Омодагиҳо ба иди китоб

№30-31 (3176-3177) 28.03.2014

Герби ФестивалМоҳи март моҳи иду ҷашнҳост. Тавре шоҳид будем, имсол низ Рӯзи Модар, иди Наврӯз, Рӯзи матбуоти тоҷик бошукӯҳ таҷлил гардид. Вале, ҳанӯз идҳо идома доранд. Ҳамасола дар фасли баҳор иди адабиёти бачаҳо, аниқтараш Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» низ баргузор мегардад. Имсол ин иди фараҳбахш аз 2-юм то 9-уми апрел дар саросари кишвар идома ёфта, барномаи ин маъракаи фарҳангӣ низ ҷолибу рангин аст. Дар ин бора мусоҳибаро бо директори фестивал, директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Қурбон Авғонов манзури хонандагон мегардонем.

-Омодагиҳо ба фестивал чӣ гуна аст?

-Имсол ташвишу тараддуди мо — дастандаркорони фестивал назар ба солҳои пешин зиёдтар аст, чунки имсол фестивал ҳафтодсола мешавад. Аз он рӯзе, ки нависандаи бузурги рус Лев Кассил ба ин чорабинии маърифатӣ  иқдом гузошт,  ҳафтод сол гузашт. Мақсади ягонаи ин бузургмард ҷалби ҳар чӣ бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхона, тарғиби асарҳои ҷолиб  ва кашфи беҳтарин адибон, олимон, ноширон, мусаввирон ва наврасони боистеъдод буду то кунун ин рисолат гум нашудааст. Дар Тоҷикистон бошад, ин фестивал бо кӯшиши устоди зиндаёд Наримон Бақозода роҳандозӣ гардида, чандин солҳо сарварии онро дар ихтиёр дошт ва то имрӯз, ки банда ин кори оғозкардаи устодонро идома мебахшам, мақсад як аст: ҷалби оммаи мардум ба китобу китобхонӣ.

-Шумо роҷеъ ба таърихи ин чорабинӣ сухан оғоз кардед. Як чизро мехоҳам илова кунам.  Чанд рӯз пеш ман зимни варақгардонии яке аз рӯзномаҳои тоҷикии «Тоҷикистони сурх» ( аз хазинаи шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон), ки соли 1929 ба табъ расидааст, дар шумораи №78 маводеро хондам ва дар он хабар дода шудааст, ки моҳи июли ҳамон сол дар Тоҷикистон нахустин Ҳафтаи байналмилалии бачагон гузаронида шуд. Ин чорабинӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1921 доир мегардидааст.

-Воқеан маълумоти ҷолиб. Албатта, китоб бозгӯи таъриху тамаддунҳост ва ҳеҷ як  ҳодисаи таърихию фарҳангӣ аз саҳифаи он берун намемонад. Ҳамин китоб аст, ки  дирӯзро бо имрӯз мепайвандаду роҳро сӯи оянда мекушояд. Аз соли 2003 инҷониб дар баргузории ин иди бошукӯҳ бо ҷамъи ҳамкорону аҳли илму адаб ширкат дорам ва то ҷои тавон саҳм гузоштаам ва саъй менамоем, он боз ҳам пуршукӯҳ гардида, ба тарғиби осори бою рангин, кашфи падидаҳои наврас ва маърифатнокии онҳо мусоидат намояд.

Имрӯзҳо, якҷоя бо аҳли тифоқи китобхона, барнома ва сенарияи баргузории фестивалро таҳия кардем. Чун солҳои қаблӣ, фестивали имсола субҳи барвақт оғоз ёфта, китобхона қабои идона гирифта, дар саҳн ва паҳлуҳои он намоиш ва фурӯши китобу маҳсули дастони бачаҳо,  намоишҳои театрикунонидаи Театри давлатии лӯхтак, барномаи ҷолибу шавқовари Сирки давлатии Тоҷикистон, намоишҳои варзишӣ ва суҳбатҳои хоса бо адибону олимон, ҳунармандон ва чеҳраҳои шинохтаи кишвар доир карданием.

Муаллифи сенарияи фестивали имсола Муҳаббати Юсуф буда,  таҳти номи «Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон» композитсияи адабӣ-бадеиро таълиф намудааст, ки умедворем мақбули иштирокчиён ва меҳмонон мегардад. Қироати шеър ва барномаи консертӣ низ бо иштироки кӯдакону наврасон аз тамоми ҷумҳурӣ дар назар аст. Рӯзи ҷамъбасти фестивал ҳам барномаҳои ҷолибу тамошобоб тарҳрезӣ  шудааст, ки ба ин ҳам Худо хоҳад, шарафёб хоҳем гашт.

-Албатта, дар ҷараёни фестивал мулоқоти адибон  бо насли наврас дар саросари ҷумҳурӣ баргузор мегардад…

-Бале, ҳамасола пеш аз оғози фестивал бо Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ мувофиқа намуда, Низомнома ва ҳайати корӣ бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи вазорати мазкур тасдиқ мегардад. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъватнома, барнома ва дастуреро фарогир бо маводи лозима  таҳия ва нашр менамоем. Мувофиқи рӯйхати аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳодшуда, адибонро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва тобеи кишвар сафарбар менамоем.

Имсол  тибқи нақшаи тартибдодаи мо, бо иштироки адибону олимон, ноширон, рӯзноманигорон ва шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ ва кӯдакону наврасон  дар мавзӯъҳои «Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон», «Ёде аз шоири тавоно», «Гавҳарэҷод», «Бонуи суханвар», «Пагоҳ равам ба мактаб», «Соҳибсухани  рӯинтан», «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир», «Гар кушоӣ ту маро, даҳр кушоям бари ту», «Дар оғӯши Ватан шодему масрур», «Муҷассамаи нодир», «Анбози кӯдакон» ва «Дай рафту насими боди Наврӯз расид»  суҳбату вохӯриҳои судманд доир хоҳад гашт.

Ҳамзамон бо истифода аз имкониятҳои молиявии худ дар рӯзҳои баргузории фестивал адибонро аз дигар кишварҳои дӯсту ҳамсоя даъват менамоем ва дар баробари беҳтарин эҷоди адибони тоҷик, китобҳои адибони ҷаҳониро ба ихлосмандон манзур менамоем.

Аз таҷрибаи ташкили чунин мулоқотҳо медонем, ки кӯдакону наврасон, муаллимон ва мураббияҳои онҳо дилбастаи китобанду аз суҳбати рӯ ба рӯ бо шоиру нависандагон хушҳол мегарданд. Ин ҳама шаҳодат аз неруи тавоно,ҷаззобият доштани китоб ва сухану маърифат аст. Шукрона мекунем, ки имрӯз давлату ҳукумат, хоса Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбати китобу китобхона, адибону олимон ғамхории ҳамаҷониба зоҳир менамоянд. Барои нигоҳдошти ин ганҷинаи муқаддас  махзанҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳониро бунёд менамоянд, ки боиси ифтихори мо — китобдорон асту барои боз ҳам ривоҷ додани кори соҳа, аниқтараш тарғиби адабиёти навин, раҳнамун месозад.

-Аз суҳбат бо шумо аён гашт, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин иди пуршукӯҳ аҳли эҷоду кормандони китобхонаҳо омодагии зиёд гирифтаанд. Албатта, иштирокчиёну  масъулони фаъоли баргузории чорабиниҳо ҳавасманд мегарданд.

- Оре, пеш аз шарҳи ин масъала мехоҳам як нуктаро зикр намоям, ки тавре гуфтам, аз таърихи фестивал ҳафтод сол гузаштаааст ва банда дар нуздаҳ соли охири он бевосита ширкат дорам. Аз устод Наримон Бақозода паҳлуҳои зиёди корро омӯхтам ва дар ташкилу баргузории ин ҷашни фархунда аз мактаби бузурги ӯ таҷриба андӯхтам. Тӯли он даҳ соли охир, ки ба ҳайси директори  фестивал фаъолият дорам, бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар баргузории фестивал бисёриҳо кӯшиш менамоянд саҳмгузору фаъол бошанд. Бо кӯдак кор кардан душвор аст. Барои  кӯдак офаридан, наздик ва мувофиқ ба дили кӯдак эҷод кардан кори осон нест.  Аз ин рӯ, онҳое, ки дар ин кори басо душвору заҳматталаб  саҳмгузорӣ менамоянд ва наврасони фаъоле, ки дар озмунҳои фестивал ғолибият ба даст меоранд, қадрдонӣ мешаванд. Аз  ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, ихтироъкорони ҷавон, навқаламон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида бо ҷоизаҳо, мукофотҳои пулӣ, инъомҳо, инчунин бо Ифтихорнома ва нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дипломи Фестивал сарфароз гардонида мешаванд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»