9-уми марти соли равон дар таърихи дӯстии мардуми ӯзбеку тоҷик саҳифаи нав боз шуд. Сарони ду кишвар – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон, тибқи қарордоди дуҷониба, дарвозаҳои бастаи марзҳои ду мамлакатро кушоданд. Ин воқеаи хурсандиоварро аз «оинаи нилгун» тамошо карда, ба ҳаяҷон омадаву ашки шодӣ рехтани шаҳрвандони ду кишварро дида, ман низ ихтиёрро аз даст додам. Он лаҳзаҳои хурсандибахш воқеаеро, ки дар ҳаёти як шиноси деринаам рух додааст, ба ёд овардам.
Шиносам дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ мекард. Ӯ аслан зодаи кӯҳистони Боботоғ буду модар ва хоҳару бародаронаш дар Ӯзбекистон зиндагӣ доштанд. Боре модараш сахт бемор мешаваду ӯро ба шифохона мебаранд. Модар дар дами вопасини ҳаёт аз фарзанди мусофираш ёд мекунад. Аз ҷигарбандони хеш хоҳиш менамояд, ки ӯро ҳам даъват кунанд. Вале модар ба дидори мусофирписар нарасида, ба дорулбақо реҳлат мекунад. Писари мусофир ин хабари нохушро шунида, ба сарҳади ноҳияи Сариосиё меояд. Марзбонон зориву таваллои ӯро ба инобат намегиранд ва ноилоҷ бозпас мегардад. Азбаски манзили ӯ дар соҳили рӯди Кофарниҳон буд, бо сад хаёлу андеша ба он ҷо меояду манзилашонро мушоҳида менамояд. Дар гирду атрофи хонаашон мардуми зиёдро дида, бо овози баланд нола мекунад. Марзбони тоҷикистонӣ ҳоли ӯро дида, раҳмаш меояд ва ба мусофир мегӯяд: «Ту маро надидӣ, ман туро. Агар дарёро убур карда тавонӣ, марҳамат, ба ҷанозаи модарат рав».
Мусофири бечора гӯё интизори ин ишора буд, ки зуд худро ба дарё меафканад ва бо мадади Худо ба он сӯйи соҳил мерасад. Ҳамин тариқ, дар ҷанозаи модар иштирок карда, шомгоҳон боз бо дили афгор дарёро убур карда, ба соҳили дигар мегузарад…
Мо дар мавзеи Боботоғи ноҳияи Узун кору зиндагӣ мекунем. Мардум воқеаи хурсандибахш – боздиди президентҳои ҳар ду мамлакатро хуб истиқбол карданд. Дар диёри афсонавиамон ӯзбекону тоҷикон аз як дарё об хӯрда, нишоту хурсандӣ ва ғаму андӯҳро бо ҳам мебинанд. Ҳоло дар ин минтақа беш аз 16 ҳазор нафар зиндагӣ доранд. Тоҷикону ӯзбекон асрҳо ба ҳам зиста, чунон қарин гаштаанд, ки кас баъзан ба кадом миллат мансуб буданашонро фарқ карда наметавонад. Онҳо тӯю сур, ҷашну ид ва маъракаҳоро ҳамроҳ мегузаронанд. Садҳо намояндаи ҳар ду миллат бо ҳам риштаҳои хешутаборӣ бастаанд. Дӯстии ҳар ду халқ он қадар мустаҳкам аст, ки ҳеҷ қувва онро наметавонад барканад.
Ман пас аз итмоми мактаби миёна ба факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кардам. Азбаски бештари дӯстонам дар мактаб тоҷик буданд, ман бо ин забон озодона гуфтугӯ мекардам. Аз ин хотир, устодону ҳамсабақони донишгоҳиам маро эҳтиром менамуданд. Дар тӯли панҷ соли таҳсил дар донишгоҳ надидам, ки касе нисбат ба ман бадгӯӣ карда бошад. Аз ин рӯ, меандешам, ки дар дунё дигар ду миллате нест, ки аз дидгоҳи фарҳанг, адабиёт, урфу одат ва анъана бо ҳам чун тоҷику ӯзбек сахт марбуту шабеҳ бошанд. Лиҳозо, ҳақ бар ҷониби устод Боқӣ Раҳимзода аст, ки мегӯяд:
Фарқи ҳама мардумони дигар осон,
Аммо шудаем мо чунон ҳам наздик.
Бинанда чунин суол орад ба миён:
– Эй ҷӯра, бигӯ – ту ӯзбекӣ ё тоҷик?
Норқул Эрдонов, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Узун
******
Cаҳифаи нав дар китоби робитаҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Дӯстии ду халқи бародар – ӯзбекон ва тоҷикон, ки аз қадимулайём паҳлу ба паҳлу дар як сарзамини бостонӣ зиндагӣ мекунанд, барои ҳар қавму миллати дигари дунё намунаи ибрат ба шумор меравад. Ин ду халқи бародарро таърих, тамаддун ва сарнавишти бо ҳам муштараку мушобеҳ мепайвандад. Тоҷикону ӯзбеконро ҳеҷ гоҳ аз ҳамдигар ҷудо намешавад кард. Дину мазҳаб, урфу одат, сарулибос, мусиқиву сурудхонӣ, сохти зисту зиндагонӣ, ғизопазӣ, меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ, гузаронидани ҷашнҳо ва идҳои суннативу мазҳабӣ ва садҳо нишонаи дигари ин мардум сад дарсад мушобеҳи ҳамдигаранд, онҳо дар шодии ҳамдигар шоду дар ғамгинӣ ғамгин буда, дар сахтиҳои рӯзгор ба кумаки якдигар мешитобанд.
Тоҷикон ва ӯзбекон то ба дараҷае ба ҳам наздик, қарин ва бародаранд, ки агар ба шаҷараи ҳар яке бодиққат бингарем, хоҳем дид, ки аз силсилаи обову аҷдоди онҳо яке аз ақрабо тоҷик ва ё ӯзбек аст ё бо ҳамдигар замоне қудо будаанд. Имрӯз низ ин таомули инсондӯстона идома дорад, тафовути ҷиддие байни ин ду халқ дида намешавад.
9 — 10 — уми марти соли 2018 дар таърихи муносибатҳои байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя — Ӯзбекистону Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Дар он рӯзҳои фасли зебою дилорои табиат орзуи на як — дусола, балки чорякасраи халқи тоҷику ӯзбек ҷомаи амал пӯшид. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар китоби робитаҳои байни ду кишвари ҳамсоя саҳфаҳои тоза боз карда, дар дили садҳо ҳазор сокини ду кишвар шуълаи умедро фурӯзон намуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 15 ҳазор сокини хурду бузурги шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хос пешвоз гирифтанд. Муносибати нави дӯстонаи ду давлати ба ҳам бародари ҳамсоя аз нав оғоз ёфт. Онҳо тухми ҳамкориро аз нав коштанд. Сарчашмаи ин муносибатҳо аз кушода шудани гузаргоҳҳо дар марзҳои давлатӣ ва ба муҳлати то 30 шабонарӯз бе раводид сафар кардани шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон оғоз гардид. Инчунин, дар доираи ҳамкориҳои нави дуҷониба ва судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳане, ки солҳо баста буд, боз шуд.
Илтиҷои на даҳҳо ҳазор ё садҳо ҳазор, балки нияти миллионҳо нафар мардуми ба ҳамдигар қарин, бар умеди он ки боз дӯстон, хешу ақрабо, волидайну фарзандон ба дидори якдигар мерасанд, иҷобат шуд.
Аз иқдомҳои неки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тоҷику ӯзбек боз ба хонаи ҳамдигар меоянд, шодиву хурсандӣ мекунанд, робитаҳои илмиву фарҳангӣ, иҷтимоиву иқтисодии байни давлатҳоро мустаҳкамтар месозанд.
Лекин набояд фаромӯш кард, ки дар барномаи пешазинтихоботии Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин аснои суханрониву мулоқотҳо аз минбарҳои бонуфуз нияти ба роҳ мондани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон дар ҳама соҳа зикр шуда буд.
Якуним сол қабл Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар яке аз суханрониҳо бобати мушкилоти Ӯзбекистону Тоҷикистон таъкид карда буд, ки: «Бояд пиряхҳои 20-сола об шаванд. Баъд аз он муносибатҳои конструктивии ҳамсоягиро барқарор кардан мумкин. Ин ба осонӣ ба даст намеояд, барои ин вақти муайян лозим».
Зиёда аз ин, ин матлаби хайр дар «Стратегияи ҳаракат оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021» низ ифода ёфта, яъне мустаҳкам намудани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ҳама давлатҳо, дар навбати аввал бо кишварҳои ҳамсояи минтақа мушаххасан қайд гардидааст.
Дар ҳақиқат, ба туфайли сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо кинаву адовати дар давоми солҳои зиёд байни ду кишвар ҷамъшуда фаромӯш шуда, дар роҳи якҷоя ҳаллу фасл намудани мушкилоти мавҷуда ҳаракатҳо оғоз ёфтанд.
Ба туфайли ташаббус ва иродаи сиёсии Шавкат Мирзиёев дар минтақа эътимод ба дараҷаи назаррас баланд гардид. Роҳҳои ҳаллу фасли мутақобилаи мушкилоти сарҳадҳои давлатӣ, истифодаи об, масъалаи даҳлезҳои нақлиётӣ, равобити савдо, ҳамкории ҳудудҳо баррасӣ шуданд.
Дар фурсати кӯтоҳ риштаҳои некҳамсоягӣ таҳким ёфта, дар масъалаҳои калидии вазъи имрӯзаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмини ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалии қобили таваҷҷуҳи тарафайн муҳити ҳамкории конструктивӣ ба миён омад.
Президентҳои ду кишвар Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои такмили омӯзиш ва таълими забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, тавсеаи шабакаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ, роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати табодули адабиёти таълимӣ ва бадеӣ, нашрияҳои даврӣ ва интишороти илмӣ, мусоидат дар тарҷумаи осори классикон ва муаллифони муосири ду кишварро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доданд.
Ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ, рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷриба байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва варзишӣ, ташкилотҳои ҷавонон ва бонувон, иттифоқҳои касаба ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯ ба рушд мениҳанд.
Дар арафаи ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1-ум то 4-уми августи соли равон ҳайати дӯстии 55-нафараи шоиру нависандагон ва рӯзноманигорони тоҷик таҳти сарварии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон омаданд. Дар доираи ин сафар миёни адибону донишмандони тоҷик ва ӯзбек вохӯриву мулоқот ва мизҳои мудаввар баргузор гардида, ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳрҳои Тошканд ва Самарқандро тамошо карданд. Бисёре аз олимону донишмандони тоҷик дӯстони худро, ки солҳо боз надида буданд, пайдо карданд ва равобитро аз нав барқарор намуданд.
Дар арафаи конфронси байналмилалӣ доир ба мавзӯи «Масъалаҳои муҳими омӯзиш ва тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири ӯзбек дар хориҷи кишвар» раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба Тошканд омада, дар маросими тақдимоти китоби «Муҳаббат махзани»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок кард. Дар ин чорабинӣ байни Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба ғайр аз ин, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Ӯзбекистон беш аз 300 номгӯи китобҳои гуногунро туҳфа кард.
Бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон сафари иборат аз 13 нафар журналистони ӯзбекистонӣ ташкил карда шуд.
Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 16 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Интернешнл Ҳотел Тошканд» Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 400 ширкату корхонаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ иштирок карда, 11 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расид. Қайд кардан ҷоиз аст, ки соли ҷорӣ соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон бори панҷум ҳамоиши муштарак гузаронида, дар доираи онҳо зиёда аз 200 созишномаи ҳамкориро ба маблағи 845 млн. доллари ИМА дар соҳаҳои металлургия, энергетика, нефту газ, сохтмон, сайёҳӣ, хӯрокворӣ ва ғайра ба имзо расониданд.
17 август дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардуми шарифи Ӯзбекистон онро бесаброна интизор буданд, мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Ин сана низ ба таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун давраи гардиши куллӣ ворид мегардад. Байни ду давлат ба имзо расидани Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ аз оғоз ёфтани давраи нави ҳамкорӣ далолат медиҳад.
Дар рафти мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ, гуфтугӯи ошкоро ва созанда сурат гирифт, сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами вазъи муносибатҳои байнидавлатӣ, дурнамои тавсеаи минбаъда ва таъмини ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Хуллас, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардуми тоҷику ӯзбек бо шарофати талошҳои сарони ҳар ду давлат – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ба вуқӯъ мепайванданд.
Ҳоло вақти он расидааст, ки барои сабзу мунаввар сохтани ниҳоли дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гомҳои тоза бардорем. Гузашта аз ин, барои расидан ба ҳадафҳои олӣ бояд дар баробари сиёсатмадорон аҳли адабу фарҳанги ду кишвар бештар масъулиятшинос бошанд.
Шерпӯлод Вакилов, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик»
******
Саҳифаи нави ҳамкории мутақобил
Халқҳои ӯзбек ва тоҷик ба ҳамдигар хеле наздик буда, тӯю маросим ва урфу одатҳояшон ба ҳам монанд аст. Сарулибос, таом, суруду тарона ва рақсҳояшон ҳам айнан як хел мебошанд.
Як сол пеш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар яке аз суханрониҳо беҳуда таъкид накарда буданд, ки: «Яхи ғафси бистсола бояд об шавад. Баъд аз он муносибатҳои ҳамсоягии конструктивиро барқарор кардан мумкин аст. Ин кори осон нест, барои ин вақти муайян талаб карда мешавад». Дар ҳақиқат, давоми соли гузашта ба туфайли сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон кинаву хусуматҳое, ки байни ду давлат солҳо ҷамъ шуда буданд, ба фаромӯшӣ супурда шуда, муаммоҳои мавҷуда роҳи ҳал пайдо карданд. Дар муддати кӯтоҳ риштаҳои неки ҳамсоягӣ хеле мустаҳкам гардида, муҳити ҳамкории конструктивӣ ба вуҷуд омад.
Аз тағйироти мусбате, ки дар муносибатҳои ҳар ду мамлакат мушоҳида мегардад, дар навбати аввал одамони одӣ манфиатдоранд. Хусусан, кушода шудани гузаргоҳҳои назоратии сарҳадҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ӯзбек ва тоҷик бо хушнудӣ пазируфта шуд. Ба ғайр аз ин, байни ду давлат барқароршавии роҳи оҳан ва рафтуомади мошинҳо ҳам ба ҳаёти одамон таъсири мусбат мерасонад.
Зимни мулоқот ва вохӯриҳое, ки дар рӯҳияи дӯстона ва самимӣ доир гардиданд, пешомади минбаъд васеъ кардан ва амиқсозии ҳамкории васеъмиқёси дутарафаи сиёсӣ, савдову иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, маданиву гуманитарӣ ва соҳаҳои дигар, ҳамчунин як қатор масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналхалқӣ васеъ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Шавкат Мирзиёевро бо оғӯши боз пешвоз гирифтани бародарони тоҷик мардуми Ӯзбекистонро ниҳоят хурсанд кард. Ба бориши борон нигоҳ накарда, ба пешвози меҳмони олиқадр ба кӯчаҳои Душанбе баромадани ҳазорҳо тоҷикистонӣ ифодаи амалии эҳтироми самимӣ на танҳо ба Президент, балки ба халқи Ӯзбекистон мебошад.
Дар натиҷаи музокираҳои дутарафа як қатор ҳуҷҷатҳое, ки барои ривоҷ додани асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои дарозмуҳлат нигаронда шудаанд, ба тасвиб расид. Хусусан, роҳбарони ду мамлакат ба Изҳороти муштарак оид ба мустаҳкам кардани дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, Шартнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳадҳои давлатии Ӯзбекистон — Тоҷикистон имзо карданд. Ба ғайр аз ин, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, иқтисодиёт, инвеститсия, молия, нақлиёт ва транзит, хоҷагии қишлоқ, обу энергетика, андоз, гумрук, сайёҳӣ, илм ва таълим, ҳифзи тандурустӣ, маданият, бехатарӣ ва мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, ҳамчунин, рушди робитаҳои байниҳудудӣ созишномаю ёддошт ва дигар санадҳои нави ҳамкорӣ имзо гардид. Бидуни шубҳа, ҳуҷҷатҳои мазкур барои дар оянда байни ду давлат ҳаматарафа ривоҷ додани ҳамкории муфиди мутақобил ба сифати асоси муҳими ҳуқуқӣ хидмат мекунанд.
Умуман, ташрифи таърихии роҳбарони ҳар ду кишвар дар муносибатҳои ду мамлакат саҳифаи нав кушод. Акнун вазифаи умда робитаҳои дӯстӣ ва некҳамсоягии тарафайнро, ки ба туфайли ташаббус ва саъю кӯшиши бевоситаи сарони давлатҳо аз нав ҷоннок шуд, минбаъд мустаҳкам намуда, ду халқро боз ҳам ба ҳамдигар наздик кардан мебошад. Зеро бародарии тоҷику ӯзбек дар Осиёи Марказӣ омили муҳими некҳамсоягӣ, осоиштагӣ, бехатарӣ ва тараққиёти барқарор ба шумор меравад.
Қодир ҶӮраев, узви Кумитаи корҳои байналхалқӣ ва робитаҳои байнипарлумонии Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олӣ (Олий Мажлис)-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон
******
Шодию хурсандии моро ҳадде нест
Дӯстию бародарӣ ва хешигарии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Аммо бештар аз чоряк аср ба он соя афтод. Хушбахтона, бо шарофати сиёсати оқилонаи сарварони давлатҳо монеаҳо бартараф мегарданд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои муҳими дӯстию ҳамкорӣ, мулоқотҳои самимии чун оби чашмасорони кӯҳистон шаффофу беғубори ҳар ду роҳбар, нигоҳҳои гарму меҳрбори сокинони ду кишвар, эҳёи алоқаҳои анъанавии дӯстию ҳамкорӣ, меҳмоннавозиҳои сатҳи олӣ аз оғози давраи нави таърихии муносибатҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ба одамон эҳсоси шодию фараҳ, рӯҳбаландию умедворӣ, қаноатмандию боварӣ ба якдигар ва ояндаи пурсаодат мебахшанд.
Мо ҳангоми мулоқот бо ҳамдиёрон ба ин бори дигар бовар кардем. Дар зер арзи дили баъзе аз онҳо пешкаш мегардад:
– Ман зодаи шаҳри Хуҷанди бостонии вилояти Суғд ҳастам. Соли 1986 бо тақозои тақдир ба хонадони хешовандони дури худ ба деҳаи Қӯрғони Вардонзеи ноҳияи Шофиркон, бо мақсади пойдор мондани риштаҳои авлодӣ, идома ёфтани рафтуомад, ба ибораи мардум, «барои гӯр нашудани роҳҳо» арӯс шуда омадам. Ҳамсари Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил — Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон Розия Аслонова (аммаи ман) аслан аз Қӯрғони Вардонзе аст.
Солҳои аввал рафтуомад хуб буд. Вале минбаъд хеле маҳдуд гашт.
Солҳо дар Қӯрғони Вардонзе ҳамчун тарбиятгари боғчаи бачагон ва корманди хоҷагии фермерии оилавии соҳаи боғу чорбоғ фаъолият доштам. Бо падари бачаҳо Каримҷон Саломов чор фарзандро тарбия карда, ба воя расондем. Панҷто набера дорем. Шукр, хушбахтона умр ба сар мебарем. Ҳама чиз мерасад. Фақат мушкилоти рафтуо бо хешовандон моро озурда карда буд. Шодем, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушкилӣ роҳи ҳал пайдо кард. Натиҷаи сафарҳои давлатии ҳар ду Сарвари давлат моро хеле хушнуд гардонд. Баъди чанд соли интизорӣ ба туфайли роҳбарони адолатхоҳу халқпарвар муродамон ҳосил шуд, – изҳори шодмонӣ намуд сокини деҳаи Қӯрғони Вардонзе Дилором Саломова. – Инак, чанд моҳ шуд, ки занги телефон ором намегирад. Хешовандони тоҷикистонӣ моро муборакбод мегӯянд.
– Хоҳари калониам Ҳалима Раҳматова аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта бо аҳли оилааш дар шаҳри Душанбе умр ба сар мебаранд. Вай омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики яке аз таълимгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон буд. Ҳоло ба нафақа баромадааст. Бо вуҷуди мушкилоти роҳ вай баъзан имконият ёфта, ба аёдат меояд. Вале мо солҳои тӯлонӣ он ҷо нарафтаем. Фаро расидани имконияти муносибро интизорӣ мекашидем. Ниҳоят, бо шарофати роҳбарони ду давлат ғавчӯбҳои роҳ бардошта шуд. То сӣ рӯз ба роҳ монда шудани сафари бе раводид барои халқҳо муждаи шодиовар аст. Бо фаро расидани давраи таътил ба саёҳат ва боздиди хешовандон ба Тоҷикистон меравем, – изҳори қаноатмандӣ намуд духтури бемориҳои дарунии табобатгоҳи оилавии маҳаллаи Шароф Рашидови ноҳияи Шофиркон Чинпӯлод Раҳматов.
– Мо хатмкунандагони солҳои ҳафтодуми қарни гузаштаи Институти политехникии Тоҷикистон порсол баъди чор даҳсола дар Душанбе ҷамъ омадем. Дидорбинӣ бо ташвишу машаққати зиёди ба расмиятдарории сафар баъди омодагии дурудароз сурат гирифт. Ростӣ, қариб буд ки шаҳри Душанберо нашиносем. Он ба дараҷаи ҳайратовар ободу зебо гаштааст. Роҳу туннелҳои замонавии байни шаҳру ноҳияҳо ҳар як бинандаро шод мегардонад.
Бо ҳамдарсон қарор додем, ки ҳар сол дар ҷое ҷамъ шавем. Охир вақт тез мегузарад ва одам ғанимат аст.
Дӯстони давраи ҷавонӣ ният доштанд, ки имсол ба тамошои Бухорои шариф оянд. Ният, ки холис буд, мурод ҳосил гашт.
Хушбахтона, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи рафтуои тарафайн ҳалли мусбат ёфт. Ниҳоят, орзуи деринаи халқҳо ҷомаи амал пӯшид. Ва бигузор ин дӯстӣ доимӣ пойдор монад, — хушнудиашро ошкор намуд сокини кӯчаи «Шехонча-2»-и шаҳри Бухоро, нафақахӯр Салим Абдуллоев.
Амрулло Авезов, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро
******
Дӯстии тоҷикону ӯзбекон дар таърих ҳамто надорад!
Банда баъди хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чанд муддат дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа намудаам. Баъди бозгашт ба Фарғона солҳои зиёд бахши фарҳангу варзиши ноҳияи Сӯхро бар дӯш доштам. Аммо робитаҳои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон солҳои дароз ба бунбаст рӯ ба рӯ гардид ва дигар натавонистам ба шаҳри Душанбе раваму ба дидори дӯстону ҳамдарсону ҳамкорон бирасам. Ҷорӣ гардидани раводид байни ҳар ду кишвар мушкилро боз ҳам дучанд кард.
Хушбахтона, бо иқдому ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садд аз байн бардошта шуд ва шаҳрвандони ҳар ду кишвари ҳамҷавор як моҳ метавонанд бидуни гирифтани раводид ба дидори ҳамдигар бирасанд.
Нуктаи дигаре, ки дар чашмонам ашки шодиро марҷон барин резонд, роҳандозии барномаи ҳунарии устодони санъати Ӯзбекистону Тоҷикистон буд. Ҳақиқат ҳамин аст, ки мо ҳунармандонро дуруст нашинохтем, надонистем, ки кадом ҳунарманд аз кадом кишвар аст. Чунки ҳунармандони Ӯзбекистон тоҷикӣ месуруданд ва ҳунармандони Тоҷикистон бо лаҳни бародарони ӯзбек тарона мехонданд.
Бовар кунед, дар таърих чунин ҳодисаи хурсандибахшу гуворо ва дӯстии мисли гӯшту нохунро надидаам. Синнам ба ҳафтоду панҷ расидааст, аммо бори аввал тараннуми беҳтарини дӯстиву рафоқати ду халқро мушоҳида кардаму ашки шодӣ аз дидагонам рехт.
Чизи дигаре, ки қайд карданиам, гузаргоҳҳои ба рӯи шаҳрвандон васеъ бозгардида мебошанд, ки манзараи пуртаъсир ва мафтункунанда буд. Вақте он ҳолатро аз тариқи «оинаи нилгун» нишон медоданд, ман аз ҷоям бархеста, ба телевизор наздиктар рафта, нишастам. Мехостам дақиқтар ба чеҳраҳои он мардуми ду самти марз, ки ба дидори ҳамдигар расидаанд, назар андозаму ба хурсандиашон бипайвандам.
Равуои қатораҳо, ки бо пахши калид аз ҷониби Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, низ аз ҳодисаҳои гуворо ба ҳисоб меравад.
Бовар кунед, гуфтанӣ хеле зиёд аст. Зеро акнун ману ҳамсарам, ки дар Тоҷикистон таҳсил кардаем, бидуни раводид ба Тоҷикистон, ба назди хешовандон, ки дар шаҳри Исфара зиндагӣ мекунанд, метавонем равуо кунем.
Фархундаву хуҷаста бод дӯстиву рафоқати байни тоҷикону ӯзбекон!
Султоналӣ Болтаев, сокини ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона
******
Дар ғаму шодӣ шариканд…
Дӯстиву ҳамдилии халқҳои тоҷику ӯзбек дар зарварақҳои таърих сабт ёфтааст. Онҳо ҳамчун дӯсту бародар аз замонҳои хеле қадим дар як сарзамин паҳлуи ҳам ба сар бурда, ба ғановати моддиву маънавии якдигар афзудаанд, алайҳи таҷовузкорон ва ситаму худсариҳои зимомдорони дохилӣ аз як гиребон сар бароварда, мубориза бурдаанд, талхию ширинии ҳаётро ба ҳам дидаанд. Ҳамзистии осоишта дар як сарзамин, як будани қисмат, урфу одат, эътиқод ва тӯю маросимҳо онҳоро муштарак кардааст. Ҳамин ҳамдилию ҳамкорӣ дар асарҳои таърихии ду халқ ва фаъолияти олиму адибон низ дарҷ ёфтааст. Чунончӣ, дар яке аз ҳуҷҷатҳои аз Панҷакент бадастомада (чоряки аввали қарни VII) тафсилоти издивоҷи ҷавони турк Уттеген бо духтари тоҷик Дугдонча омадааст. Дар ҳуҷҷати дигар доир ба алоқаҳои дипломатии ҳокими Панҷакент – Деваштич бо бекҳои Чоч (Тошканд), Қӯқанд, Фарғона, даъвати ӯ ба мубориза алайҳи таҷовузкорони араб маълумот дода мешавад.
Алоқаҳои адабӣ ва илмию фарҳангии халқҳои форсигӯю туркигӯй, ки дар Осиёи Марказӣ аз қадим паҳлуи ҳам ба сар мебаранд, аз азал мустаҳкам буд. Алломаҳои нотакрор Ал-Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Маҳмуди Қошғарӣ, ки фарзандони барӯманди он халқҳоянд, на танҳо ба рушди илму фарҳанги Шарқ, балки бани башар саҳми назаррас гузоштаанд.
Асрҳои XV-XVI дар таърихи алоқаҳои адабии тоҷику ӯзбек давраи нав мебошад. Зеро дар он асрҳо анъанаи зуллисонайнӣ, устоду шогирдӣ, ягонагии маънавӣ амиқ реша давонд, эҳсосоти дӯстию қаробат ва бародарию баробарӣ дар адабиёти бадеӣ инъикос ёфт.
Олимон ягонагии маънавӣ ва устодию шогирдии байни Абдураҳмони Ҷомию Алишери Навоиро қуллаи баландтарини ҳамкориҳои адабӣ қаламдод кардаанд. Ҷомӣ қариб дар ҳамаи асарҳояш Навоиро ситоиш намудааст. Дар онҳо шоири бузурги ӯзбек ба сифати соҳиби истеъдоди беназир, бузургтарин санъаткори Шарқ, аҳли илм, арбоби давлатии одилу халқпарвар қаламдод шудааст. Ҷомӣ дар дебочаи «Фотиҳат-уш-шабоб» гуфтааст: «Аз он ки халқ ӯро дӯст медорад, дар чаҳорчӯбаи таъриф намеғунҷад». Дар «Ҳафт авранг»-аш «Хамса»-и Навоиро аз «Хамса»-ҳое, ки ба забони форсӣ таълиф шудаанд, боло мегузорад.
Нахустин хонандаи асарҳои Алишер Навоӣ низ Ҷомӣ будааст. Дар ин хусус Навоӣ дар «Садди Искандарӣ» махсус қайд кардааст. Дар ҳар як достони «Хамса»-и Навоӣ абёте вомехӯранд, ки саршор аз ситоиши Ҷомиянд. Муаллиф дар онҳо Ҷомиро ба сифати нобиғаи ҳунар, пешвои илму маърифат, устоди садҳо шогирд, инсони фурӯтану хоксор ситуда, ба ягонагии маънавии худу устодаш ишора кардааст.
Навоӣ ҳам бино ба маслиҳати Ҷомӣ «Хазоин-ул-маонӣ»-ро, ки чаҳор девонро дар бар мегирад, таълиф менамояд, доир ба қаробати дӯстӣ бо Ҷомӣ асари «Хамсат-ул-мутаҳаййирин»-ро менависад, нусхаҳои ӯзбекии «Чиҳил ҳадис» ва «Насоим-ул-муҳаббат»-и устодашро меофарад. Ба ҷуз ин, ба Котибӣ, Ҳотифӣ, Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ, Восифӣ барин даҳҳо адибони форсигӯй раҳнамоӣ карда, кумаки моддиро аз онҳо дареғ надоштааст.
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз адибони боистеъдоди тоҷик аст, ки назари Ҷомию Навоӣ ба ӯ афтодааст. Восифие, ки дар овони дувоздаҳсолагиаш Навоӣ қобилияти ӯро дар ҳалли муаммо эътироф намудааст, дертар дар асари «Бадоеъ-ул-вақоеъ» устодашро ба некӣ ёд мекунад, таълифоти халқро дар бораи Навоӣ ҷамъоварӣ менамояд. Восифӣ низ дар таърихи ҳамкориҳои адабию фарҳангии тоҷику ӯзбек ҷойгоҳи муносиб дорад. Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ки Восифӣ ба хонадони ӯзбек як шахси наздик буд. Вай 20 соли ҳаёташро дар Тошканд гузаронда, дар сарои ҳокимони Тошканд Келдимуҳаммадхон ва Наврӯз Аҳмад кор мекунад, ба даҳҳо фарзандони ӯзбек санъати китобат меомӯзад, ба маҳфилҳои шеър роҳбарӣ мекунад. Ғазалҳои ӯзбекиеро, ки дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ҷой гирифтаанд, ҳангоми зиндагӣ дар Тошканд навиштааст.
Барои Восифӣ Тошканд ватани дуюм буд. Ин аст, ки ӯ бахшида ба боғу роғҳои ин шаҳри бостонӣ қасидаҳо менависад, дар бораи тарзи зиндагии халқ, фарҳанг, мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва меъморӣ ҳикоя мекунад. Бино ба шаҳодати доктори илмҳои таърих Бӯрибой Аҳмадов Восифӣ дар қабристони Шайхонтаҳур дафн шудааст.
Дар асарҳои Заҳириддин Муҳаммад Бобур низ доир ба ҳамкорӣ ва қаробати халқҳои тоҷику ӯзбек маълумот кам нест. Шоири лирик, олим ва арбоби давлатӣ Бобур дар «Бобурнома» шаҳр ва мавзеъҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва Хуросонро мавриди тасвир қарор додааст.
Олими шинохта, арбоби давлатӣ, хони Хева Абулғозӣ Баҳодурхон (асри XII) дар асарҳои «Шаҷараи тарокима» ва «Шаҷараи турк» дар қатори дигар халқҳо доир ба забон ва таърихи тоҷикон низ фикрҳои ҷолиб баён намудааст. Умуман, осори таърихии Абулғозӣ бобати омӯхтани таърих ва этнографияи халқҳои Осиёи Марказӣ манбаи нодир маҳсуб меёбад.
Умуман, аз ҷониби адибони ӯзбек мавриди тасвир қарор гирифтани ҳаёти халқи тоҷик ё ба риштаи тасвир кашида шудани ҳаёти халқи ӯзбек аз ҷониби адибони тоҷик анъанаи қадимист. Он дар охири қарни XIX ва ибтидои асри ХХ рушд кард. Муштаракоти рӯҳӣ ва ягонагии ғоя барои адибони ин давраи ҳар ду халқ хос аст. Дар эҷодиёти Аҳмади Дониш, Комили Хоразмӣ, Тошхоҷа Асирӣ ва Фурқат бобати тарғиби илму фан, усули нави таълим, ғояҳои маърифатпарварӣ умумият ба назар мерасад.
Ҳамкорӣ ва мукотибаи Фурқат, Муқимӣ, Завқӣ, Боқии Риштонӣ бо намояндагони ҳавзаи адабии Хуҷанд Фахрии Румонӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Низоми Хуҷандӣ ва Зуфархони Ҷавҳарӣ низ далели гуфтаҳои болост. Дӯстии байни Садриддин Айнию Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзодаю Ғафур Ғулом низ мисоли равшан аст. Дар шеърҳои Уйғун, Абдулло Орипов ва Барот Бойқобилов дар бораи халқи тоҷик фикрҳои ҷолиб баён шудаанд. Дар романҳои Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, қиссаҳои «Муҳоҷирон» ва «Одамони куҳна»-и Фазлиддин Муҳаммадиев, романи «Кулбаи косибон»-и Ҳасан Ирфон ва қиссаи «Баландии 41-ум»-и Ҳабибулло Назаров образи фарзандони ӯзбек моҳирона мавриди тасвир қарор гирифтаанд.
Робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои ӯзбеку тоҷик аз ҷониби И. Брагинский, Э. Шодиев, С. Воҳидов, А. Сайфуллоев, М. Бақоев то ҷое омӯхта шудаанд. Аммо тадқиқи ҳамаҷониба ва нашри осори ба забони ӯзбекӣ тарҷумашудаи шоирони тоҷик ва асарҳои ба забони тоҷикӣ баргардонидашудаи шоирони ӯзбек, фикру мулоҳизаҳои олимон оид ба таърихи ду халқ ҳанӯз табъи дил нест. Агар адабиётшиносони ҳар ду ҷумҳурӣ ҳамкориҳоро боз ҳам бештар ба роҳ мемонданд, натиҷаи матлуб мебахшид.
Дӯстии байни халқҳои ӯзбеку тоҷик имтиҳони зиёдро аз сар гузаронидааст. Кору амали ҳеҷ муғриз ба дӯстии азалию абадии онҳо рахна андохта наметавонад. Зеро ин ду халқ ҳамеша дар ғаму шодии якдигар шариканд, риштаҳои хешутаборӣ онҳоро ба ҳам пайвастааст.
Ҳамидҷон Ҳомидӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор
******
Дидорбинии деринтизор
Ташрифи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бо ташаббуси онҳо кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ қалби мардуми ҳар ду кишварро аз шодию нишот лабрез намуд. Онҳо солҳои тӯлонӣ ин ҳолатро интизор буданд ва ба мо муяссар гардид, ки бо чанде аз онҳо суҳбат ороем.
Икром Худойназаров, омӯзгори мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато:
– Бо амри тақдир ба духтари тоҷикистонӣ, аз деҳаи Маҳрами ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, дил бастам. Дар оғоз падару модарам (рӯҳашон шод бод!) ба издивоҷ розӣ нашуданд. «Роҳ дур, рафтуо барои арӯс душвор мегардад», — гуфтанд онҳо. Аммо ман ба аҳду паймон содиқ монда, соли 1989 бо Марҳабо хонадор шудам. Солҳои аввали хонадоршавӣ рафтуомад хуб буд. Дертар ба туфайли баъзе аз муаммоҳои ду кишвар сарҳадҳо баста шуданд ва рафтуои раводидӣ роҳандозӣ гардид.
Завҷаам падару модар ва хоҳару бародаронашро пазмон мешуд, ба дидорбинии онҳо мешитофт. Аммо аз сарҳад – гузаргоҳи ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд бармегашт, чанд рӯз оби дида мерехт ва баъзан аз қисмат менолид.
– Сафари роҳбарони давлатҳо ва бо саъю ҳаракати ҳар ду ҷониб кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадиро аз телевизор тамошо карда, бовар кунед, курта-курта гӯшт гирифтам. Дилам аз шодию сурур лабрез гашт, аз чашмонам ашки шодӣ ҷорӣ шуданд. Зеро солҳо танҳо ба воситаи телефон бо наздиконам ҳолпурсӣ мекардам. Дар 3 — 4 сол як маротиба бо душвории зиёд рафтуо мекардем. Аз тӯю сур, маъракаю маросимҳои наздиконам бебаҳра будам. Ҳоло боиси хушнудист, ки муаммоҳо бартараф карда шуданд, — иброз намуд Марҳабо Худойназарова.
Арӯси конибодомӣ соҳиби писару духтар ва набераҳо мебошад. Расму оин, гуфтугӯйи лаҳҷавии аҳли деҳаи Эҷи ноҳияи Нураторо аз худ кардааст. Овози хушу форам дорад, аз фолклори Бадахшону Қаротегин, Суғду Самарқанд сурудҳои халқӣ месарояд. Бо Икром ва писаронаш дастаи ҳунарӣ ташкил дода, ба базму шабнишинӣ ва идҳои ҳамдеҳагон шукӯҳи тоза мебахшад.
Гулҷаҳон Қиличева, омӯзгор аз ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё:
– Волидонам дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато таваллуд ёфта, ба воя расидаанд. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ ба шаҳри Душанбе барои идомаи таҳсил рафтаанд. Донишгоҳро хатм намуда, хонадор шуда, ҳар ду муқими Душанбе гардиданд.
Солҳои мактабхонӣ таътили тобистонаро дар деҳаи хушобу ҳавои Эҷ ва Сойи хурд мегузарондем. Дертар рафтуо, қариб ки канда шуд. Барои аз сарҳад гузаштан ҳуҷҷати зиёд талаб мекарданд. То омода кардани онҳо ҳам маблағ ва ҳам вақти зиёд сарф мешуд.
Маро ба ҷавони сирдарёӣ ба шавҳар доданд. Падару модар, хоҳарону бародаронамро пазмон мешудам, ҳар боре ки бо раводид ба Душанбе мерафтам, аз дидори онҳо сер нашуда бармегаштам. Падари меҳрубонамро дар Тоҷикистон ба хок супурдем, хостем ҷасади ӯро ба зодгоҳаш орем, аммо рухсат нашуд. Аммаю тағо, ҳатто хоҳарам, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё зиндагӣ мекунанд, натавонистанд падарамро ба хонаи охират гуселонанд. Кошкӣ, қиблагоҳам зинда мебуданду амалҳои инсонпарварона ва хайрхоҳонаи сарони ҳар ду кишварро медиданд.
Мутаассифона, ба рӯзҳои саид нарасидаву бо армонҳои зиёд аз дунё рафтагон зиёд буданд. Акнун роҳбарони давлатҳо изҳор доштанд, ки дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳеҷ гоҳ пӯшида нахоҳанд шуд. Хушнудем, ки дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи ҳар ду халқи аз азал дӯсту бародар саҳифаи нав боз гардид.
Саодат Бекназарова, хабарнигори «Овози тоҷик»
******
Худоё, уқоби дӯстӣ аз парвоз намонаду…
«Аҷам», ба маънӣ, «ғайри араб» гуфтан аст ва тамоми Осиёи Марказиро фаро мегирад. Аз ин мебарояд, ки мо – тоҷикону ӯзбекҳо, қазоқону қирғизҳо бори таърихро бо ҳам ба дӯш гирифта, ба пояе расидаем, ки аҳди Сомониён ба унвони «Асри тиллоӣ» мусаммо шуд. Маҳмуди Ғазнавӣ ҳам меҳру мурувватро аз дӯстони тоҷикаш дареғ надошт. Вагарна, Фирдавсӣ наметавонист «Шоҳнома» барин асари безаволро бинависад. Дар замони Темуриёну Бобуриён ҳам риштаҳои дӯстии тоҷикону ӯзбекҳо ҳаргиз гусаста нашудаанд. Баръакс, қасри дӯстии ин ду халқ, бо азму суботи Ҷомию Навоӣ мустаҳкамтар шуд.
Алҳақ! Муддате ба дӯстии мо чашм расид. Албатта, ин кори қувваҳои аҳриманӣ буд, ки осмони дӯстиро тира, замини дӯстиро дастнорас, корвонҳои дӯстиро раҳгум карданд.
Барои ҳамин ҳам баҳамоии сарони Тоҷикистону Ӯзбекистонро мардум интизор буд. Онҳое, ки мисли камина ва садҳо ҳазор пиру барно аз бастагии сарҳад дилгиру хаста, гирифтори «дарди дидор» буданд.
Ҳар ду сафар, вохӯриҳои Душанбеву Тошканд, ки дар фазои гарми дӯстона гузаштанд, ба муносибатҳои хуб такони рӯҳбахш дода, омили муҳими пешрафти иқтисодии мамлакатҳо гардиданд. Аз ҳама муҳимаш, ба дили халқҳои минтақа тухми умеду орзуҳои нек коштанд. Дардҳое, ки чаҳоряк аср мардумро азият медоданд, даво ёфтанд.
Ҳама дар хотир доранд, гӯё дирӯзакак буд, ки сарҳади ҷумҳуриҳоро фақат дар харита медидем. Кас аз ҳар ҷое метавонист, барои фарзандаш шаҳодатномаи таваллуд гирад. Баъди соли 1992 ин амал бекор шуд. Масалан, фарзанди аз соли 1995 ҳамроҳи ман дар Тошканд муқимзистро шахси «бетабаа» шумурда, аз додани шиносномаи биологӣ сар тофтанд. Ҷавононе, ки аз падар ё модари тоҷикистонӣ ба дунё омада, мактаби миёнаи Ӯзбекистонро хатм кардаанд, наметавонистанд шиноснома гиранд ва ба ҳамин асос аз таҳсил бебаҳра мемонданд. Кам монда буд, ки дарахти дӯстӣ хушкидаву бесамар шавад.
Он фикру андешаҳои хушки матбуот оид ба дӯстию рафоқат дар дили одамон намеғунҷиданд.
Ҷорӣ шудани усулҳои мураккаб ва талабҳои иловагӣ барои раводид (виза) дилсардиҳои бисёр оварданд. Тӯли 10 соли охир муносибатҳо сол ба сол коҳиш ёфтанд. Ман инро дар мисоли алоқаҳои мадании Сафоратхонаи Тоҷикистон ва «Ориёно» (Маркази фарҳанги тоҷикони Тошканд) мушоҳида кардаам. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзу Истиқлолият натавониста будем ба дидори якдигар мушарраф шавем ё мушкилеро бо имдоди якдигар осон кунем. Тарсу бим доштем, ки мабодо сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистони соҳибистиқлол ба «Хатти Дюранд» табдил ёбад. (Дар охири қарни XIX, дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои Англияву Русия дарёи Панҷ ва Ому ба «Хатти Дюранд» ҷудо шуд ва ин халқ (тоҷикон ва ӯзбекҳо) дар ду тарафи марз, дар хоку замини худ, ғарибу мусофир гаштанд ва то ба ҳол дарди ҷудоӣ онҳоро азоб медиҳад).
Басо хушоянд аст, ки сарони оқили ду кишвар сари вақт дарси таърихро сармашқи кори худ намуданд ва ба эъмори пули дӯстӣ пардохтанд. Дар давоми баҳамоӣ кӯпрук таъмир шуда, шоҳроҳи дӯстӣ ҳамвор гардид.
Ҳафтавори тоҷикии «Ганҷи ороста» дар мақолае оид ба тамаддуни ориёиҳо чунин хулосаи холисона овардааст: «Ориёиҳо дар гузашта халқи бузург буданд ва онҳо бо халқҳои зиёди Осиёю Урупои Шарқӣ, махсусан, украинҳо, молдовҳо, русҳо, туркзабонҳо, туркҳо, ҳиндуҳо, уйғурҳо, муғулҳо, тувагиҳо омезиш ёфтаанд. Дар асрҳои минбаъда тоҷикон бо ӯзбекҳо, туркманҳо ва қазоқу қирғиз омезиш ёфтаанд, бинобар ин омезиши тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ омезиши тамаддуни ҳамаи халқҳои зикршуда мебошад».
Тоҷикистону Ӯзбекистонро қаноти як уқобу ду тори як танбӯр тараннум кардаанд. Худоё, уқоби дӯстӣ аз парвоз намонаду дутори мо – аз наво.
Маъруф ОТАХОНЗОДА, Рӯзноманигори шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Маркази маданияти тоҷикони Тошканд – «Ориёно»
******
«Афсонаи дӯстӣ надорад анҷом»
Дӯстист, ки қавму миллатҳо ва одамони сайёраро ба ҳам мепайвандад. Онҳоро сари масоили мухталиф ба ҳам меорад. Бигирем, вохӯрии ду дастаи футболро. Бозӣ бошиддат, саропо пур аз зиддият доир гардад ҳам, новобаста аз натиҷа баъди анҷоми он бозингарон даст ба ҳам дода, изҳори дӯстӣ мекунанд.
Имсол баҳори дӯстӣ барои мардуми Ӯзбекистону Тоҷикистон бор овард. Ба туфайли вохӯрӣ ва ба имзо расондани якчанд созишномаи дӯстӣ аз ҷониби сарони ду давлат – Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон робитаҳо дар ҳама соҳа мустаҳкам мегарданд, гузаргоҳҳои сарҳадӣ кушода шуданд. Шаҳрвандон ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар барои дидорбинии наздикон мераванд, ки солҳои зиёд имконнопазир буд.
Ба ёд меояд, ки бори охирини боздидам аз шаҳри Душанбе тобистони соли 1997 буд. Таҳсил ба охир расиду аз хонаи иҷора ҳамроҳи Хушбахт ном рафиқи бекободӣ як қисм китобҳоро гирифта, ба қатора нишастем. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов дар истгоҳи роҳи оҳан моро дида, хайрухуш кард. Инак, аз байн бисту як сол гузашт. Дарвоқеъ, ба қавли яке аз ҳамкасбонам, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Тоҷибой Икромов, ки ба муносибати ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаи телевизиони «Ӯзбекистон 24» гуфта буд: «Дар давоми бисту як сол дар Тоҷикистон насле ба камол расид, ки аз бисёр дигаргунии Ӯзбекистон бехабар аст. Албатта, онҳоро ба кишвар даъват карда, аз дигаргуниҳо воқиф кардан ба пешрафти робитаҳо хидмат мекунад».
Оре, дӯстӣ неъмати бебаҳост. Кас мехоҳад он ҳаргиз кам нашавад, балки мунтазам равнақ ёбад.
Ба қавли шоире:
Эй дӯст, биё, зи нав ҳамовоз шавем,
Ҳамсоз ба ҳам, ду тори як соз шавем.
Афсонаи дӯстӣ надорад анҷом,
То мову ту чун тарона оғоз шавем.
Анорбой НАЗАРОВ, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Ҷиззах
******
Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мактаб бунёд мекунад
Бино бар иттилои масъулин аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамени Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактаби нав барои 630 хонанда, дар масоҳати умумии беш аз 2 гектар сохта шуда, аз таҳхона ва се ошёнаи таълимӣ, инчунин ошхона, толор ва майдончаи варзишӣ иборат хоҳад буд. Анҷоми корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимӣ соли оянда пешбинӣ гардидааст.
Дар ин замина раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода аз мавзеи мактаби нав боздид намуда, бо сохтмончиёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқоти судманд карда, аз ҷумла, баён дошт, ки маҳз ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду давлати ба ҳам дӯсту бародар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, ҳамкориҳо дар ҳама соҳа бомаром рушд мекунанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар шаҳраки навбунёди Спитамени деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳия соли 2010 барои 2700 оила зиёда аз 355 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шуда, то кунун 1200 хонаи истиқоматӣ бунёд ва зиёда аз 800 оила дар манзилҳои нав зиндагӣ мекунанд. Баъди пурра бунёд шудани хонаҳои истиқоматӣ дар мавзеи зикршуда 18 ҳазор шаҳрванд иқомат ихтиёр намуда, тибқи нақшаи генералӣ, ҳамчунин бунёди қасри фарҳанг, маркази саломатӣ, беморхона, варзишгоҳ, 3 кӯдакистон, 3 мактаб ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар назар аст.
Абдуаҳад ШАРИФЗОДА, вилояти Суғд