Пайкари фарруху фархундаи истиқлолем

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

Истиқлол ва озодӣ ду вожае, ки бо ҳам пайванди ҷовидон доранд. Истиқлол бе озодӣ маъно надораду озодӣ бе истиқлол. Ҷуброн Халил Ҷуброн мегӯяд: «Зиндагӣ бидуни озодӣ монанди бадани бидуни рӯҳ аст». Миллате ҳам, ки озодиву истиқлол надорад, мисли ҷисми беҷон аст. Мисли ҳамон мурғи хонагиест, ки бол дорад, аммо парвоз карда наметавонад.

Суқрот мегӯяд, ки барои пайдо кардани худ ба худатон фикр кунед. Агар ин андешаро дар сатҳи як миллат арзёбӣ кунем, эҳсос менамоем, ки танҳо миллати бедору огоҳ ва боҳувият ба камоли худ мерасад ва дар ин дунёи пур аз тазод ҷойгоҳ ва мақомашро пайдо месозад.

Гузаштагонамон ба ҳувияти хеш меандешиданд, бо фарҳангу тамаддуни хеш ифтихор мекарданд. Рустами таҳамтан барояшон рамзи тавоноӣ ва қудрат буд. Ҳеҷ паҳлавону размандаи миллати ғайрро бо ӯ баробар намекарданд.

Рустамҳо зиндаанд ва ҳатто барои нишон додани қудрату тавоноии миллати тоҷик аз зери хок ҳам қад алам мекунанд, ба мубориза мехезанд.

Ошо гуфтааст: «Озодии воқеӣ ҳамеша маънавӣ аст ва ин марбут ба дарунитарин бахши вуҷуди шумост, ки наметавон онро занҷир кард, дастбанд зад ё ба зиндон андохт». Дар тӯли асрҳо тоҷик озодии маънавии хешро ҳифз кардааст, ҳамон озодие, ки барои муҳоҷимон дастнорас буд, ҳамон озодие, ки ниёконамонро бо қувваи маърифат ба парвоз меовард ва онҳоро шикастнопазир мегардонд.

31 сол аст, ки мо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ ҳастем. Ин шумора аз назари замон хеле кам аст, вале ин муддати кӯтоҳ ба мо болу пар бахшид, бароямон дарси парвоз омӯхт.

Нависанда ва шоири англис Шарлот Брунто ҷое таъкид мекунад: «Ман паранда нестам ва ҳеҷ тӯре наметавонад маро ба дом бияндозад. Ман як инсони озод бо иродаи мустақил ҳастам». Оре, мо имрӯз инсони озод бо иродаи мустақил ҳастем. Роҳи моро истиқлолият ба сӯи фардо боз кардааст.

СУХАН АЗ БЕДОРИСТ

Адабиёт бузургтарин воситаи таъсиррасон ба рӯҳи инсон аст. Хусусан, шеър, ки мо тавассути он шодиву нишот, дарду ғам, меҳру ихлос, нафрату муҳаббати хешро баён месозем. Миллати мо бо шеър нафас мекашад, бо шеър сухан мегӯяд, шоирро дӯст медораду эҳтиром мекунад.

Шоирони мо дар даврони истиқлолият ба шеър пару боли тоза бахшиданд. Мафҳумҳои Ватан, озодӣ ва истиқлолият дар шеър хеле барҷаста шуданд. Агар ба мазмуну муҳтавои ашъори шоирони муосир назаре андозӣ, ба хубӣ эҳсос менамоӣ, ки се мафҳуми зикршуда ҳамдигарро пур мекунанд. Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло:

Сухан аз истиқлол – сухан аз бедорист!

Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст,

Ҳама борон шуда бар хушкии он рехтан аст!

Сухан аз истиқлол – сухан аз озодист!

Ҳама ҷо даст ба даст,

Ҳама ҷо китф ба китф,

Аз сари бухсу бало хестан аст,

Аз фиребу тамаъу макру риё хестан аст!

Чунки як-як ҳама мо

Пайкари фарруху фархундаи истиқлолем,

Худи мо бо ҳама тан

Парчами пирӯзӣ,

Парчами иқболем.

Шоир бори маънии истиқлолро дар ин шеър тафсир мекунад ва онро на танҳо ба бедориву озодӣ пайванд мезанад, балки ин суханро (истиқлолро) ба виҷдон, пораҳои дилу ҷигару ҷон баробар месозад. Шеъри шоир шиори хушк нест, балки каломест, ки бо қомати таманнои истиқлол сабз шудааст, рӯҳ гирифтааст, бол баровардааст:

Сухан аз истиқлол – сухан аз сохтан аст!

Чу сутунҳо ба бинои меҳан

Қомат афрохтан аст!

Қасрҳое, ки ба худ сохтаем бод обод!

Лек бояст кунун

Худамон қасри шуҷоат ва муҳаббат ва садоқат бошем,

Худамон қасри ҳунар, пайкари ҳиммат бошем.

Шеъри «Сухан аз Истиқлол»-и Камол Насрулло кохест, ки бо хиштҳои заррин сохта шудааст. Яъне, дар ин шеър ҳар як вожа як хишт аст, хиште шодоб аз ишқ ва меҳру бовар. Ба ибораи дигар, ҳар хишт як огоҳист, ки хонандаро бедор мекунад, ӯро бо моҳияти соҳибистиқлолӣ ошно месозад.

Ба бовари шоир, мо ба Истиқлолияти давлатӣ муфту арзон соҳиб нашудаем, балки асрҳо он бо хуни мо ҷорӣ гаштаву бо ёду ишқи он ҷабри таърихро кашидаем. Рӯҳи истиқлолхоҳии мо дар тамоми давру замонҳо моро тарк накардааст, балки ҳастии моро ҷон бахшидааст:

Ин туӣ, к-аз пайкару пайкори мо рӯидаӣ,

Ин туӣ, к-аз дидаи бедори мо рӯидаӣ.

Ин туӣ рӯида аз таърихи хунини Ватан,

Аз сари сангину аз тамкину аз кини Ватан.

Миллате, ки ба озодиву истиқлол расид, нафаси озод мекашад ва ба осоиш мерасад. Ин озодиву истиқлолу осоиш танҳо дар Ватан метавонад амалӣ шавад. Шоирон имрӯз Ватанро – Тоҷикис­тонро тавсиф мекунанд, меситоянд ва бо он ифтихор менамоянд. Ватане, ки дар шеъри шоирони муосир ситоиш мешавад, аз Ватане, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ буд, фарқ дорад. Ин Ватан соҳиби озодӣ ва истиқлол аст.

Ба қавли Давлати Раҳмониён:

Ай кӯҳи Ватан, ба туст рӯи суханам,

Ҷӯшида чу мумиё зи санги ту манам.

Бар фарқам агар тоҷи саодат биниҳанд,

Бинам, ки дар он лаъли ту набвад, фиканам.

Шоир худрову санги Ватанро яке медонад ва мисли мумиё аз он мерӯяд. Яъне, шираи санги Ватан, ки давои дардҳост шахси шоир аст. Дар кулл ҳар тоҷик дар оғӯши Ватан зиндагии мумиёӣ дорад. Шоир дар байти дигар месарояд:

Азбас сухани Ватан зи ҷонам хезад,

Ҷон аст, ки медамад ба ҷисми суханам.

Давлати Раҳмониён низ саршор аз ҳамин ишқ аст, аз ҳавои Ватан нафас мекашад ва саҷдагоҳаш низ дар ҳамин хоки пок аст.

Чун саҷдагаҳи ҳазор пуштам Ватан аст,

Н-афтад зи даҳан ҳадиси ҳуббулватанам.

Хулоса, дар ашъори шоирони мо Ватан маънии ишқу истиқлол ва озодиро дорад. Ин чаҳор вожаи муқаддасро намешавад аз ҳам ҷудо кард. Онҳо дар якҷоягӣ маънии ҳамдигарро пур мекунанд, сабз мешаванд ва болу пар мебароранд.

ВОРИС,

«Садои мардум»