Қонуни бахт

№131 - 132 (4714 - 4715) 03.11.2023

Соҳиби бахтему тахтем,

Соҳиби сулҳему ваҳдат,

Соҳиби рахти фароғат,

Соҳиби мулки саодат.

 

Бахти мо — Қонуни миллат,

Тахти мо — Қонуни миллат,

Тоҷикистон олами ҳақ,

Нақди мо — Қонуни миллат.

 

Парчами мо партавафшон

Дар фазои Тоҷикистон.

Шуҳрати моро физояд

Аз замин то авҷи кайҳон.

 

Мо ба ақли худ бисозем

Давлати барҷои миллат.

Мо ба азми худ физоем

Шуҳрати волои миллат.

 

Мо, ки аз қисмат нанолем,

Дасти ҳам бо ҳам бимонем.

Ин нидо аз дил барорем,

Безаволем, ҷовидонем!

 

Тарс аз душман надорем,

Чунки соҳибиқтидорем.

Ҳар яке чун марзи номус,

Ҳар кадоми мо ҳисорем. 

Ҷӯрабек МУЪМИН