Аз нашри «Овози тоҷик» – яке аз аввалин рӯзномаҳои тоҷикӣ 100 сол пур шуд. Рӯзнома чун падидаи сиёсиву иҷтимоӣ дар нимаи солҳои 20-уми қарни гузашта ба майдон омад ва оғози нашр бо таҳаввулоти сиёсию миллӣ ва худмуайянкунии қавмҳои минтақа рост омад.
Аз матолиби нахустин шумораҳои он маълум мегардад, ки рӯзнома дар он замон дар ҳаёти маънавӣ ва ташхиси ҳувияти миллӣ аз тамоми василаҳои дигари таблиғотӣ бартарӣ доштааст ва ин афзалият таъсир ва нуфузи рӯзномаро дар ҳаёти ҷамъият дучандон сохтааст. Мақолаи маъруфи устод Садриддин Айнӣ дар аввалин шумораи «Овози тоҷики камбағал», ки бо имзои «Сод-Айн» 25 августи соли 1924 нашр гаштааст, баёнгари шароити фарҳангию таълимӣ ва тарзи ҳаёти иҷтимоии тоҷикон буд. «Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне, қавми бе рӯзнома мисли одами безабон аст», — омадааст дар он мақола.
То чӣ андоза аҳамиятнок будани падид омадани мафҳуми рӯзнома дар даврае, ки як низом ба низоми дигар табдил меёфт ва сарнавишти миллат бинобар таҳаввулоти сиёсии солҳои охири императории Россия дар Осиёи Марказӣ норавшан мемонд, дар оинаи таърихи он маълум мегардад.
Замоне ки дастгоҳи давлатии собиқ аз байн рафтаву низоми шуравӣ ҳанӯз бо сохти мушаххасу мураттаб рӯйи кор наомада буд, рӯзномаю маҷаллаҳо чун воситаи мутаассири таблиғ бебадал ва беназир буданд. То ҳадде ҷамъият ба онҳо унс гирифта буд, ки гӯё иддае вазифа ва масъулияти мақомоти ҳукумат ва иҷроияро ба дӯши худ гирифта бошанд. Ин ҳама воситаҳои ахбори оммаро дар назари мардум ба мисли як минбар ва фишанги муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҷилвагар менамуд.
Бо назардошти ин ҳама устод Айнӣ ва ҳаммаслаконаш дар паи ташвиқ ва нашру афзудани рӯзномаҳо, аз ҷумла «Овози тоҷик», собитқадам буданд. Мисле ки барои мардуми тоҷик рӯзнома дар он рӯзгор ҳама чизро ҷуброн мекард. Аммо барои он ки мардуми мазлум ва бесавод аз ин неъмати маънавӣ баҳра бардошта тавонанд, онҳоро аввал мебоист босавод кард. Дар ин бобат «Овози тоҷик» низ ба василаи бебадали ташвиқотӣ барои маҳви бесаводӣ ва ҳар чӣ бештару зудтар бо мактабу мадраса фаро гирифтани тоҷикон ва фарзандони онҳо табдил ёфта буд.
Устод Айнӣ ва ҳаммаслаконаш, ба мисли Абдулқаюм Қурбӣ (Ҳамроев), ки нахустин сармуҳаррири рӯзнома ба шумор меравад, аз рӯзнома воситаи муқтадири равшанибахш сохта, кулли ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъияти тоза ба ҳаёти наврасидаро нуру зиё бахшид. Абдулқаюм Қурбӣ дар солҳои бистуми асри гузашта чанде аз нашрияҳои тоҷикиро на танҳо бунёд, балки дар онҳо чун муҳаррири масъул адои вазифа низ намудааст. То ин ки «Овози тоҷик» таъсис гардаду дар он Қурбӣ ба ифои вазифа пардозад, дар Тошканду Самарқанд чандин нашрия чоп ва бо иллати иҷтимоӣ баста мешуданд. Ӯ ҳар дафъа аз ин мутаассир мегашту аз паи созмон додани ҷаридаи нав мешуд. Аз ҷумла, пас аз баста шудани ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» дар маҳфиле, ки дар хонаи Қурбӣ бо иштироки эҷодкороне, мисли Ализода, Ҷавдат ва Роҷӣ, доир гардид, андешаи таъсиси рӯзномаи нав ба вуҷуд меояд. Маҳсули ин нишаст ва машварат ҳамин «Овози тоҷик» гардид, ки пасон барои ҳамкорӣ адиб ва эҷодкорони шинохтаи вақт, мисли Пайрав Сулаймонӣ, Ҳоҷӣ Муин, Турақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Нисор Муҳаммад, ҷалб гардиданд. Қурбӣ зимни сафарҳои хидматии худ ба Бухорои Шарқӣ ва ҷонибҳои Хуҷанду Ӯротеппа, Помиру Фалғар ба ҳайси вакили ҳокимият аз аҳли зиёи маҳалҳо даъват менамуд, то ба ташкили ҷарида азм намоянд, ки дар айни ҳол дархӯри замон аст. Ӯ, ҳамчунин, аз созмондиҳандагони рӯзномаи «Бедории тоҷик» ба шумор меравад.
Бинобар мушкилоти техникӣ ва моддӣ он даврон ҳам роҳбарӣ ва ҳам ҷараёни чопи рӯзнома осон набуд. Раҳим Ҳошим, ки аз умури нашру талоши рӯзнома воқиф буд, дар хотироташ менависад, ки «коғаз на ҳама вақт дастрас буд. Рӯзҳоеро медонам, ки Қурбӣ ва Ализода барои дар вақташ чоп кардани газета аз савдогарҳо ба нася коғаз мегирифтанд».
Абдулқаюм Қурбӣ чун аввалин муҳаррири масъули «Овози тоҷик» дар таърихномаҳои солҳои 50-уми асри ХХ ва баъд аз они «Овози тоҷик» ба назар намерасад ва танҳо баъд аз сафед гардидани номаш имкон фароҳам омад шарҳи ҳол, фаъолияти ҳукуматӣ ва рӯзноманигориаш омӯхта шавад. Иллати асосии аз ёдҳо сутурда шудани исми ӯ он аст, ки соли 1937 бо айби «аксулинқилобӣ» ба муҳлати 10 сол табъид мегардад ва ҳамон сол дар ғурбат вафот мекунад. Танҳо соли 1986 суди вилояти Самарқанд бо ҳукми худ номи поку неки аввалин сармуҳаррири «Овози тоҷик»-ро сафед менамояд ва ҳоло дар Самарқанд, дар кӯчае, ки номи ӯро дорад, ба хотираи некаш лавҳаи сангин гузошта шудааст.
Муҳаммадҷон Ҳасанов дувумин сармуҳаррири «Овози тоҷик» шинохта мешавад, ки аз соли 1926 то соли 1927 — бештар аз як сол онро роҳбарӣ кардааст.
Ногуфта намонад, ки мавзуи забон дар даврҳои аввали мавҷудият ва ҳини маъмурияти тамоми сармуҳаррирони солҳои 20-30-юми асри ХХ-и рӯзнома аз муҳимтарин маҳсуб меёфтааст. Баъд аз ба қудрат расидани синфи коргару деҳқон ва маҳви оммавии бесаводӣ дар Осиёи Миёна ба ин масъала эътибор додан ва аҳли оммаро мутаваҷҷеҳ сохтан аз вазифаҳои муҳими давр унвон мешуд. Аз мундариҷаи матолиби рӯзнома, ки ба ин мавзуъ ихтисос ёфтаанд, ин ҳақиқатро зуд дарёфтан мумкин аст. Гоҳо ин масъала дар матолиби рӯзнома чун мавзуи муҳимтарин баррасӣ гаштааст.
- Моҳи майи соли 1927 маро муҳаррири ин газета таъин карданд, – менависад сармуҳаррири сеюми рӯзнома Шаҳобиддин Садруллин. – Комитети марказии партия дар назди коркунони матбуот вазифаи қатъӣ гузошт, ки забони газета бештар ба оммаи меҳнаткашон наздик ва фаҳмо бошад. Аз рӯи ин супориш идораи газета нақшае тартиб дода, аз паи иҷрои он шуд. Барои беҳтар намудани забони газета аввалан лозим буд, якчанд нафар зиёии забондону қаламрони тоҷик ба кори редаксия ҷалб гарданд.
Ба ин хотир, идораи рӯзнома аз ҷумлаи зиёиёну забондонон бо роҳбарии устод Айнӣ теъдоди зиёдеро ба мубоҳисаву мунозира даъват мекунад, то оммафаҳм гардидани забони газета, беҳтар шудани сифати материалҳо боиси афзудани хонандагон ва мухбирон гардад.
Дар хотироти худ Садруллин хулоса мекунад, ки дар натиҷаи пиёда намудани ин нақша ва супоришҳо теъдоди мухбирони рӯзнома аз 100 нафари соли 1927 дар соли 1930 то 2 ҳазор нафар мерасад. Шумораи газета низ дар ин муддат аз 5 ҳазор то 10 ҳазор нусха меафзояд.
Рӯзнома соли 1938 нашри худро муваққатан қатъ менамояд ва соли 1950 дафъатан бо номи «Ӯзбекистони сурх» чоп гардидани онро дар «Ҷашннома»-и рӯзнома (с.1974) мехонем, ки аз он оҳанги шодӣ бармало маълум аст: «…Он рӯз дар ёди ҳаводорони рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳамчун рӯзи пурхайру саховат сабт ёфтааст. Он рӯз рӯзнома баъд аз чанд соли таваққуф бо номи «Ӯзбекистони сурх» боз ба табъ расид. Он рӯз дар саросари республика боз овози тоҷик танинандоз гардид».
Аз он пас рӯзнома бидуни таваққуф, аммо бо якчанд маротиба иваз кардани ном, то ҳанӯз нашр мегардад. Чун ҳама гуна нашрияи даврӣ «Овози тоҷик» ифодакунандаи афкор ва нашри идеологияи ҳокимияти вақт буд. Вобаста ба низом ва таҳаввулоти сиёсии вақт набзи ҳаётро инъикос менамуд. Як сутун ва маҷрои бемайлони тамоми давраҳои нашри рӯзнома тараннуми дӯстиву рафоқат ва сулҳу салоҳ байни ҷамъияти мамлакат, билхоса мардуми тоҷику ӯзбек, ҳатто дар алоҳидагӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон буд ва ҳаст.
Махсусан, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, ки таърихи қариб ҳафтод соли нашри рӯзнома ба низоми мазкур марбут буд, давраи дигаре аз лиҳози мафкура ва сиёсати иттилоотӣ фаро расид. Дар таърихи камтар аз 70 соли шуравӣ рӯзнома мақтаъҳои замони мухталифи табъу нашрро аз сар гузаронд. Аз як саҳифаи андозаи хурди солҳои аввали нашр охирҳои солҳои 80-уми асри ХХ ба рӯзномае табдил ёфт, ки ҳафтае панҷ маротиба чоп мегардид ва теъдодаш баъзе солҳо то 35 ҳазор нусха мерасид.
Бинобар мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, ки на фақат ҳаёти номураттаби сиёсию иҷтимоӣ, паёмадҳои номатлуби иқтисодӣ низ дошт, дар афкори муштариёни рӯзнома тағйирот ворид гардид. Ба ин минвол солҳои 90-уми асри ХХ ҳам пушти сар шуд ва рӯзнома ба ҳама гуна озмоиш ва падидаҳои номатлуб сарбаландона тоб овард.
Рӯзнома ҳоло дар замоне нашр мешавад, ки кишвар номи Ӯзбекистони навро касб кард ва рӯзнома ҳанӯз ҳам марбути Олий Маҷлис ва Девони вазирони Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ин ҳама аз ояндаи неки «Овози тоҷик» гувоҳӣ медиҳад. Фазои мусоид ва муҳити созгоре, ки барои мардумон ва қавмҳои гуногуни маскуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон фароҳам шудааст, дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» низ мунъакис мегарданд. Ин заминаҳоро сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, хусусан ҷиҳати бархӯрд ба масоили миллӣ дар дохил ва ҳамсоякишварҳо, фароҳам овардааст, ки дар бобати устуворӣ, оромӣ ва осудагию ҳамзистии миллату қавмҳо муҳим ба шумор меравад.
Шоистаи зикр аст, ки «Овози тоҷик» аз замони падид омадани худ то ҳанӯз ба далели муштаракоти таърихиву фарҳангӣ ва мазҳабию арзишӣ бо Тоҷикистони ҳамсояву дӯст риштаҳои хеле мустаҳкаму равобити қарин дорад. Моро то ҳанӯз ҳавзаи ягонаи фарҳангию адабӣ ва бисёр арзишҳои муҳими дигар бо ҳам мепайвандад. Дар ин сад соли сипаришудаи таърихи рӯзнома дар саҳифаҳои он матолиб, расму нишонҳое аз Тоҷикистони бародар ҷойгоҳи ҳамешагӣ ва махсуси худро дошт ва дорад. Ногуфта намонад, ки дар айни ҳол ба чунин дараҷаи баланду беназири ҳампаймонӣ ва дӯстию рафоқат расидани равобити ду ҷумҳурӣ маҳз ба шарофат ва иродаи неки ду пешво – роҳбарони муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омад, ки аз он қадр ва арҷгузорӣ бояд кард.
Имрӯз рӯзнома бо ҳайати беш аз 25 нафараш бо теъдоди беш аз 4 ҳазору 200 нусха ба мафкураи ҳар як хонанда таъсиргузор аст. «Овози тоҷик» таърихи баробар ба як қарни худро бо эътимод ва боварӣ ба ояндаи дурахшон ҷашн мегирад.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик»