вохӯрда, хоҳиш намудем, ки андешаҳояшро оид ба омодагӣ ба он ва вазъи иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ иброз намоянд.

- Рӯзи Ғалаба иди на танҳо халқҳои собиқ шӯравӣ, балки аҳли башар аст. Хусусан, аҳолии он 70 давлате, ки дар ҳайати коалитсияи зиддифашистӣ дар торумор намудани фашизм саҳм гузоштаанд, мебошад, — гуфт Раҳмат Қудратов.

- Мо ҳар сол ҷашнро дар сатҳи хеле баланд таҷлил менамоем. Оид ба 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия намудаанд, ки тибқи он, ба ҷашн омодагӣ мегиранд. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, тантанаҳои асосӣ  9 май дар Боғи Ғалаба баргузор мегардад ва қаблан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шахсан аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи мамлакат иштирокчиёни ҶБВ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва сокинони кишварро ба ин муносибат табрик  менамоянд, — гуфт ӯ.

Раҳмат Қудратов бо ишора ба ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат афзуд, ки дар арафаи ин ҷашн собиқадорон аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Масалан, соли 2019 бахшида ба 74-солагии Рӯзи Ғалаба ба ҳар як иштирокчию маъюби ҷанг аз Фонди захиравии Президенти мамлакат (5 ҳазор сомонӣ), раисони ВМКБ ва вилоятҳо Суғду Хатлон (2 ҳазор сомонӣ), раиси шаҳри Душанбе (1500 сомонӣ), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (аз 500 то 1000 сомонӣ) кумаки якдафъаина расонида шуд. Илова бар ин, соҳибкорон низ ба иштирокчиёни ҷанг кумак намуданд.

Тибқи маълумоти Раҳмат Қудратов ҳоло дар кишвар 184 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ — 2 нафар дар ВМКБ, 53 нафар дар вилояти Суғд, 42 нафар дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва 21 нафар дар минтақаи Кӯлоб умр ба сар мебаранд. Боқимонда сокинони ноҳияҳои тобеи марказанд.

Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки имсол се тан аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кишвар — раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзо Бекматов, сокини шаҳри Турсунзода Назар Ашӯров ва намоянда аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шарифҷон Ғафуров дар тантанаҳои ҷашнии пойтахти Федератсияи Россия — шаҳри Москва ширкат хоҳанд варзид.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»