Китоби нав

«Пайкари сабр»

№132 (4552) 28.10.2022

 Пайкари сабр 2Ин унвони маҷмӯаи нави шеър­ҳои шоир ва рӯзноманигор Ворис аст. Эҷодиёти ин ҳамкори муҳтарами мо пурҳикмат, саршор аз талқини одаму одамгарӣ ва худшиносист. Ворис орифона, олимона, оқилона мегӯяд. Дарки шинох­ти худ ва Офаридгор, маънии зиндагӣ, рисолати одамӣ аз ҷумлаи нукоти асосии эҷодиёташ аст. Вай, ки инсони некдил аст, навиштаҳояш низ самимию пурмаъноянд.

Зиндагонӣ нест осон зистан,

Омадан, монанди меҳмон зистан.

Зиндагонӣ сӯхтан, афрӯхтан,

Бо ҳазорон аҳду паймон  зистан…

Ворис (Урун Калонов) муаллифи маҷмӯаи шеърҳо ва очеркҳои «Рози бараҳнагӣ», «Ҷоми гӯё», «Дар чор фасли лаҳзаҳо», «Шишаи номус дар бағал» ва «Паланги қуллаҳои барфпӯш» мебошад. Ҳамзамон китоби «Тазкираи Ворис» бахшида ба 3000 — солагии Ҳисор дастраси хонандагон аст, ки дар бораи беш аз 150 шоири ҳавзаи адабии Ҳисор маълумот медиҳад.

Китоби «Пайкари сабр» — и шоир чанде пеш дар арафаи шастсолагиаш аз чоп баромад. Онро дарёфт кунед, вориди  уқёнуси  маънӣ шавед ва соҳиби дурру марҷон гардед.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»