Агарчӣ то ба ҳол илми камолшиносӣ хеле пеш рафта, ҳаёту фаъолияти адабӣ ва зиндагиномаи ин шахсияти нотакрор ба таври бояду шояд омӯхтаву пешкаши хонандагон гардида бошад ҳам, ҳанӯз дар ин самт паҳлуҳои норавшан ҷой доранд. Аз ҷумла, ғазали «Ғарибӣ» — и машҳури вай на дар ҳама девонҳои солҳои гуногун батабърасида мавҷуд аст. Тавре ки донишманди маъруфи тоҷик, профессори зиндаёд Абдуманнони Насриддин дар «Матншиносии осори адабӣ» зикр менамояд, ин ғазал дар нусхаҳои қадимӣ, бахусус, нусхаҳои китобхонаҳои Институти шарқшиносии АМИ Тоҷикистон, Институти шарқшиносии АИ Ӯзбекистон, Институти шарқшиносии АИ Россия, АИ Озарбойҷон ва нусхаҳои матни интиқодии А. Давлатободӣ, К. Шедфар, Ш. Ҳусейнзода, С. Асадуллоев ва дигар донишмандон низ вуҷуд надорад. Матни онро донишманди маъруфи тоҷик Ш. Ҳусейнзода дар китоби «Ғазалҳои мунтахаб»-и Шайх Камол ҷой додааст:
Дил муқими кӯйи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?
Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб.
Ҳаргиз аз роҳи карам рӯзе напурсидӣ, ки чист,
Ҳоли зори мустаманде монда дур аз мо ғариб?
Чун дар ин даврон намеафтад касе бар ҳоли мо,
Дар чунин шаҳре, ки мебинӣ, кӣ афтад бо ғариб?
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб!
Бо хондани он симову садои ҳофизи маъруф Боймуҳаммад Ниёзов пеши назар меояд. Мепиндорам, ки овозхони бузург ғазалро аз китоби «Ғазалҳои мунтахаб» — и Камоли Хуҷандӣ, ки дар таҳияи олими маъруф Ш. Ҳусейнзода ба табъ расидааст, дастрас кардаву бо садои ширину дилрас ба он шуҳрати дигар бахшидааст.
Шоир, нависанда, тарҷумон ва публитсисти булғор Иордан Милев ба забону адабиёти форсу тоҷик дилбастагии бузург дошт. Ӯ асарҳои зиёди адибони тоҷикро бо забони булғорӣ тарҷума кардааст.
Иордан Милев бо номи шаҳри Хуҷанд аз рӯи осори Шайх Камол ошно гардидааст. Ӯ дар бахши «Ситораҳои Хуҷанд» — и асари машҳураш — «Диёри домани гардун» менависад: «Ба номи ин шаҳр аз ашъори шоири машҳури асри чаҳордаҳ Камоли Хуҷандӣ шинос шудам ва он дар дили ман маъво гирифт. Ман дар меҳмонхонаи нави Ленинобод ҷой гирифтам, аммо тамоми шаб хобам набурд. Ба назари ман чунин менамуд, ки пойбасти меҳмонхонаро дар ҷои таваллуди шоир ниҳодаанд. Гумон мекардам, ки дар хонаи Камоли Хуҷандӣ хуфтаам, чун субҳ аз хоб бархезам, бо ӯ чой мехӯрем, шеър мехонем, дар канори Сир ҳамроҳ сайругашт мекунем. Шаҳри Искандари Рум — Эсхатро меҷӯем, ки дар сарҳади давлати суғдиён бунёд шуда буд…
Саҳар аз меҳмонсаро баромада, ҳеҷ лавҳаи ёдгорие надидам. Саҳари Ленинобод равшану серғавғост. Дар рӯ ба рӯи бинои Комитети вилоятии партия, дар миёни чанорҳо ҳайкали Владимир Илич Ленин истодааст. Дар зинаи ҳайкал як даста садбарг гузоштаанд. Инчунин, гулҳоро дар пойи ҳайкали фидоиёни инқилоб ҳам дидам. Нури оташи ҷовид оташи гулҳоро равшантар мекард.».
Ин ғазали Камоли Хуҷандӣ ба яке аз сурудҳои халқии тоҷикӣ «Ғарибӣ» бисёр наздик аст. Дар ин суруд аз ғарибафтодае, аз қисмати як ҳаммиллати мо сухан меравад, ки дар биёбонҳои Осиёи Миёна заҳри ғурбат чашидааст.
Дар Тоҷикистон ин сурудро хурду бузург медонанд. Ҳофизони халқӣ аз тариқи радио месароянд. Гулрухсор дар хусуси ин суруд ба ман чунин гуфт: «Ҳар гоҳ онро шунавам, вуҷудамро ларза мегирад»…
Ҳанӯз дар Хуросон таърифи ин сурудро шунида будам, аммо ҳамин ки дар сарзамини тоҷикон аз торҳои чангу дутор нолаи онро шунидам, дар вуҷуди ман ҳам ларза афтод…
Ғарибӣ кӯи сахт аст, эй бародар,
Ғарибонро наку дору маёзор…
Камоли Хуҷандӣ то абад ворису номбардори ҳақиқии Хуҷанд хоҳад буд. Ифтихори ӯ аз ин шаҳри бостонӣ фахри ҳар яки мост.
Шукр мекунем, ки дар қатори ҳазорҳо шоҳкориву ободонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми адабпарвар ба таври пайваста шаъну қадру қимати адибони маъруфу бузурги миллати тоҷик, бахусус, Шайх Камоли Хуҷандӣ, пос дошта мешавад. Акнун орзуҳои Иордан Милев барин адибону донишмандон нисбат ба Шайх Камол амалӣ гаштааст.
Ҳоло ба хотираи неки ин адиби ширингуфтор дар кишвар бисёр кӯчаву хиёбон, муассисаи фарҳангию таълимӣ, аз ҷумла, Театри давлатии драмавии шаҳри Хуҷанд, Ҷоизаи адабии вилояти Суғд, Боғи фарҳангию фароғатӣ, Маркази илмӣ, хонаи рамзӣ дар шаҳри Хуҷанд арзи вуҷуд доранд. Зимнан, корҳои илмию адабӣ ва фарҳангии зиёде низ дар ин самт ба сомон расонида шудаанд.
Қарори Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО — и Созмони Милали Муттаҳид аз 27 декабри соли 2019, дар бораи соли 2020 дар сатҳи байналмилалӣ барпо намудани ҷашни 700 — солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ воқеаи муҳими фарҳангӣ буда, бори дигар аз бузургиву соҳибэҳтиромии ин бузургмарди роҳи илму адабу фарҳанг башорат медиҳад.
Амир Сайиди МУНКӢ,
адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав, ноҳияи Ховалинг