Пайки соли нав

№163(4583) 30.12.2022

Соли нав шамшоди боғи мо чароғон мешавад,DSC_2148

Мурғи дил дар синаҳо масту ғазалхон мешавад.

 Ишқ меояд, ки гӯяд қиссаи Ширин зи нав,

Дасти ошиқ шона бар зулфи парешон мешавад.

 Соли нав гардунаи хуршед мечархад чунон,

Моҳи нав аз шарм андар сина пинҳон мешавад.

 Кӯҳи Помир дар ҷаҳон чун арчаи солинавӣ,

Аз шарор, аз меҳри поки мо фурӯзон мешавад.

 Паркашон Симурғ меорад паём аз каҳкашон,

Осмон аз меҳри инсонҳо нурафшон мешавад.

 Ҳам муҳаббат, ҳам садоқат, ҳам рафоқат дар ҷаҳон,

Чун ливои одамият партавафшон мешавад.

 Сулҳ меояд кабӯтарвор бар ҳар бому дар,

Зиндагӣ зебову поку ҳам гулафшон мешавад.

 Соли нав дар мезанад, сар мезанад бар хонаҳо,

Пайки доноию зебоию эҳсон мешавад.

 Соли нав моро ҷаҳони дигаре меоварад,

Рӯзи нав, рӯзии нав моро фаровон мешавад.

ВОРИС,

«Садои мардум»