Ояти рӯшани баҳор

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Бӯи баҳор мерасад,бӯи баҳор мерасад,

Нозу карашма мекунам, муждаи ёр мерасад.

Ояти рӯшани баҳор бӯи муҳаббат оварад,

Пок зиям, ки рӯзгор ойинавор мерасад.

Субҳи сафед медамад, боди умед медамад,

Гул ба баҳор мерасад, дил ба шикор мерасад,

Ишқи маро расида буд чашм, вале ба дидаам,

Сурмаи чашми офтоб боз ба кор мерасад.

Оҳ, зи навбаҳори худ дастагуле начидаам,

То ба кай аз чаман маро дастаи хор мерасад?

Сураи Пири Балхи ман, боз ба ёди талхи ман,

Ҳамчу суруди ишқи пок аз дили зор мерасад.

Бӯи баҳор мерасад, мужда диҳед ёрро,

Най ба наво, дил ба Худо, кор ба кор мерасад.

 

Ту ҷашни ишқу ирфон астӣ, Наврӯз,

Ҷамолафрӯзи инсон астӣ, Наврӯз.

Чу бошад решаи ту дар Хуросон,

Қадамҷои бузургон астӣ, Наврӯз.

ШАҲРИЯ