Пайғоми бахти ҷовидон

№79 (4499) 25.06.2022

Ваҳдати миллӣ бузургтарин даст­оварди замони соҳибистиқлолӣ аст. Зеро чун давлати абарқудрати Сомониён 1100 сол пеш аз ин суқут кард, решаву бунёди миллат дар он даврон ба ларза омад ва ин фоҷиа аз лавҳи хотири миллат зудуда нагашт ва ба истиқлолият расидан орзуи ягонаи он буд.

Ин гавҳари гаронбаҳо баъди фурӯпошии давлати абрқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ бе инқилобу хунрезӣ, ҳамчун ҳадяи Худованд ба миллати тамаддун­офари мо насиб гардид. Ин дастоварди беназири таърихиро шоире бо мисраъҳои зерин бисёр воқеӣ тасвир намудааст.

Ин халқи бо фазлу фаҳим,

Аз раҳми Раҳмони Раҳим,

Вораст аз вобастагӣ,

Дарёфт роҳи мустақим.

Бе шарфаи тиру камон,

Дар кишвари амну амон,

Пайғоми бахти ҷовидон

Гӯё расид аз осмон.

Фархунда Истиқлол ёфт,

Ҳам болу ҳам иқбол ёфт.

Мутаассифона, ин дастоварди бузурги таърихӣ дар аввали бавуҷудоӣ ба нокомиву ноумедӣ дучор гардид. Ҳасудон, кӯрдилон чун каждум аз зери бӯрё сар бароварда, ошкору ниҳон ҳадафҳои нопокро амалӣ мекарданд.Тоҷиконро бо ҳар васила бар зидди ҳам мешӯрониданд, ки он ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Вобаста ба ин воқеияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр воқеъбинонаву асоснок гуфтаанд: «Қувваҳои давлатии дохиливу хориҷие, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро чашми дидан надоштанд ё худ мехостанд ин сарзамини пурганҷро таҳти нуфузи хеш гиранд, мардуми тоҷикро бар зидди ҳамдигар ангехта, ҷанги шаҳрвандиро бар дӯши он таҳмил намуданд». Онҳо қасд доштанд ҷанги хунин дар сарзамин мисли давлати ҳамсоя дурудароз давом кунад.

То замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ фикру зикр ва саъю талоши роҳбарияти давлат танҳо ба он равона гардида буд, ки халқи ҷафокашидаро аз парокандагӣ наҷот диҳанд. Он рӯзҳо бо талошҳои ҷоннисоронаи хеш Сарвари давлати тозаистиқлоли тоҷикон бо такя ба рӯҳи шикастнопазири халқи азизамон ба Ватани оташгирифта ҳаёти дубора бахшида, дари шоҳроҳи пешрафту ободӣ ва ояндаи некро барои ҳамватанон боз намуданд.

Хушбахтона, халқи тоҷик бо сарварӣ ва зери сиёсати оқилонаи фарзанди фарзонаву ваҳдатофараш Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу оромӣ расид. Арзиши ин корнамоии бемисл дар таърихи башар, воқеан, ба он баробар аст, ки Юсуф (а) бо неруи хирад мардуми Миср ва мамолики ҳамҷавори онро аз чанголи гуруснагӣ наҷот дод. Ин корномаи хирадмандона ба он мемонад, ки Куруши Кабир Бобулро бо неруи ақлу заковат фатҳ намуда, хуни касеро нарехт, молеро аз худ накард. Ваҳдатофарии Пешвои хирадманди миллати тоҷик ҳамсанги он аст, ки Исмоили Сомонӣ тамоми қаламрави худро муттаҳид сохт ва аз чанголи душманон озод намуд.

Боиси шукру сарафрозист, ки имсол мардуми шарафманди кишвари маҳбубамон 25 — умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳро таҷлил менамоянд. Дар баробари ободонию пешрафти диёр ба авзои мураккаби ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бояд бирасем. Ба хотири пойдориву устувории ваҳдати миллӣ таблиғи афкори хирадмандонаву башардӯстонаи ниёгонамон нашри маълумоти илмию адабӣ ва публитсистии пандомӯз, омӯзиши таърихи гузашта ва муосир, бахусус тарғиби рӯйдодҳои азими даврони соҳибистиқлолии кишварро дар миёни аҳолӣ бояд ба роҳ монд.

Бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ дар доираи сесолаи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бунёди ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва садҳо иншооти хурду бузург диққати оламиёнро ба кишвари мо рӯз то рӯз афзун менамояд. Солҳои охир Тоҷикис­тон ва пойтахти он шаҳри Душанбе яке аз мавзеъҳои беҳтарини сайёра эътироф шудааст. Ба ибораи дигар, диёри мо рӯз то рӯз шукуфон гардида, ҳар сол дар он ободкориҳои бемисл ба миён меоянд.

Муттаассифона, тараққиёти давлат ба бадхоҳони миллат хуш намеояд, ки гоҳо бо ҳар баҳона суботи кишвари моро ноором карданӣ мешаванд. Барои ин онҳо аз мағзшӯии як тоифа ҷавонони сустирода ва хурофотӣ истифода менамоянд.

Яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани ҷавонон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми диниро Пешвои миллат маҳз дар бесаводӣ мебинанд. Дар ин хусус Президенти кишвар ҳушдор медиҳанд: «Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан ҷавонону наврасони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд, боиси қафомонии давлат ва роҳи пешрафт мегарданд. Такроран таъкид месозам, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад».

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 1994 роҳи давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб намудаанд. Мутобиқи моддаи 8 — и Конститутсия, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф гардад.

Пас, ҳифзи арзишҳои миллӣ, алалхусус Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, вазифаи ҳар яки мост. Мо бояд ба наврасону ҷавонон аҳамияти ин ду дастовардро, ки барои мардуми дунё муқаддас ва олӣ мебошанд, талқин намоем.

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон