Ҷонибек Асрориён: «Сада архетип аст»

№14 (4910) 31.01.2025

Фабрика форматовИзображение WhatsApp 2025-01-31 в 08.27.30_ae7f73fbДар бораи пайдоиш, густариш ва фалсафаи Сада чӣ дар ривоёти мардумӣ ва чӣ дар осори муҳаққиқони гузаштаю муосир андешаҳои мухталиф вуҷуд доранд. Шинохти ин ҷашнвора ва ҷойгоҳу мақоми он дар зиндагии ниёконамон ба шинохти решаҳои тамаддуни мо ёрӣ мерасонад. Бо назардошти муҳимияти ин масъала суҳбате оростем бо фарҳангшинос, номзади илмҳои таърих Ҷонибек Асрориён.

- Дар оғоз, хуб мешуд дар бораи таърих, моҳият, муҳимият ва эҳёи ҷашни Сада ибрози назар бинмоед.

- Нахуст, ниёиш ва сипос ниёконамонро, ки дар гирудорҳои ҳаёт ва тамаддуни башарӣ ҷойгаҳи хосаи хешро пайдо карданд ва атрофи меросашон то кунун баҳс меороему баҳра мебардорем, иззат мениҳем ҷашнгунаҳоро, ки маҳсули тафаккури эшонанд. Онҳо асрори оламро омӯхтанд, дунёи дигаре сохтанд, ки муҷиби ифтихороти мо – ворисон аст.

 Бояд таъриф кард, ки сухан атрофи ҷашне меравад, ки чанд ҳазор сол арзи ҳастӣ карда, бо устувор гардидани солшумории хуршедӣ – 10-уми моҳи баҳман, мувофиқ ба 31-уми январи ҳисоби мелодӣ, ҷашн гирифта мешавад. Сада сохтаи асотирӣ, маҳсули мушоҳида, тасаввур ва бовари ниёгонамон буда, аз гомҳои нахус­тин дар муқаддаму муқаддас доштани падидаҳо, ҳаводиси табиӣ ва иҷтимоӣ гардонидани он буд, ки ба суру сурур ва шодиҳои дастҷамъона асос ниҳод.

Сабаби пайдоиши Сада оташ аст, ки ба шакли озар, отару атар, алов, гулхан дар манбаъҳо ва гуфтори мардум дар баробари обу боду хок аз унсурҳоест, ки боиси ҳастӣ шинохта мешавад, вуҷуд дорад ва оташ барои мардуми ориёӣ падидаи муқаддас аст, ки қабл аз замони Пешдодиён барояш маросим баргузор намуда, то ба замони давлатдории Сомониён арҷ ниҳода мешуд ва мавриди ситоишу ниёиш қарор мегирифт. Дақиқтар аст, агар талқин кунем, ки аз замонҳои хеле дур инсонҳо ба оташ дилбастагӣ пайдо карданд. Онҳо оташро бо тафаккуру шуур намешинохтанд, аммо муҳимияташро ҳар лаҳза эҳсос мекарданду василаи наҷот мепиндош­танд. Шинохту истифодаи оташ буд, ки инсонҳоро аз олами ҳайвонот ҷудо кард. Аз замони густариши зардуштия оташ ҳамчун унсури ҳаётбахш ва сарчашмаи рӯшанию гармӣ, покию назофат, мабдаи неруҳои аҳуроӣ пазируфта шуд. Ин ид аз идҳои дигар қадимтар буда, ба тағйироти ҳамон овон бештар рост меояд ва рамзу рози фаровон дорад.

Сада архетип аст, яъне оғозин. Ба андешаи равоншиноси бузурги шведсарӣ Карл Густав Юнг, ки намодҳои ибтидоӣ ва рамзу мотивҳои универсалиро дар амалҳои бошууронаи коллективии ҷомеаи нахустин пажӯҳиш кардааст, ҷашни Сада аз зумраи он намодҳост. Дарвоқеъ, ситоиши оташ аз офтоб берун заҳидааст. Яъне оташ рамзи офтоб ва хонаободӣ аст. Дар фарҳанги мардумони олам аз офтоб дида парастиши бузург ва неруи тавоно вуҷуд надоштааст, ки он як ҷузъи фарҳанги ниёгони мост.

- Ниёкони мо ҷашнҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд, ки яке аз онҳо Сада аст. Бигӯед, ки ин фарҳанг дар сурати ҷашнҳо чӣ гуна ба вуҷуд омад ва ба ташаккулу таҳаввулот мувоҷеҳ шуд?

- Барои ба ин суол посух додан мушкилот дорем. Мо аз моҳият огоҳем, вале аз воқеияти замони пайдоиш начандон. Аз макон ва даврони шаклгирии ҷашн донишмандони пешин ва муосир ҳадс задаанд, вале наметавонем авзои он овон, манзараи зуҳури ҷашнҳои нахус­тинро тасаввуру тасвир намоем. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ: «Гоҳе аз аҳволи одӣ, имрӯз чизе мушоҳида мекунем, ки агар монанди онро аз замонҳои қадим нақл кунанд, мо онро муҳол хоҳем донист». Яъне, он тасаввурро бебунёд, газоф ва муболиға мепиндорем. Дар маҷмуъ, ҷашнвораҳо иқтидор ва бунёди фарҳанганд, ки марҳила ба марҳила гавҳари дурахшандаи ахлоқу одобу оин ва анъанаю русумро ба ҳам оварда, гус­тариш ёфта башарӣ шудаанд. Чуноне Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: «Фарҳанге, ки барои беҳбудии рӯзгори инсон хизмат мекунад, моли тамоми башар аст». Пажӯҳишгарон низ ба ин андешаанд, ки башар имрӯз ниёзманди ҳифзи асотир аст. Аз назари К. Г. Юнг фарҳанге, ки иртиботашро бо архетип гум кардааст, маҳкум ба марг мебошад. Сохти архетипҳо инсонро ба сарчашмаи фарҳангаш, замони оғозин бармегардонад, ҳаводиси пешинро зинда месозад, таърихро ба забон меорад ва имрӯзро маъно мебахшад.

- Ба тахмин, ин ҷашн кай ва дар куҷо пайдо шуд?

- Он адабиёте, ки дастраси мост, таърихи зуҳури ҷашнро аз 5 то 8 ҳазор сол тахмин мекунад, ки даврони гузаштан аз ҷомеаи истеъмолгар ба истеҳсолкунанда мебошад. Яъне одамизод дар баробари истифодаи неъматҳои тайёр: мева, гиёҳҳо ва шикор ба кишти зироат, ҳунармандӣ ва ром кардани ҷонварон машғул шуд, ки аломатҳои онро бостоншиносон муқаррар мекунанд. Ҷараёни пайдоиш, мазмуну моҳияти Сада мулоҳизаҳои як фард нест, балки ба осори бостоншиносӣ, сарчашмаҳои таърихӣ, осори муҳаққиқони замонҳои гуногун рабт дорад. Бардоштҳои донишмандон низ якрангу яксатҳ нестанд.

 Ҷашнҳои куҳан ҳамвора дар замони пайдоиши аввалин давлатҳо ташаккул ва таҳаввул ёфтаанд. Агар дар натиҷаи пажӯҳишҳо назар биандозем, маълум мегардад, ки макони пайдоиши ҳамаи ин ҷашнҳо шарқи Эрон аст, ки ядрои онро ҳавзаи рӯдҳои Панҷ (соҳилҳои росту чап), Вахш ва Сир ташкил мекардааст. Ҳамон мулкҳои Эрони Шарқӣ, ки дар осори солноманигорони юнонӣ бо унвони Ариа ва Ариана зикр мешавад ва дар бунёди онҳо қавмҳои ҳамгавҳар – эронию тӯронӣ ҳамдостон буданд.

Анъана, оину русум ва ҷашнҳо, ки дар марзу буми аҷдодии мо ба зуҳур омада то мо расидаанд, худ таъриханд, ки василаи нигоҳдорӣ ва интиқол аз насле ба насл мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «…Ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда ташаккул ёфтаанд». Шоистаи зикр аст, ки дар миёни ин ҳама ёдгорӣ бебаҳотарин ҳикмат ва андеша дар Сада нуҳуфта аст. Сада арзиши инсонро аз ҳама бартар шуморида, ҳама тоифаҳои иҷтимоиро фаро мегирад: аз хурд то бузург. Дар маҷмуъ, ба хотири касе ва суди тоифаи алоҳидае набудааст. Ҳанӯз дар асри XI Аҳмади Тӯсӣ ба ин моҳият ишора карда буд: «Офаридгор ин неъмат (оташ)–ро аз касе дареғ надошт, на аз мулук (ҳокимон) ва на аз масокин (сокинон).

- Нақши бузургони илму адаби мо дар нигоҳдошт ва рушди арзишҳои миллиамон то чӣ андоза муассир аст?

- Ниёгонамон дар тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Номоварони донишу адаб Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Асадии Тӯсӣ, Байҳақӣ, Фахриддини Гургонӣ, Унсурии Балхӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Манучеҳрии Домғонӣ ва даҳҳои дигар дар умри бардавоми ҷашнвораҳо ва вижагиҳои зиндагиномаи халқи тоҷик саҳм гузоштаанд. Эшон бартарӣ ва афзалияти халқи худро дар шинохти донишҳои табиӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва оину кеш бар дигарон, ки бадбини ҳунару дониш ва гузаштаи пурнишоти тоҷикон буданд, таъкид менамуданд. Онҳо ба ҳар навъе дар муқовимат бо душманони ғоявии халқи хеш қарор доштанд. Абурайҳони Берунӣ, ки дар аҳди Ғазнавиён мезист, дар китоби «Ат-тафҳим» аз таърихи тоисломӣ ёдрас шуда, дар фаслҳои «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳи порсиён аст», «Дар идҳои моҳҳои суғдиён», «Дар идҳое, ки дар моҳҳои аҳли Хоразм аст», «Дар мазҳаби хоразмшоҳиёну идҳои аҳли Хоразм» маълумоти арзишманд аз худ боқӣ мондааст. Пас, мешавад ба осори ӯ эътимод накард, ки дар он айём забонҳои арабӣ, санскрит, ибрӣ, юнонӣ ва паҳлавиро медонист? Аммо дар натиҷаи диноварӣ – паҳншавии ислом муборизаи ҷиддӣ барои аз байн бурдани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада, ба вуҷуд омад, ки ба ҳувияти мо зарба зад.

- Чаро барои аз ёдҳо тарошидани Сада амалҳои зиёде анҷом шуд?

- Бояд зикр кард, ки дар ибтидо Сада як расми одию барои омма муҳим, як падида, зарурат, эҳтиёҷи рӯзгор барои зиндагии инсонҳо будааст. Намунаи эъти­қоду арҷгузорӣ ба офтоб ва нишонае аз он – оташ дар рӯи замин ба ҳисоб мерафтааст. Бо он ки дар таркибаш аломатҳои анъанаҳои пешин — мит­роизм (меҳрпарастӣ – офтобпарастӣ)–ро дошт, намунаи зиндаи муқовимат бо оини тоза – ислом ба шумор мерафт. Дар дини зардуштӣ худои офтоб ва равшанӣ — Митра размандаи беҳамто, молики пирӯзиҳо, олиҳаи серҳосилӣ ва обҳои ҷорӣ сутуда мешуд ва объекти асосии парастиши Митра оташкадаҳо буд. Ба ин сабаб муқовимат бо Сада сахту сангин воқеъ шуд. Бо нест кардани Сада аз миён бурдани оташкадаҳо саҳл гашт. Қисмате аз маъбаду оташкадаҳоро хароб ва қисматеро ба масҷид табдил доданд. Ба ҳар васила аҷнабиён парастиши офтоб ва дигар аломатҳои хоси Садаро ба тариқи даҳшатовар нест карданд. Оташкадаҳо, мавзеъҳои муқаддаси шаҳристонҳо, намунаҳои санъати меъморӣ, китоби муқаддаси Авесто, оину кеши пешин, номҳо, ҷашн­ҳо ва дигар арзишҳои моҳияти миллидоштаро аз байн бурданд, рисолаҳои зиёди илмҳои дақиқро сӯзонданд.

 Маводи бостоншиносӣ, хаттӣ ва мулоҳизоти муҳаққиқон моро водор мекунад, ки ба як нуктаи дигар низ таваҷҷуҳ созем. Дар Тахористон густариш ёфтани дини буддоӣ ҷойгоҳи зардуштияро танг кард ва то андозае эътиқодоти меҳрпарастиро заиф намуд, аммо нишонаҳои кеши пешин дар сурати муҳаббат ба оташу офтоб ҳамчун унсури муҳими ҳаёт дар миёни мардум боқӣ монд, на дар сатҳи давлатсозон.

- Дар як давраи муайяне пас аз забткориҳои араб Сада шуҳрат пайдо карду боз аз ёдҳо рафт. Чаро?

- Муқовимати фикрӣ ва ғоявӣ афзалтар аз мубориза ва муқовимат бо силоҳ буд, ҳамчуноне ки имрӯз ҳаст. Дар пойдории ҷашнҳо, нахуст, омилҳои сиёсӣ аҳамият дошт. Дар ин росто, нақши абармардони сулолаҳои ватанпараст хеле муҳим буд. Аз даврони зуҳури давлатҳои миллӣ гомҳои муътамад дар сабзиши оину анъана ва ҷашнвораҳои миллӣ гузошта шуд, ки бо унвони «Растохези Шарқ» шуҳрат дорад. Дар ин кор нақши давлатҳои Тахориён, Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён ва саҳми Яқуби Лайс, Исмоили Сомонӣ, Ибни Муқаффаъ, Тоҳир ибни Абдулло ва дигар номоварон барҷаста аст. Онҳо ба ҳимояи мероси падарон бархостанд, ба забон, расму оин ва анъаноти хеш содиқ монданд.

Дар ниҳоят, бунёди сохти шуравӣ ба саҳифаҳои таърихи ниёгон хати батлон кашид. Таҷрибаи талхи таърих аст, ки тағйироти андак гардиши бузурге дар тафаккури инсон ба вуҷуд меорад.

- Дар поистан ва нигоҳдошти ин ҷашн имрӯз чӣ корҳоеро бояд анҷом диҳем?

- Моҳияти Сада омӯзиш аст ва ин омӯзиш як ҷузъи фарҳанги мост. Он пулест, ки моро бо дунёи рангини ниёгонамон мепайвандад. Мо тавассути он донишҳои табиӣ, таърихӣ, оину одати ниёгонро кашф месозем. Инҳо арзишҳои миллианд. Оё метавон онҳоро қадр накард? Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз баромадҳояшон таъкид доштанд, ки таърихи зуҳури ҷашнҳо ба таври илмӣ омӯхта шавад.

Истиқлол тағйироти сифатӣ дар тафаккури миллӣ ба вуҷуд меорад. Акнун худро бояд шинохт. Ин шиносоӣ дар рӯ овардан ба таърихи пешин инъикос мешавад ва ягона омил ва сипари муҳим дар зинда доштани халқ, анъанаҳои мардумист. Он дар эҳёи фарҳанг, оин ва русум зоҳир мегардад. Дар акси ҳол, рӯзгори якранги тамаддуни нав бо тафаккури таъсирпазири ҷавонони дунёи нав сарнавишти фарҳанг – ҷавҳари дурахшони инсониятро ба нестӣ мекашад.

Таҳоҷуми фарҳангӣ, ки оқибатҳои номатлуби сиёсӣ дорад, моро вазифадор мекунад, ки аз оину анъанаҳои неки ниёгон барои дафъи ҳастии худ, сипари боэътимоде бунёд намоем, худро муаррифӣ кунем. Дар поистан ва нигоҳбонии фарҳанги тоҷик ниёгони мо ҷон дар каф гирифта онро ҳифз намуданд ва ба мо мерос гузоштанд. Мо низ ин рисолатро уҳда кардем, ҷашни Садаро ҷаҳонӣ гардондем.

- Барои суҳбати пурмуҳтаво як ҷаҳон сипос ба Шумо.

Мусоҳиб Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»