Нахустин моҳҳои кории муовини якуми раиси шаҳри Роғун буд. Субҳдам вориди утоқи кориаш гардидам. Ӯ бо чеҳраи кушодаю хоксорӣ маро истиқбол гирифт ва ҷои нишаст дод.
Аҳли назар мегӯянд, ки кушодарӯй будан аз биҳиштию покдилии инсон дарак медиҳад.
Кушодарӯй будан бошад аз нишони биҳишт,
Бувад зи аҳли ҷаҳаннам касе, ки зиштрӯ ҳаст.
Бо ҳам дар мавзӯъҳои гуногун самимона суҳбат доштем. Дар аснои гуфтугӯ Раҳматулло Файззода бо тамкин ва андешанок иброз кард, ки мансаб барои ҳама муваққатист ва инсонро барои мақом ситоиш кардан чандон шоиста нест. Зеро инсон аз рӯи дарки мақом ва камолоти инсонияш бояд эҳтиром шавад. Оре, бо ҳамон хоксорие, ки хоҳ — нохоҳ одамро ба мақоми комили инсонӣ хоҳад расонд. Вале ба ақидаи банда манзури ин роҳбари кордон аз ин гуфта чизи дигар низ мебошад.
Баъзеҳо дар он ақида ҳастанд, ки ба қалам додани корнамоӣ ва хайрхоҳии нафаре танҳо ба хотири хушомад гуфтан ё манфиат доштан аст. Хусусан, ин ақидаи номатлуб дар миёни мардуми тангназар ва бемаърифат роиҷ мебошад, ки хатои маҳз аст. Зеро адабиёт вассофи кулли аъмол ва афъоли накӯст, ки метавонад наслҳои имрӯзу фардоро тарбият кунад. Магар Фирдавсии Тӯсӣ «Шоҳнома» — ро, ки аз корнамоии ибратомӯзи ҳазорон қаҳрамони миллату меҳан қисса мекунад, ба хотири хушомад гуфтан ё манфиат дидан тайи сӣ сол навишта буд? Оё китоби пандомӯзи зиндагиномаи Анӯшервони Одил, рӯзгори Ҳотами Той, давлатдории сулолаи Исмоили Сомонӣ ва дигарон ба хотири манфиат ҷустан навишта шудаанд? Албатта, на! Балки аҳли қалам дар ҳама давру замон ба хотири тарбияи насли имрӯзу фардо ва маърифатнокии ҷомеа саъю кӯшиш менамоянд. Агар аҳли қалам намебуд ҳеҷ миллат даъвои тамаддуни миллӣ карда наметавонист ва ҳатто гузаштаро намедонистем:
Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Ба гетӣ намонад ҷуз аз гуфтанӣ.
Боре дар маҷаллае андешаҳои ҳикматомӯзи нафареро хондам: «Одам баъд аз офариниш назди Худованд рафта, забони шикоят аз ҳастӣ мекушояд. Офаридгор дар посух ӯро ҳушдор медиҳад, ки эй бандаи ношукр, ман барои ту беҳтарин неъмат, ақлро ато кардам, зиёда аз ин чӣ мехоҳӣ?…». Чӣ қиссаи сӯфиёна ва орифона, ки бузургон фармудаанд; «Ақл силоҳи бандагон аст». Бале, ақл аст, ки одам худро мешиносаду қадри дигаронро низ медонад, ақл аст, ки инсон хайрро аз шар фарқ мекунад ва барои номи нек ба ёдгор мондан ҷаҳду талош меварзад.
Аз он рӯзе ки Файззода Раҳматулло ба мақоми муовини якуми раиси шаҳри Роғун таъин гардид, вақти зиёд сипарӣ нагаштааст, вале дар ин муддати кӯтоҳ ӯ тавонист, ки корҳои наҷибро ба анҷом расонад. Барои ҷавонон, ки ояндаи миллат мебошанд, ҳама гуна шароити хонишу ҳунаромӯзӣ ва фароғатӣ фароҳам оварда шудааст. Алҳол дар аксар деҳаҳои шаҳр мактабҳои замонавӣ сохта шуда, иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ сари вақт ва бо сифати баланд мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Хусусан, дар арафаи 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун даҳҳо иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Боре дар роҳ тасодуф бо пири нуроние ҳамсуҳбат гаштам, ки қасди хонааш рафтан дошт. Ӯ раҳораҳ қисса кард, ки дар ҳузури муовини якуми раиси шаҳр Раҳматулло Файззода буд. Пири нуронӣ бо завқ аз хоксорию фурӯтанӣ ва хушмуомилагии номбурда сухан ронда, дар интиҳо забони дуо бикшода гуфт: «Худовандо, барояш давлату саодати ҳар ду оламро ато кунад!».
Давлате бузургтар барои инсон аз он бартар нест, ки дар ҳаққи ӯ пиру ҷавон дуои хайр кунанду номашро ба некӣ ба забон оранд:
Намурд он, пас аз вай бимонад ба ҷой,
Пулу биркаю хону меҳмонсарой.
Яке аз хислатҳои наҷиби Раҳматулло Файззода он аст, ки ҳамеша дар маросимҳои тӯю нишоти мардум иштирок карда, рӯзҳои сахту мусибат дилбардори онҳо мебошад. Аҳли хирад, адабиёт ва фарҳангро эҳтиром карда, нисбат ба онҳо самимият дорад. Ӯ пайваста мекӯшад, ки мардум рӯзгори хушу осуда дошта бошанд ва ҳамеша таъкид менамояд, ки идомаи кор дар истгоҳи НБО-и «Роғун» сарчашмаи асосии ободии Тоҷикистон аст.
Раҳматулло Файззода, воқеан, марди покдилу поквиҷдон ва фозилу меҳнатдӯст мебошад. Фаро гирифтани тамоми самти фаъолияти ӯ дар доираи як нигориш аз доираи имкон берун аст. Аммо дар интиҳо бояд нуктаи пандомӯзро ёдрас намоем, ки танҳо тавозӯъ ва фурӯтанӣ боиси обрӯмандии Раҳматулло Файззода гардидаву ӯро азизи пиру ҷавон кардааст;
Он роҳбар аз кори худаш огоҳ аст,
Бо халқи Худо ҳамешагӣ ҳамроҳ аст.
Ҳаргиз накунад итоати кибру ғурур,
Гар рӯи замину в-ар ба рӯи моҳ аст.
Додихудо АСОЗОДА