Чеҳракушоӣ

Ҳошим Гадо. Ӯро аз нақшҳои офаридааш бояд ҷуст

№61-62 (4644-4645) 10.05.2023

№60 1-2Ҳошим Гадо ҳунармандест, ки дар бобати истеъдоди фитрӣ ва тавоноиаш зиёд гуфтаанду навиштаанд, аммо ҳанӯз комил нашинохтаем.

Аз барномаҳои телевизионӣ, ки ба ҳаёту фаъолияташ бахшида шудаанд, ҳамеша миёни «кӯҳи китоб» дармеёбем. Бузург мехонем ва талош менамоем ҳашаматашро дар нигош­таҳоямон ба хонанда нишон бидиҳем, аммо оё истеъдоди нотакрор, дастоварду бозёфти тааҷҷубовари ӯро дар олами ҳунар метавон дар чанд саҳифа фаро гирифт? Ҳаргиз! Ҳошим Гадо дар навиштаҳо намеғунҷад, дар ҳеҷ намоиши телевизионӣ ҳам.

Зиндагиву фаъолияти ҳунарии Ҳошим Гадо-Арбоби барҷастаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, профессор, Артисти халқии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикис­тон ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аҷиб аст. Ҳунармандест, ки барои офаридани як нақш дар театр ё кино варзиш ва бадансозӣ мекунад, адабиёт, урфу одат ва санъату ҳунари замони қаҳрамонашро меомӯзаду таҳқиқ менамояд. Барои саҳнавӣ намудани намоишномае солиёни зиёд омодагӣ мегирад, қаҳрамонашро меҷӯяд, то олами ботинашро дарёбад ва ­фоҷиаи ӯро дарк намояд.

Даҳуми майи соли 1937 ба дунё омадааст. Аз ин 60 соли умраш рӯйи саҳнаи театри тоҷик сипарӣ шуда. Аз аввалин хатмкунандагони машҳуртарин даргоҳи ҳунари замони Иттиҳоди Шӯравӣ — Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А.В Луначарский (ГИТИС) мебошад. Корро аз Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз карда, дар синамо ва театр беш аз 100 нақши мондагор офаридааст.

Ба иқрори худаш ҳангоми офаридани нақш ӯро тарс фаро мегирад.

- Вақте ғояи намоиш пайдо мешавад, вақте машқҳо оғоз меёбанд, тарс пайдо мешавад. Ҳамин ки намоиш оғоз шуд, тарс таркам мекунад. Чунки ман аллакай на Ҳошим Гадо, балки Несчастлив­сев, Хлестаков, Ҳамлет ё Суҳробам. Аниқтараш, агар онҳо тарсанд, ман ҳам метарсам. Агар тақдирашон ҳалокат бошад, пас мемирам. Агар онҳо ҷинояткоранд, пас ман бояд суд шавам, — гуфт ӯ.

Ҳошим Гадоро аз нақшҳои офаридааш бояд ҷуст, зеро дар пасманзари нақшҳо на танҳо ҳунару истеъдод, балки шахсияти ӯ низ нуҳуфта аст. Воқеан, ҳангоми офаридани нақш ӯ Ҳошим нест. Суҳроб аз хамосаи бостонии «Шоҳнома» аст, ки дар дил ҳасрати дидори падар — Рустам дар синни ҷавонӣ аз дасти падар кушта мешавад.

Эдип аз «Шоҳ Эдип»-и Сафокл аст, ки (ин нақш беш аз 100 маротиба иҷро шудааст) ноогоҳона падарашро мекушад, бо модараш хонадор мешавад ва баъд барои кирдори содирнамудааш чашмони худашро кӯр мекунад.

Шоҳ Исмоили Сомонӣ аст, ки давлати тоҷикон — Сомониёнро бунёд гузошта, китобу илму донишро ба тахт мешинонад.

Ҳамлет аз фоҷиаи Уилям Шекс­пир аст, ки ҳақталошӣ мекунад.

Ҳошим нақшҳоро тавассути диалог ва ҳаракат, ки коршиносон ду абзори асосӣ дар саҳнаи театр ва ҳам кино арзёбӣ намудаанд, муассир таҷассум менамояд. Набояд фаромӯш кард, ки чунин нақшҳои бузургу мондагорро дар театру синамо на танҳо ҳунарманди болаёқат, балки инсоне офарида метавонад, ки дили бузург, дониши фарох дорад, андешаҳои ҷаҳонгири нобиғаҳои оламро дар хеш таҷриба кардааст, худшиносу худогоҳ аст. Андешаи солиму созанда дораду рӯҳияи шикастнопазир ва ба зиндагӣ назари нек. Муҳимтар аз ҳама, бо беадолатиҳо оштинопазир аст. Ин ҳақиқатро аз нақшҳои дигари офаридааш — Шаҳзода Абдулатиф аз филми «Ситораи Улуғбек», Туркон аз «Хати сарҳад», Комил аз «12 соати ҳаёт», Мақсуд аз «Чор тан аз Чорсанг», Ёрматов аз «Тӯфон дар водӣ», Бек аз «Ишқи аввали Насриддин», Ниёз аз «Муҳосира», Иброҳимбек аз «Ҷӯра шикорчӣ аз Минархар», ки бо маҳорати баланд иҷро намудааст, метавон дарёфт.

Дар Озарбойҷон дар се филм нақши асосиро бозидааст. Ба ӯ пешниҳод намуданд, ки дар Боку зиндагӣ кунад. Манзил ва шароити мусоиди зист ва кори мувофиқ пешниҳод намуданд, аммо рад кард.

Дар Ӯзбекистон дар ҳафт филм нақши асосиро ба ӯ бовар карданд. Он ҷо низ манзили зист ва шароити хуби корӣ пешниҳодаш намуданд, аммо боз рад кард. Ӯ аз Ватан, аз ҷое, ки Суҳробу Синову Исмоили Сомониро офаридаву Эдипро саҳнавӣ намудааст, дил канда натавонист.

- Чун берун аз Ватан будам, ҳамеша бо худ аз хоки Ватан — Тоҷикис­тон бурдаам, то воқеае рух диҳад, маро бо як мушт хоки Ватан дафн созанд, — навиштааст ӯ.

Сипосманд аст. Мегӯяд: «Ман ҳеҷ гоҳ мураббиёни рус Олга Ивановна Пижова, Борис Владимирович Бибиков, Михаил Петрович Чистяковро, ки маро дар ГИТИС таълим додаву парвариш кардаанд, фаромӯш нахоҳам кард».

ҲОШИМ ДАР ШИНОХТИ ДИГАРОН

«Аз тамошои намоиши «Эдип», ки коргардон ва офарандаи нақши асосиаш – шоҳ Эдип Ҳошим Гадоев мебошад, ончунон ба ваҷд омадам, ки қудрати баёнаш надорам. Дар Ҷопон ба актёр унвон ё орден намедиҳанд. Актёрони бузурги онҳо сарвати миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳошим Гадоев актёри бузург ва сарвати халқи тоҷик мебошад. Агар намояндагони ин халқи шариф, ки ҳоло дар толор нишастаанд, розӣ бошанд, пешниҳод мекунам, ки Ҳошим Гадоев сарвати халқи рус низ эълон карда шавад».

Михаил Чигир, собиқ директори Театри дӯстии халқҳои шаҳри Москва

«Дар урфият «Оби дари хона лой», — мегӯянд. Мо Ҳошим Гадоро бузургманишу пурҳарф гуфта, писанд намекунем, аз ҷумла худи ман ҳам баъзан аз ӯ мегурехтам. Бо ӯ бисёр вохӯрдаем. Зоҳиран аз худи мо фарқе надорад, ҳатто либосаш, ҳатто портфели куҳнааш. Вақте ки ман драмаи «Ҳамлет»-ро дар Ватанаш ва бо забони модариаш тамошо кардам, Ҳошим Гадо ва Ҳамлети ӯро азимтарин саҳнаву бузургтарин нақш ҷилва дод».

Бозор Собир, шоир

 «Ҳошим Гадо нобиғаи на танҳо театр ва синамои тоҷик, ҳамчунин, актёр-трагик профессионали дараҷаи олист. Имрӯз бисёриҳо мегӯянд, ки театр мемирад. Аммо ман баъд аз дидани спектакли «Эдип» ва иҷрокунандаи нақши асосии шоҳ Эдип мегӯям, ки то замоне ҳунармандоне чун Ҳошим Гадо зиндаанд, театр побарҷо хоҳад монд».

Ҳунарманд, раиси Раёсати иттиҳоди ходимони театрии ИҶШС Кирилл Лавров

Ба ғайр аз кор дар театр ва кино беш аз 40 соли ҳаёти хешро сарфи таълиму тарбия дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намудааст. Ба ин хотир, ба саҳми ӯ дар рушди театру кино аз ду зовия назар бояд кард: аввал худаш бевосита ба забардастии ҳунар ва коргардонӣ дар рушди ­театру кино саҳм гирифтааст, дувум тавассути шогирдон, аз ҷумла ҳунармандони халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷаб, Асалбек Назриев, Шералӣ Абулқайсов, Қиёмуддин Чақалов, Сабоҳат Қосимова, Марям Турсунова, Соро Сабзалиева, Саврӣ Сабзалиева. Ҳар кадом дар соҳа соҳибном гардидаанд.

Ҳошим танҳост, аммо танҳоии ӯ дар худ роз дорад…

Маҷнун аст ва дар ин маҷнунӣ ҳикмате нуҳуфта, ки лаёқати дарки дурусти онро надорем…

Нобиға аст, нобиғае, ки ҳунару истеъдодашро ҷаҳон эътироф намуда, аммо садҳо уқдаҳои он ҳанӯз нокушода боқӣ мондааст…

Ҳошим муаммост, муаммои сарбаста…

Дигар нақш намеофарад, коргардонӣ ҳам намекунад. Менависад, зеро ҳанӯз ногуфтаҳои зиёде дорад, ки бояд аз ниҳонхонаи дил бурун орад. Осораш ба 600 ҷилд расида. Дар ин маврид низ ӯ пешқадам мебошад. Ҳунарпеша бо навиштаи ин китобҳо даъвои нависандагӣ надорад. Дар ин хусус дар сарсухани китобҳояш низ таъкид мекунад. Ӯ худро мудом шогирди омӯзандаи зиндагӣ медонад. Танҳо мехоҳад, ки он чӣ омӯхтааст, ба дигарон биомӯзонад.

«Асо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Я!?», «Кунҷ», «Кометы», «Ҷон­буз», «Ку», «Думы», «Мой Сухроб», «О, Сократе» «Розҳо» аз зумраи китобҳое мебошанд, ки ҳунарманд таълиф намудаву дастраси хонандагон намудааст.

Дар китобҳои худ аз фарҳанг, ҳунар, методҳои дурусти омода намудани ҳунармандони театру кино, тарбияи ҳунарманди асри XXI, аз дӯстӣ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон менависаду қисса мекунад. Хонандагонро ҳушдор медиҳад: «Инсон як умр ниёз ба омӯзиш дорад. Лаҳзае аз омӯхтан дар канор набошед. Молу ҷоҳ набояд, ки шуморо фиребад ва тасаввур бикунед, ки донишу таҷрибаи андӯхтаатон кофист. Не, ҳаргиз не ва чунин нест. Гузаштагони барӯманди мо таъкид мекарданд, ки аз гаҳвора то гӯр илм биомӯзед. Донишманд набояд, ки донишро бо худ ба гӯр бибарад».

Ҳошим Гадо чӣ мехоҳад?

Ба ин пурсиш фарҳангшинос Зафар Мирзоён дуруст посух гуфтааст: «Ҳошим Гадо мехоҳад миллаташ аз тангназариҳои бар асари ғуломӣ зери юғи маънавии арабу турку муғул дар замираш ҷойгирифтаро аз сар бурун партояд. Ӯ ранҷи рӯҳӣ мекашад, ки мардум аз андешаҳои ҷаҳонгири нобиғаҳои илму ҳунару фарҳанги Аврупо ҷудо шуда, биниши офаридгорони ҳазорон осори бузургони ҷаҳонӣ барояшон бегона хоҳад шуд. Бим дорад, ки садҳо беистеъдод, камҳунар, нотавонони аз андешаварзӣ бенасиб, худбузургбинони камхонда, бахилони бетабъу завқ, ки ҳилаву найрангро илму доноӣ донистаанд, бар маснаду мартаба расида, ба истилоҳи Ҳаким Фирдавсӣ ҳунарро хормоя месозанд. Талош дорад каме ҳам бошад, садди роҳи чунинҳо шавад, роҳи донишхоҳонро равшантар созад, кӯшидааст ҳамватанонро ба нобиғагони Ғарб ошно созад, хоҳ ҳунарманди театр бошад, хоҳ файласуф ё фарҳанговару оҳангсоз».

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»