Пешниҳод

Падари арӯс ва ҷабри ҷӯраҳои домод

№154 (4260) 24.12.2020

Сенздаҳ сол қабл бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Он, пеш аз ҳама, ба манфиати мардум, яъне таъмини баробарии иҷтимоӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст.

Гузашти айём нишон дод, ки қонуни зикршуда ба сокинони мамлакат манфиати зиёд овард. Чунончӣ, ҷашну маросим дар вақти муайян ва бо теъдоди ками иштирокчиён доир шуда, забҳи чорво кам гардид.

Ин ҳама боиси баландшавии сатҳи зиндагии мардум гардида, сокинони мамлакат тавонистанд, ки маблағи сарфашударо ба беҳбуди рӯзгор ва баландбардории сатҳи дониши фарзандонашон сарф намоянд. Мутаассифона, ҳанӯз шахсоне ҳастанд, ки аз худнамоию зоҳирпарастӣ даст накашидаанд.

Солҳои охир иддае аз ҷавонон ҳангоми ба хонаи арӯс ба маросими никоҳ рафтан ҳамсинфу ҳамкурсонро низ мебаранд, ки теъдодашон ба 20 — 30 нафар мерасад.

То қабули қонун ба ин маросим домод ҳамроҳи 3 — 4 дӯсту амаку тағо ва холаю аммааш мерафт, ки дар маҷмӯъ аз 10 кас зиёд намешуд. Аммо имрӯз ба ҷои кам шудани хароҷот падари арӯс маҷбур аст, ки 20-30 ҷӯраи домодро зиёфат диҳад. Агар домод ҷӯраҳояшро зиёфат доданӣ бошад, бигзор аз ҳисоби худаш диҳад. Ба гуфтаи Аттори Нишопурӣ: «Бори худ бар кас маяфкан, зинҳор».

Борҳо мушоҳида кардаем, ки соҳибхона (падари арӯс) барои 15 нафар дастархон омода кардааст. Вале домод бо 20 — 30 ҷӯра омада, ӯро дар хиҷолат мемонанд. Алалхусус дар хонаҳои баландошёна ҷой кардани ин миқдор меҳмон мушкил аст.

Хуб мешуд, ки дар шабакаҳои телевизионӣ ва радио вобаста ба пешгирии ин «падида» суҳбатҳо доир шавад.

С. АМИНИЁН, «Садои мардум»