Пайке аз мавсими нави кишоварзӣ

№14 (4910) 31.01.2025

FB_IMG_1642943139071Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ­- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси моҳияту ҳикмати баргузории ҷашни Сада чунин таъкид намуданд: «Маросиму оинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дарбаргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд. Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд. Яъне анъанаҳои ҳаётдӯс­тона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд».

Тавре ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Зафар Холмуродов зимни суҳбат гуфт: «Сада аз даврони қадим яке аз ҷашнҳои бошукӯҳу шаҳомати мардуми эронитабор ба шумор рафта, моҳияти онро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медод.

- Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Сада то даврони ҳамлаи муғул бо ҳамин ном таҷлил мешуд, аммо баъдан дар шакли сайру маросими зимистона байни мардуми кӯҳистон то миёнаҳои асри гузаш­та идома ёфт. Ниҳоят, ҷашни Сада дар асри XXI Ватану ҳомии худро пайдо намуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаҳои таҷлили ҷашнҳои суннатии ниёгонамон-Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада расман муайян шудаанд. Ҷашни Садаро мо акнун бо назардошти ғояҳои миллӣ ва манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ баргузор менамоем, — иброз намуд Зафар Холмуродов.

Ба қавли ӯ, Сада ҷашни кишоварзон ва муждарасони баҳору мавсими нави киштукор ба шумор меравад. Ниёкони мо пас аз ҷашнгирии Сада ба корҳои кишоварзию боғдорӣ шурӯъ мекарданд. Деҳқонон хокис­тари гулхани Садаро ба халтаҳо гирифта, бо орзую нияти баракату фаровонӣ ба заминҳои худ бурда мепошиданд. Боғдорон дар водиҳо ба шохчабурии дарахтон сар мекарданд. Тавре Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад».

Солҳои охир шоҳидем, ки таҷлили ҷашни Сада чун дигар ҷашнҳои бостонии миллатамон бо шукӯҳу шаҳомати бештар баргузор мегардад. Ба он на танҳо сокинони мамлакат, балки меҳмонони зиёде аз кишварҳои хориҷӣ низ мароқ зоҳир мекунанд. Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни қадимӣ намоиш ва фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ, тухмиҳои ҳар гуна зироат, васоили меҳнат ва техникаи марбут ба корҳои кишоварзию боғдорӣ, нуриҳои минералӣ, китобу дастурамалҳои ёвар барои корҳои деҳқонию боғбонӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагидорӣ, ихтироъ ва дастовардҳои тозаи олимони тоҷик ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳама, дар маҷмуъ, шуҳрату шукӯҳи Садаро меафзояд.

Ҳикмату фалсафаи эҳё ва таҷлили ҷашни Сада он аст, ки дар баробари арҷгузориву гиромидошти расму оини бостонӣ, инчунин, завқи наврасону ҷавононро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, пос доштани арзишҳои миллӣ ва риояи одоби муошират бештар мегардонад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»