Ҳафтаи гузашта се ходими мазҳабҳои гуногун — раввин (хохом, кашиши яҳудиён), муовини Калисои Епископӣ ва пастори ягона (кашиши мазҳаби протестантӣ) ва имоми мард дар назди минбар (кафедра)-и Маркази исломии Хадиҷа дар шаҳри Уэст-Валли-Сити, иёлоти Юта ба ҳам омаданд. Занҳо табассум мекарданд ва дар сар рӯймол доштанд. Бо ҳамин тарз онҳо чорабинии «Рӯзи ҳиҷоб»-ро дастгирӣ намуданд.
Рӯзномаи Salt Lake Tribune (Солт-Лейк-Трибун) акси духтарони ҷавони ғайримусалмони бо рӯсарӣ ба масҷид равандаро чоп намуд. Шабакаи телевизионии KSL TV баъдтар хабар дод, ки: «Ҳиҷоб — ин рамзи хоксорӣ ва обрӯй мебошад. Бо пӯшидани рӯймол зани мусалмон мусалмонии худро нишон медиҳад».
Барои мо, занҳои одии мусалмон — зодагони Ҳиндустон ва Миср, дидани ин манзара танҳо хотираи нохуб дар хусуси кӯшишҳои хубмаблағгузоришудаи иртиҷоиён барои ба итоати худ даровардани ҷомеаҳои мусалмонии муосир буд. Ҳаракати муосири иртиҷоӣ ақидаҳои исломи сиёсиро ба гунаи исломгаройӣ паҳн намуда истодааст. Онҳое, ки ҳиҷобро ҳамчун «рукни шашум»-и ислом дар баробари анъаноти «панҷ рукн»: шаҳодат (имон овардан), намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ меҳисобанд, дар асл ба ҷонибдории иртиҷоиён амал мекунанд. Мо бошем, ҳиҷобро танҳо ҳамчун рамзи хоксорӣ ва обрӯи занҳои мусалмон намеҳисобем.
Иртиҷоиёни навбаромад — Эрон, Арабистони Саудӣ, «Толибон» — и афғон ва «Давлати исломӣ» барои гумроҳ намудани мардум даъво доранд, ки ҳиҷоб калимаи арабӣ буда, маънои «рӯсарӣ»-ро дорад. Ҳол он ки истилоҳи диниро ба фаҳмиши дунявӣ баробар намудан нодуруст аст. Ҳиҷоб дар забони арабӣ маънои «парда»-ро дошта, пинҳон кардани чизе ё пӯшонидани касеро мефаҳмонад. Дар «Қуръон» ин калима ҳеҷ гоҳ маънои либосро ифода намекунад.
«Рӯсарӣ» дар забони гуфтугӯйии арабӣ мафҳуми «tarha»-ро ифода менамояд. Дар забони классикии арабӣ сар «ra’as» ва каллапӯш — «gheata’a» ном дорад. Чӣ тавре ки мебинем, «ҳиҷоб» мисли «рӯсарӣ» нест, ба ҳар сурат тарҷумаи он дигар аст. Вақти он расидааст, ки дар ВАО таблиғи нодурусти ин мафҳумро анҷом диҳанд.
Муаллифони ин мақола солҳои 1960-ум дар хонаводаҳои суннатгарои мусалмонӣ, вале соҳиби ҷаҳонбинии васеъ (дар Миср ва Ҳиндустон) таваллуд шудаанд. Дар кӯдакӣ касе талқин накардааст, ки зан бояд мӯйҳояшро пинҳон кунад. Танҳо аз соли 1980, баъд аз инқилоби шиагии Эрон (соли 1979) ва болоравии маблағгузории рӯҳониёни саудӣ — мардон ва писарон талаб карданд, ки мо — занҳо сари худро пӯшонем. Бо вуҷуди ин, баъзе занон ва духтарон, ки онҳоро «мусалмони мутаассиб» меноманд, зиёдаравӣ намуда, занонеро, ки рӯсариро бо шими танг ба бар мекунанд, «фоҳишаҳои ҳиҷобдор» ном мебаранд.
Илова бар ин, ҳанӯз дар асри VII бисёре аз саҳобагон чунин меҳисобиданд, ки пинҳон кардани мӯйи сар барои занҳои мусалмон ҳатмӣ нест. Дар замони мо муҳаққиқи марҳуми марокашӣ Фатима Мернисси (Fatima Mernissi),инчунин профессори Донишгоҳи Калифорнияи Лос-Анҷелос Халед Абу ал-Фадл (Khaled Abou El Fadl), профессори Донишгоҳи Гарвард Лейла Аҳмед (Leila Ahmed), рӯҳонии мисрӣ Закӣ Бадавӣ (Zaki Badawi), мавлавии ироқӣ Абдулло ал-Ҷудай (Abdullahal Judai) ва рӯҳонии покистонӣ Ҷаваид Ҳамидӣ (Javaid Ghamidi) ҷонибдори чунин ақидаанд.
Эътироз ба ҳиҷоб
Барои мо ҳиҷоб рамзи фаҳмиши он исломест, ки мо онро инкор мекунем. Мувофиқи он, мардҳо бояд аз лаззатбарие, ки ҳангоми дидани мӯйҳои занон мебаранд, озод карда шаванд. Мо зидди чунин бархӯрд ҳастем. Ин ақида гуноҳи дастдарозии шаҳвониро аз мардҳо гирифта, аз ҷабрдидаҳо (занон) талаб мекунад, ки бо ҳиҷоб худро муҳофизат кунанд.
Ҳаракати ҷадиди ислоҳоти мусалмонӣ — шабакаи глобалии муборизон барои сулҳ, ҳуқуқи инсон ва давлати дунявӣ ҳуқуқи занони мусалмон барои пӯшидани ё напӯшидани рӯсариро дастгирӣ мекунад.
Мутаассифона, чунин чорабиниҳои содалавҳонаи «Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб» низ ақидаи ҳатмӣ будани ҳиҷобро барои занҳо таблиғ мекунад. Ин ташаббус соли 2013 аз тарафи амрикоии банғолитабор Назмахон (Nazma Khan), роҳбари ширкати бруклинии истеҳсолкунандаи рӯсариҳо ва шабакаи телевизионии AhlulBayt (шиагӣ) роҳандозӣ шуда буд. Дар баробари ин шабакаи телевизионии мазкур таъкид месозад, ки барои занон доштани ҳиҷоб зарур аст, то ки аз назари бегонагон пинҳон бошанд. Шабакаи телевизионии шиагии AhlulBayt ва Донишгоҳи Калгарӣ ба хоҳиши мо оид ба шарҳи «Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб» ҷавоб надод.
Телевизионии AhlulBayt дар бахши сомонаи худ зери унвони «Захираҳо» иқтибосеро аз мақола ҷой додааст, ки маҳрам набудани тамоми бадани занро исбот месозад. Ин ақида ба маҳдуд кардани ҳуқуқҳо, мутеъ будан, бастани даҳони занҳо оварда мерасонад ва ҳузури занҳоро дар ҷомеа маҳдуд месозад. Боз мақолаи дигари ҳамин бахш «Даҳ далеле, ки занҳои мусалмони беҳиҷоб ба он рӯ меоранд ва нодурустии яқини ақидаи онҳо» ном дорад. Дар он зикр шудааст, ки: «Дар қатораи тавбаю надомат бишин хоҳар, то замони ба истгоҳ расиданаш».
Сомона ва ташкилотҳои мусалмонии суннатгаро VirtualMosque.com ва Al-Islam.org сарсахтона ба ҷаҳониён фаҳмиши худро оид ба ислом таҳмил мекунанд ва талаб менамоянд, ки занҳо қатъан рӯсарӣ бигиранд. Al-Islam.org ҳамчунин маводеро зери унвони «Бо мазоҳ дар бораи ҳиҷоб» интишор кард, ки муаллифи он занҳои мусалмони рӯсаринадоштаро тибқи талаботи шаръиёти ислом таҳқир менамояд.
Ҳафтаи гузашта духтарбачагони мактабхон аз Вернон-Хиллси атрофи Чикаго дар доираи чорабинии «Як мил бо ҳиҷоб ҳаракат кун», ки аз тарафи Ассотсиатсияи иртиҷоии мактабии толибилмони мусалмон ташкил карда шуда буд, муташаккилона ҳиҷоб ба сар карданд. Моро ин манзара мушаввашхотир сохт.
Зиёда аз ин, сохторҳои дастгирикунандаи мусалмонӣ маводҳоро оид ба чӣ тавр фишор овардан ба занҳои мусалмони ҳиҷобдор паҳн мекунанд. Баъзе аз кормандони Шӯрои муносибатҳои амрикоию исломӣ мунтазам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва таблиғотӣ ширкатҳои амрикоиеро, ки ба пӯшидани ҳиҷоб ба кормандонашон дар вақти корӣ монеъ мешаванд, таъқиб сохта, ҳатто ташкилоти худро «Фонди ҳифзи судии ҳиҷоб» меноманд.
Феълан, дар асри XXI, аксари кулли масоҷид дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла дар ИМА, мо, занҳои мусалмонро аз ҳуқуқи беҳиҷоб намоз гузоштан маҳрум месозанд. Монеъ шудан ба воридшавии мо ба масҷид бе рӯсарӣ ин ҳуқуқпоймолкунӣ маҳсуб меёбад. Ба ин монанд, пас аз ислоҳоти дуюми Шӯрои Ватикан соли 1965 дастури бе рӯсарӣ ворид гардидани занон ба калисои католикӣ содир шуд. Дар масҷидҳо, ҳамчунин дастуре бояд содир шавад, ки рӯсарӣ кардан характери ихтиёрӣ касб намояд. Агар онҳо, воқеан, мехоҳанд, ки ба занон хайрхоҳ бошанд, дар масъалаи ҳиҷоб ихтиёрро ба худи занон вогузор кунанд.
Хушбахтона, миёни мо ҷасуроне ҳастанд, ки ин қоидаҳоро ҳамеша зери шубҳа мегузоранд. Дар ибтидои моҳи майи соли 2014 рӯзноманигори эронӣ Масеҳ Алинажод (Masih Alinejad) дар оғози маҳфили «Асрори озодии ман» (MyStealthyFreedom) нисбат ба қонунҳои қабулнамудаи роҳбарияти теократии Эрон дар соли 1979 оид ба пӯшидани ҳиҷоб норозигиҳо баён намуд. Шиоре аз ин иқдом чунин буд: «Ҳар зани эронӣ ҳуқуқи бастан ва ё набастани ҳиҷобро дорад».
Чӣ гуна Қуръонро метавон тафсир кард?
Таъбири ғояи он ки занон бояд ҳатман мӯйи сари худро пинҳон намоянд, аз тафсири нодурусти Қуръон бармеояд. Тибқи луғати арабӣ, «ҳиҷоб» калимаи арабӣ буда, маънояш «парда» ва ё «монеа» байни занҳову мардҳо аст. Он дар Қуръон дар ояти 33:53 омадааст, ки соли панҷуми ҳиҷрӣ, замони ба Мадина ҳиҷрат кардани паёмбар ва ҳангоми дар тӯй зиёд нишастани меҳмонон, иттифоқ афтод. Ояти мазкур тартибу одоби муносибат бо занони паёмбарро муқаррар мекунад:
«Муносибат бо меҳмонони тӯй бояд аз паси парда сурат гирад. Ин барои хушнуд сохтани дили шумо ва ҳам меҳмонон хуб аст». Бинобар ҳамин, «ҳиҷоб» дар ин ҷо ҳамчун парда дарҷ гардидааст. Дар Қуръон калимаи «ҳиҷоб» ҳамагӣ дар ҳашт ҷой ба маънои парда омадааст (7:46, 42:52, 17:45, 19:17, 33:53, 38:32, 41,83:15).
Ояти машҳур дар бораи ҳифзи рӯсарӣ ояти 33 : 59 аст. Он чунин аст: «Эй паёмбар, бигӯ ба занону духтарони худ ва ба занони муъминон, бигзор онҳо ба рӯйпӯш рӯй оранд. Ин беҳтар аст, чуноне ки онҳоро медонанд; Ба онҳо хатар эҷод накунанд. Худо бахшанда ва меҳрубон аст». Чуноне ки аз сарчашмаҳо бармеояд, рӯйпӯш, ки матои дароз аст, дар он замон маъмул буд. Ин оят занонро даъват менамояд, ки як намуди дигари либоси муқаррариро ба бар намоянд, на он ки ба либоспӯшии худ элементи нав ворид созанд.
Ҳукумати Арабистони Саудӣ ин оятро нодуруст тарҷума карда, талаб намудааст, ки занон ҳиҷоб ба сар бигиранд. Онҳо ин ҷаҳонро фақат бо «як чашм» нигаристаанд. Тарҷумаи ҳукумати Арабистон: «Эй паёмбар, бигӯ ба занону духтарони худ ва ба занони муъминон, бигзор онҳо қатъиян тамоми бадани худро пинҳон намоянд (танҳо чашмонашон кушода бошад, то ки роҳро бинанд). Ин беҳтар аст, чуноне ки онҳоро медонанд; Ба онҳо хатар эҷод накунанд. Худо бахшанда ва меҳрубон аст».
Агар шумо ин оятро аз зерматн нигаред, ҳамчунин аз нигоҳи муаррихони дини Ислом, ин оят дар Мадина нозил нашудааст, чунки паёмбар Муҳаммад аз Макка фирор карда буд. Ин оят ифодагари ҳифзи занони мусалмон аз таҷовузи ҷинсии идоранашаванда мебошад, зеро занон, махсусан ғуломзанон, дар кӯчаҳои Мадина мавриди таҳқир қарор мегирифтанд. Ҳоло қонунҳое дорем, ки ба ин ҳама номатлубиҳо монеъ мешаванд.
Ба ғайр аз ин, оид ба зарурати гирифтани рӯйпӯш дар ояти 24:31 сухан рафтааст: « Ва бигӯ ба (занон) имондорон, бигзор онҳо рӯи худро ҳифз намоянд, узвҳои бадани худро пинҳон намоянд ва ороишоти рӯйи худро намоиш надиҳанд, ба ҷуз онҳое, ки намоёнанд, бигзор ҷойҳои маҳрами худро бипӯшанд…».
Аз ин рӯ, лутфан, ба хотири «ҳамбастагӣ» бо дин рӯйпӯш ба рӯй нагиред. Беҳтар аст, ки ахлоқан пок рафтор намоем ва ба идеологияи талабгори пӯшонидани мӯйи сари занон зид бошем.
Сарчашма: inosmi.ru Тарҷумонҳо: Меҳрдод Қурбониён ва Номвар Қурбон