Омадааст дар номаи шодбошии намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин ба ҳунарманди тоҷик
23 майи соли 2017 ба унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо бахшида ба 80-солагии зодрӯзаш аз намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой ва вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский барқияи шодбошӣ ворид гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар барқия омадааст, ки Ҳошим Гадо ҳунарпешаи нотакрор, режиссёри бомаҳорат ва мутафаккири хирадмандест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф гардидааст. Фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар рушди фарҳанги тоҷик, дар ҳақиқат, сазовори таҳсин ва эҳтиром аст.
«Меҳнати пайваста ва арзандаи шумо барои мустаҳкам намудани муносибатҳои фарҳангии байни кишварҳо сазовори миннатдории махсус аст», — гуфтааст намояндаи Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой.
«Осори шумо дар таърихи театр ва кинои советӣ ба саҳифаи дурахшон табдил ёфтааст. Истеъдоди фавқулодаи нависандагӣ, осори тарҷумаиҳолӣ ва фалсафии саршор аз ҳикмати шумо шавқи беандозаи хонандагонро бедор намуда, шуҳрати бузургеро ба даст овардаанд», — нигоштааст вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский.
Хотиррасон менамоем, ки 10 майи соли 2017 ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ҳошим Гадо 80 сол пур шуд. Бахшида ба ин сана бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳошим Гадо бо унвони «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Мукофоти давлатиро ба ҳунарманди маъруф Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориданд.
АМИТ «Ховар»