Ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи феврал то 1 сентябри соли равон озмуни ҷумҳуриявии драманависонро баргузор менамоед. Барои ғолиби ҷои якум – 10 ҳазор, ҷои дуюм – 8 ва ҷои сеюм 6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Тавре аз вазорат иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, ватандӯстӣ ва созандагию ободонӣ баргузор мегардад.
Ҳамчунин, озмун барои муаррифии анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ, муқовимат ба коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад.
Асарҳои пешниҳодшуда дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод гардида‚ бояд таҷассумгари дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ бошанд. Инчунин, асарҳои бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи касбӣ дошта бошанд.
Ф. АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»