Оташи ваҳдат

№79 (4499) 25.06.2022

 Биё, эй ҳамзамон, аз шавқи ҳамсӯӣ ғазал хонем,

Ғазал хонему меҳр орему қадри ҳамдигар донем.

Нигар з-ин ишқ боғе сабзҷону борвар дорем,

Дар он боғ ошёневу чу шоҳин болу пар дорем.

Ба ҳар тарфе назар созӣ, гуле рӯидааст он ҷо,

Ба ҳар тарфе гуле мисли диле рӯидааст он ҷо,

Ки сози ҳамдилӣ барпо шавад дар боғсори мо,

Зи нози ҳамдилӣ гулгун шавад хоки диёри мо.

Биё, эй ҳамзамон, аз шавқи ҳамсӯӣ ғазал хонем,

Ки дар боғи муҳаббат ҷуз гули тавҳид намерӯяд.

Дили муштоқи мо ҳам ҷуз гули тавҳид намебӯяд,

Биё, пас ҳамраҳу ҳамсозу ёри меҳрубон бошем,

На чун ангушти танҳогард, муште пуртавон бошем.

Бубин, дунёи моро ҳар куҷо шӯре ба сар дорад,

Фақат бар донишу бар зӯри бозуҳо назар дорад.

Биё, эй ҳамзамон, аз шавқи ҳамсӯӣ ғазал хонем,

Ки тухми бовари мо ҳамчуноне байзаи заррин

Пар орад аз дили мову ба дилҳо ошён монад

Ва номи мову кори мо

Ба дунё ҷовидон монад.

Биё, эй ҳамзамон, аз шавқи ҳамсӯӣ ғазал хонем,

Ки ҷуз ваҳдат набошад корсозу чорасози дил,

Ки ҷуз ваҳдат набошад оташе бар сӯзу сози дил.

Биёву пас парафшон кун ливои ошноиро,

Ба лабханди саҳар овар паёми рӯшноиро.

Биё, эй ҳамзамон, эй ҳамзабон, эй ҳамтабори мо,

Ватанро соз нуронӣ зи ишқи шуълабори мо.

ВОРИС,

«Садои мардум»