Осорхонаву хона-музейҳо бояд ҳифз шаванд

№9 (4429) 11.01.2022

1-2Зиёдулло Шаҳидӣ зодаи Самарқанди бостонӣ ва дастпарвари Консерватор­ияи шаҳри Москва бошад ҳам, зиндагиву фаъолияти ӯ бо шаҳри Душанбе алоқаманд аст.

Солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи оҳангсозон, котиби масъули Иттифоқи оҳангсозони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият намудааст. Халқи тоҷик оҳангсози дӯстдоштаашро чанд маротиба вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудааст. Иштирокчии ҳар се Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва буда, барои хизматҳои шоиста бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат» ва «Нишони фахрӣ», унвони Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1964) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1985) қадршиносӣ гардидааст.

Хизматҳои ӯ дар даврони соҳибис­тиқлолӣ низ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қадр гардида, мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ва яке аз кӯчаҳои пойтахт бо номи вай номгузорӣ шудаанд. Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқӣ низ номи Зиёдулло Шаҳидиро дорад. Бинои он солиёни зиёд манзили зисти ӯ буд. Пас аз даргузашти устод аввал ба хона — музей ва соли 1991 ба осорхонаи давлатӣ табдил ёфт. Намо ва дохили ҳавлӣ аз даврони зиндагии оҳангсози маъруф фарқи ҷиддӣ надорад.

Солҳои 50 — уми асри гузашта дар маҳаллаи Сариосиёи пойтахт, ки Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқӣ низ дар он ҷойгир аст, барои бузургони адабиёту ҳунари тоҷик, аз ҷумла, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, устодони «Шашмақом» Шоҳназар Соҳибову Бобоқул Файзуллоев ва бисёр дигарон манзил ҷудо намуданд.

- Ҳавлии устод зуд-зуд ба базмгоҳ ва маҳфилҳои бузургон табдил меёфт, — мегӯяд директори Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ Юсуф Шоев.

Дари осорхонаро кушода, акси зебои устодро дидем. Аз тарафи чапи он 19 санад аз марҳалаҳои гуногуни ҳаёт ва аз рост акси пайвандону ҳаммаслакон ва дӯстони ӯ ҷой гирифтаанд. Дар гӯшаи алоҳида 39 сози мусиқӣ ҷой дода шудааст.

- Танбӯри нахустин аз тарафи рост ба зиндаёд Акашариф Ҷӯраев тааллуқ дорад, танбӯри дигар ба Шоҳназар Соҳибову сеюм ба Бобоқул Файзуллоев. Дар маҷмӯъ, ҳар як сози мусиқии осорхона ба шахсияти бузурге нисбат дошта, онҳоро пайвандони соҳибонашон ба осорхона пешниҳод намудаанд. Мутаассифона, мансубияти аксари ин созҳо ба соҳибонашон муайян карда нашудааст. Бинобар ин, аз пайвандону шогирдони ин шахсиятҳо хоҳиш мешавад, ки агар дар бораи созҳои мусиқии ба осорхона воридшуда санад доранд, пешниҳод намоянд, — афзуд директори осорхона.

 Ҳарчанд кормандони осорхона чор нафаранд, баробари ҳифзу тарғиби нигораҳои осорхона корҳои дигарро низ ба зимма гирифтаанд. Ҳоло осорхона дорои 2122 нусха китоб буда, ҷамъоварӣ идома дорад.

Дар осорхона чопи сангии «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ маҳфуз аст. Айни ҳол бо талаби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ феҳристи китобҳо тартиб дода мешавад.

Хазинаи қарта (пластина) — ҳои мусиқӣ беш аз 400 сабти овозии ҳунармандони тоҷик ва ҷаҳонро ташкил менамояд.

- Таърихи ҷамъоварии пластинаҳо низ қобили таваҷҷуҳ аст, — ба ёд овард Юсуф Шоев. — Дар ибтидо шумораи онҳо зиёд набуд. Дар шаҳри Душанбе мағозаи махсуси созҳо ва ­сабти мусиқии «Мелодия» мавҷуд буд ва рӯзҳои нахустини нооромиҳои кишвар авбошон онро ғорат карданду ашхоси дилсӯз пластинаҳои боқимондаро ҷамъ намуда, оварданд.

Дохили осорхона бо асбобҳои барқӣ гарм карда мешавад. Чунин ҳолат барои аксар нигораҳои осорхона хатар ба вуҷуд меорад. Бинобар ин, масъулин ва раисони маҳаллаҳои атроф ҷиҳати ба шабакаи гармидиҳии пойтахт пайвастан ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат намуданд.

- Қобили зикр аст, ки раиси ноҳия Самӣ Шариф ва вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода ба осорхона ҳамеша мароқ зоҳир намуда, дар ҳалли мушкилот ёрӣ мерасонанд. Умед дорем, ки ин масъала низ ба зудӣ ҳал мегардад, — гуфт Ю.Шодиев.

Алҳол аксар биноҳои куҳнасохти пойтахт аз байн бардошта шуда, дар ҷои онҳо биноҳои баландошёна бунёд мегарданд. Дуруст мебуд, агар барои зинда доштани номи бузургоне, мисли Зиёдулло Шаҳидӣ, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев ва дигарон, ки бештари умрашонро дар маҳаллаи Сариосиё гузаронидаанд, як қисмати маҳалла — Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ, манзилҳои бузургони дигар якҷоя бо осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳамчун маҷмааи осорхона ва хона — музейҳо барои наслҳои ояндаи кишвар ҳифз шавад.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»